“Радиои Озодӣ” “ЮТэйр”, як ширкати дигари ҳавопаймоии Русия бо мақомоти тоҷик барои анҷоми пар.возҳои чартерӣ миёни ду кишвар вориди музокирот шуда, мегӯяд, ки нархи билети парвозҳо аз 600 евро бештар хоҳад буд. Гуфта мешавад ҳамчунин 26-уми май ширкати “Уралские авиалинии” аз Душанбе ду парвоз ба шаҳрҳои Красноярск ва Екатеринбургро анҷом медиҳад, то сокинони ин манотиқи Русияро аз Тоҷикистон берун барад.
“Азия Плюс” , нафақагири Хуҷандӣ Нуӯмон Ҳасанов дастгоҳи нафасдиҳии сунъии худашро ихтироъ карда, бидуни сарфи маблағе онро дар се рӯз сохтааст. Дар ҳоле, ки дастгоҳи нафасдиҳӣ даҳҳо ҳазор доллар меистад. Нӯъмон Ҳасанов мӯътақид аст. ки дастгоҳи ӯ ҳеҷ камие аз дастгоҳҳои дар завод истеҳсолшуда надорад.
Рӯзи панҷшанбеи гузашта, 21 май ихтиёриёни “Азия-Плюс” аввалин кумаки башардӯстонаро ба Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода . Кумак аз 20 маҷмӯи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (либоси муҳофизатӣ, респиратор ва бахилҳо), ки бо 2030 сомонӣ маблағҳои хайрияи фиристодаи хонандагони мо харида шуд, иборат буд.
Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон “Ҷумҳурият” мақолаи Мудири кафедраи эпидемиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб Ниёз Одинаевро таҳти унвони “Коронавирус дар 15 дақиқа аз нурҳои ултрабунафш нобуд мешавад!” , ин олим даъво кардааст зери таъсири офтоби Тоҷикистон вируси коруно дар 15 дақиқа нобуд мешавад.
“Паём” Муовини раиси Нерӯгоҳи обию барқии Роғун Исҳоқ Гулҳусайнов, маъруф бо Ҳоҷи Исҳоқ аз COVID-19 даргузашт. Ҳоҷӣ Исҳоқ то расиданаш ба маснади муовинати раиси НОБ Роғун ба ҳайси раиси ҷамоъати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, раиси бахши экологияи ноҳия, муовини аввали раиси ноҳияи Қубодиён кор карда буд.
Пойгоҳи “Ислоҳ” дар Истаравшан табибон ва парасторони як беморхонаро дар саҳни ҳавлӣ ҷамъ оварда дар наздашон равғани растанӣ ва орд гузоштаанд. Аммо ҳамин ки наворбардор ва соҳибкори хайркарда аз саҳна дур шудаанд, бо дастури муовини раиси ноҳия хонум Аслонова тамоми кӯмакҳоро аз даст ва назди табибон гирифта бурдаанд.
“Спутник” дар ноҳияи Ашт, то имрӯз 55 ҳодисаи сирояти бемории “илтиҳоби шуш” расман ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 35 нафар шифо ёфта, 2 нафар даргузаштаанд. Айни ҳол 18 нафар дар бемористон таҳти тадовии табибони ноҳия қарор доранд. Ин рақамҳо зимни баргузории ҷаласаи Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID-19 аз сӯи масъулин ироа шудааст.
“Радиои Озодӣ” дар ҳоле ки, мақомоти ҷумҳуриявӣ, шаҳру вилоятҳо дар Тоҷикистон аз харҷи маблағҳои хайрия ба мардум гузориш намедиҳанд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин миён истисност. Ёдгор Файзов, раиси вилоят қариб ҳар шом тавассути телевизиони «Бадахшон» аз чӣ гуна харҷ шудани маблағҳои хайрия худаш гузориш медиҳад.
“Азия Плюс” бо истинод ба агентии омор , дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби 43 кишвар ба маблағи 7 миллиону 787 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона расонида шудааст. Сеяки ин кӯмакҳо ба ҳамсоякишвари Ӯзбекситон рост меояд, ки ҳаҷми кӯмаки ин кишвар ба Тоҷикистон ҳудуди 2,5 миллион доллар гуфта мешавад.
“Паём” даҳҳо нома дарёфт кардааст, ки сокинонро чанд сохтор бо баҳонаҳои ночиз ва аксари вақт тӯҳмат ҷарима мекунанд. Сокинон, ба хусус соҳибкорони хурду миёна аз афзоиши бесобиқаи ҷаримаҳо дар Тоҷикистон дар ду ҳафтаи охир хабар додаанд. Паём се номае, ки якеро корманди шӯъбаи Вазорати дохила дуввумиро як корманди Кумитаи андоз ва саввумиро як соҳибкор навиштаанд нашр кардааст.
Тамоми тими ягона рӯзномаи мустақил дар Хатлон «Пайк»-ро табибон коронавирус ташхис доданд. Ҳама кормандони аз 21 то 24 сола аз ташхиси рентгенӣ гузаштаанду мутахассиси бемориҳои сироятӣ гуфтааст, ҳама гирифтори коронавирусанд. Дар ин юбоар рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ .
“Спутник” дар Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, ҳудуди 100 автобус барои сокинон хизмат мерасонд, вале як ҳафта ба ин тараф ҳаракати ин автобусҳо қатъ шудааст. Масъулин мегуянд, дастури манъи фаъолияти автобусҳо муваққатӣ буда, дар ҳоли коҳиш ёфтани шиддати бемории вируси корона ва гаштугузори зиёди одамон, ҳаракати онҳо дубора барқарор хоҳад шуд.
“Радиои Озодӣ” сирояти коронавирус миёни омӯзгорони тоҷик ва хабари марги чанде аз онҳо бар асари бемории COVID-19 нигарониҳоеро аз шеваи чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ дар донишгоҳҳо, ба миён гузоштааст. Бархе аз омӯзгорон мегӯянд, дар пайи эътирофи сирояти коронавирус дар кишвар шогирдон бо таъхир ба таътил фиристода шуданд ва худи онҳо то ҳол аз сӯи раёсати донишгоҳ ба кор даъват мешаванд.
“Азия Плюс” аз иқдоми хайрхоҳонаи ду зан дар шаҳри Хуҷанд . Онҳо аз ҳисоби худ ва кӯмакҳои шиносҳояшон барои табибон либосҳои муҳофизатӣ медӯзанд. Таъкид мешавад, ки то ҳол ду дугонаи хуҷандӣ беш аз 50 либоси муҳофизатӣ дӯхта ба беморхонаҳо тақдим кардаанд.
Эстафетаи талаби истеъфо аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки пойгоҳи “Ислоҳ” роҳандозӣ кардааст, . Дар ин эстафета, ки мудири “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин шурӯъ кардааст, аллакай даҳҳо нафар ширкат кардаанд. Фаъолон навореро бо талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмон сабт карда ба “Ислоҳ” мефиристанд ва пойгоҳ онҳоро ҷамъоварӣ ва .
“Ахбор” Мирзо Тоҳиров, устоди собиқадори фанни забони арабӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 21 май вафот кард. Ба гуфтаи наздиконаш, устод чанд рӯз аз бемории илтиҳоби шуш ранҷ мекашид. Ӯро рӯзи 21 май ба бемористон бурда, ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ (ИВЛ) пайваст карданд, вале Мирзо Тоҳиров баъди чанд дақиқаи пайвастан ба ИВЛ ҷон дод.
“Спутник” Вазорати маорифи Тоҷикистон устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилотро вазифадор кардааст, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат гиранд
Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 201 нафари дигарро бо аломатҳои бемории СОVID-19 сабт кардааст ва теъдоди гирифторон ба коронавируси нав то шоми 22-уми май ба 2551 нафар расид. Ба гуфтаи вазорат ягон нафари дигар бар асари беморӣ нафавтида, COVID-19 дар умум сабаби марги 44 нафар дар Тоҷикистон шудааст.
Сообщение ПАЁМ.net.