11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Фирори муҳочирон аз пулиси рус дар Маскав

Корбарони Паём навореро аз Маскав фиристоданд, ки дида мешавад чӣ гуна муҳоҷирон аз пулиси Маскав фирор мекунанд.

Гуфта мешавад пулис барои тафтиши маркази савдои Фут-Сити омадааст ва муҳоҷирон аз тафтиш фирор мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо судури як аз ҷониби раисҷумҳури Русия қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд дар ин кишвар, бинобар густариши бемории ҳамагири COVID-19, cабук шуда буд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 18-уми апрел фармонеро имзо карда буд, ки дар он гуфта мешуд, муҳлати будубоши муваққат ва сабтиноми муҳоҷирон (регистратсия) аз 15-уми март то 15-уми июн боздошта шавад.

Ҳамчунон, Русия иҷозат дод, дар ин муддат муҳоҷирон бе патент кор кунанд. Ин қонун ба корхона ва ширкатҳои Русия ҳақ медиҳад, ки муҳоҷиронро бе патент ба кор бигиранд.

Пештар фаъолону ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон аз ҳукумати Русия хоста буданд, ки пардохти пули патенти муҳоҷиронро муваққатан боздорад. Худи муҳоҷирон низ мегуфтанд, дар шароити коронавирус бекору бепул мондаанд ва имкони пардохти пули патентро надоранд.

Нархи якмоҳаи иҷозаи кори муҳоҷирон дар ҳар шаҳру минтақаи Русия гуногун аст ва аз 3 ҳазор то 10 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Ба ҳисоби созмонҳои байналмилалии молӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули интиқолии муҳоҷирон аст.

Соли 2019 муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон наздики 2 миллиарду 600 миллион доллар фиристодаанд, ки ба 33 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Аз ҳоло пешбинӣ мешавад, шароите ки коронавирус ба вуҷуд овардааст, ба даромади муҳоҷирон дар Русия зарбаи сахте хоҳад зад ва паёмадашро хонаводаҳо дар Тоҷикистон низ эҳсос хоҳанд кард.

Тақрибан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Бахши асосии онҳо муҳоҷири мавсимиянд ва бештар дар сохтмонҳо кор мекунанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *