Субҳи имрӯз Толибон фармоне мансуб ба Ҳайбатуллаҳ Охундзода раҳбари ин гурӯҳро нашр кард, ки дар он эълом шуда бино ба фармони раҳбари Толибон аз ин баъд кишт, тавлид, харид ва фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистон мамнӯъ аст ва бо мутахаллифон бар асоси “шариати исломӣ” бархӯрд хоҳад шуд.
Дар фармони раҳбари Толибон омадааст, ки “аз таърихи судури ин фармон кишти кукнор (хашхош) дар тамоми кишвар ба таври комил мамнӯъ аст ва ҳеҷ касе пас аз ин наметавонад барои кишти ин гиёҳ талош намояд.”
Ҳамчунин гуфта шуда касе, ки пас аз ин хашхош бикорад “кишти ӯ аз байн бурда мешавад ва бо мутахаллифин бар асоси шариати исломӣ бархӯрд сурат мегирад.”
Раҳбари Толибон ҳамчунин масраф, харид ва фурӯши анвоъи маводи мухаддир ва маводи алкулиро дар саросари Афғонистон низ манъ кардааст.
Бар асоси охирин омори вазорати беҳдошти Афғонистон, дар соли гузашта, пеш аз ба қудрат расидани Толибон, шумори мӯътодон дар ин кишвар ба 2.5 миллион нафар мерасад, ки наздик ба 850 ҳазори он занон ҳастанд.
Дар фармони дирӯз Толибон ҳамчунин омада, ки “истеъмол, интиқол, хариду фурӯш, тиҷорат, воридоту содирот ва корхонаҳои тавлиди ҳар гуна маводи нашъаовар масалан шароб, героин, шиша, тоблият (қурсҳои равонгардон) , чарс (ҳашиш) вағира, ба гунаи ҷиддӣ мамнуъ аст.”
Аз ниҳодҳои адлӣ ва қазоии Толибон хоста шуда, ки мутахаллифонро “таъқиб ва муҷозот” кунанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ки матни фармонро мунташир кардааст, дар бораи фармони ҷадиди раҳбари Толибон ба хабарнигорон гуфт: “Бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ (дар ин замина) ҳарф задем ва тамосҳо идома дорад.”
Ӯ афзуд, ки “далели рӯ овардани кишоварзони мо ба кишти маводи мухаддир заъфи иқтисодӣ аст, бояд ба онҳо кӯмак кунем то маҳсулоти ҷойгузин кушт кунанд. Дар ин бора бо намояндагони ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳарф задаем”.
Ба гуфтаи Муҷоҳид ҷомеъаи ҷаҳонӣ ваъдаи ҳамкорӣ бо Толибон дар заминаи кӯмак ба кишоварзон ва кишти ҷойгузин тарёк додаанд. Ў таъкид кард, ки “то фароҳам шудани шароити кишти маҳсулоти ҷойгузин, дар робита бо зиндагии кишоварзон набояд сахтгирӣ кунем”.
Дар ҳамин ҳол, пештар, Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини идории нахуствазири Толибон низ хостори кӯмаки кишварҳои исломӣ барои “кишти ҷойгузин хашхош” шуда буд. Ў ин мавзӯъро дар дидор бо намояндаи вижаи Созмони ҳамкории исломӣ матраҳ кардааст.
Дар даври аввал, ки Толибон бар Афғонистон ҳоким шуд низ раҳбари Толибон кишти хашхошро манъ кард, ки ба коҳиши чашмгири тавлиди тарёк дар ин кишвар анҷомид.
Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими муртабити Созмони милали муттаҳид (UNODC) дар соли 2001 тайи гузорише аз коҳиши 91 дарсадbи кишти хашхош дар Афғонистон хабар дода буд.
Як кишоварзи афғон ба Би Би Си гуфтааст, ки “порсол қимати тарёк нисбат ба имсол арзонтар буд ва умедворем, ки имсол қиматҳо болотар биравад. Далел ин, ки кишоварзон ба кишти тарёк рӯ меоварданд бекорӣ аст ва мардум кори дигаре надоранд. Ҳамчунин, суди ин маҳсул барои кишоварзон нисбат ба маҳсулоти дигар бештар аст”.
Бархе нозирон гуфтаанд, ки раҳбарони Толибон бо эъломи манъи кишт ва қочоқи тарёк дар Афғонистон нигоҳе ҳам ба кумакҳои молии кишварҳои ғарбӣ доранд.
Аз соли 2002 ба ин су, кишт ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон пайваста дар ҳол афзоиш будааст
Бар асос тахминҳои Созмони милал ва вазорати мубориза бо маводи мухаддири давлати Афғонистон дусад ҳазор гектар замин дар ин кишвар зери кишти тарёк будааст.
Ҳудуди 71 ҳазор гектар замин дар соли 1994 дар Афғонистон зери кишт буд ва дар соли 1996, ки гурӯҳи Толибон ба қудрат расид, ин рақам ба 57 ҳазор коҳиш ёфт ва дар замон фурӯпошии режими ин гурӯҳ дар соли 2001, танҳо фақат ҳашт ҳазор гектар замин кишт мешуд.
Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи тарёк дар ҷаҳон аст ва дар ду даҳаи ахир ҳар сол мизони кишти хашхош рӯ ба афзоиш будааст. Аз соли 2002 ба ин сӯ, кишт ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон пайваста дар ҳоли афзоиш будааст.
Бар асоси гузориши тозаи дафтари ҷароим ва маводи мухаддири Созмони милал ва вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, бештарин миқдори маводи мухаддири Афғонистон дар се вилоят Қандаҳор, Ҳилманд ва Зобул дар ҷануби ин кишвар тавлид мешавад.