Террори равониву молии мардум аз тарафи Кумитаи андоз идома дорад
Кумитаи андози Тоҷикистон новобаста аз шуйӯъи саросарии вируси коруно ва гирифтории шадиди иқтисодии мардум, ба террори моливу равонии мардуми кишвар идома медиҳад. Паём даҳҳо нома аз хонандагонаш дарёфт мекунад, ки хабар медиҳанд ниҳоди зертобеъи Нусратулло Давлатзода охирин тинҳои мардумро бо баҳонаи андозу ҷарима ситонида истодааст.
Талаби пешпардохти андозҳо, аз ҷумла андози замин саросарӣ буда, мардуми зиёдеро паси дарҳои шуъбаҳои Кумитаи андоз ҷамъ кардааст. Дар ин бора хонандагон аз навоҳии Ваҳдат, Ҳисор ва Рғдакӣ хабар медиҳанд. “Мардуми зиёд дар навбат аст, касе фосиларо риоя намекунад. Ҳама мехоҳанд тезтар корашонро буд карда ба хонаашон раванд. Агар як нафар бемор бошад, ҳамаро сироят кард” — менависад хонанда аз Ваҳдат.
Хонандаи дигар аз ноҳияи Ҳисор менависад бинобар гирифторӣ ба вируси коруно натавонистааст имсол заминашро кишт кунад, аммо дар кумитаи андоз гуфтаанд кишт накардани замин наметавонад сабаби напардохтани андоз бошад. Ӯ мегӯяд бори чандум аст, ки аз шӯъбаи андоз дар ноҳия мактубҳои бе имзову мӯҳр дарёфт мекунад, ки ба ҷарима таҳдид мекунанд.
Фишори ниҳоди зертобеъи Нусратулло Давлатзода ба мардум дар ҳоле афзоиш мегирад, ки худи раиси Кумитаи андозу хонаводааш чандин корхона дар пойтахти кишвар, вилояти Хатлон, бахусус ноҳияи Темурмалик дорад ва аксари ин корхонаҳо ё аз андозбандӣ озоданд ё андози ночиз .
Ҳамчунин дар , ки чанде қабл гурӯҳи соҳибкорон ба раисҷумҳур навишта буданд, қисмате аз усулҳои ғорати буҷа аз ҷониби тими Давлатзода ифшо шуда буд. Онҳо гуфта буданд “на камтар аз чанд буҷаи дигари Тоҷикистон дар Кумитаи андоз обулой мешавад ва ба ҷайби як ҳалқаи хурди атрофиёни раиси ин Кумита Нусратулло Давлатзода мерезад”. Ин ҳалқаи наздикони раиси Кумита ҳамагӣ 6 нафаранд, вале инак 11 сол боз, аз замоне ки Давлатзода ба роҳбарии Кумитаи андоз расид, хуни соҳибкоронро асосан ҳамин 6 нафар
Як хонуми соҳибкор аз ноҳияи Вахш ба мо навиштааст, ки дар хона ду пайвандаш, модар ва апааш ба бемории COVID-19 гирифтор шуда, дар дами марг ҳастанд. Дар ҳамин ҳол аз идораи андоз занг зада гуфтаанд, ки андози худро барои соли 2020 бисупорад. Бар заммми ин аз Бонк занг зада гуфтаанд, қарзи барои фаолияти соҳибкорӣ дар моҳи январ гирифтаашро пардохт кунад, вагарна, моликияти дар гарав мондаашро бонк аз худ мекунад. Ин хонуми соҳибкор мегӯяд, агар мо давлату ҳукумат дошта бошем, чаро дар ҳамин шабу рӯз ҳамин мушкилиҳои мардумро барои сабук кардан кушиш намекунад ва баракс ҷони мардумро дар азоб мегузорад. Агар ҳукумату давлат дар ҳамин рӯзҳои сахт дастгирӣ накунад, пас ҳукумат чи даркор.
Ба ҳамин монанд террори равониву молии андозсупорандагон дар тамоми кишвар идома дорад. Қаблан Паём дар бораи чунин бархӯрд дар навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд хабар дода буд.
Дар ҳамин ҳол дар шабакаи Авааз муроҷиатномае нашр шуд, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон эълони “таътилҳои қарзӣ”-ро дархост мекунанд.
Гуфта мешавад, бисёре аз шаҳрвандон бо пасандозҳои охирини худ қарзҳои моҳи апрелро пардохта, дигар наметавонанд қарз пардохт кунанд.
Дар и оммавӣ қайд мешавад, ки “ҳар як оила дар Тоҷикистон ба зарар ва маҳрумиятҳои зиёде дучор шудааст”, зеро “ҳар кадоме аз ин ё бонк қарздор ҳастанд”.
Муаллифони муроҷиатнома таъкид месозанд, ки то пайдоиши коронавируси нав “саривақту аз рӯйи виҷдон қарзҳои худро пардохт мекарданд, лекин имрӯз ба ин қодир нестанд”.
Дар муроҷиатнома омадааст, “дар шартнома бо бонкҳо банде ҳаст, ки дар он ҳолати ғайримунтазира (фавқулода) зикр шуда, дар он бонкҳо бояд шароити мизоҷро ба инобат гиранд, лекин бонкҳо эътирофи пандемияро ҳамчун ҳолати ғайримунтазира рад мекунанд”.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки бисёре аз шаҳрвандон бо пасандозҳои охирини худ қарзҳои моҳи апрелро пардохта, ҳозир қобилияти пардохт надоранд.
Муроҷиаткунандагон таъкид кардаанд, “рӯзгори фарзандону оила ва дастгирии волидони пиронсоламонро бо душворӣ таъмин карда истодаем. Наздикону хешовандон аз Русия пул намефиристанд, чунки дар он ҷо бекоранд”.
Дар ин робита онҳо аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дархост намудаанд, ки дар ҳалли ин вазъи душвор мусоидат кунад.
Сообщение ПАЁМ.net.