Рубрики Хабарҳо

Эътироз ба вазир: “ягон намуди доруворӣ бепул нест!”

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик, ки тоза аз гирифторӣ ба вируси коруно сар дароварда, дар эътироз ба вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода навиштааст, ки ҳеҷ доруворие барои табобати COVID-19 бепул дода намешавад. 

Бо ишора ба мусоҳибаи вазири тандурустӣ бо “Ховар”, журналисти тоҷик дар саҳиаи фейсбукии худ менависад  “гапро ба дарозо намекашам, чаро ки гирифтори бемории илтиҳоби шуши ду тарафа гаштаам ки додари Ковид-19 аст. Баъди рухсат аз беморхона бемадориро ҳанӯз дар худ хис мекунам. Ройгон нест, ягон намуди дорувори!!! 

Раҳмонов таъкид кардааст: “Ман дар беморхонаи машҳур бо номи «Қараболо» дар корпуси 4 ошёнаи 1 шӯьбаи шикастабандӣ табобат гирифтам. Ҳатто дар қабулгоҳ барои «история болезни» пурк ардан пул гирифтанд.10 сомонӣ! Аз спирт то пахтаро мехаред. Ба «бахти» мардуми бемор бозори доруфурушон гул кардааст. Нархи дорухо хело гарон аст.” 

Ӯ гуфтааст “бо як -ду рейди сарсарӣ кори «хирс» тамом намешавад. Барои сиҳатиам 4,5-5 хазор сомонӣ сарф шуд! Шукр ки шифо ёфтам”. 

Дар идома журналисти тоҷик менависад: Ин муҳим аст. Инсон азоби руҳӣ мекашад, вақте дар амал дигар корро мебинаду дар сухан дигар гапро мешунавад. Танҳо палата ва кат бепул аст! Ман аз 12 то 20 май табобат гирифтам. Пневманияи ду тарафаи шуш. Вирус 50% -и шушхои маро фаро гирифа буд бо ташхиси КТ. То ин 12-руз дар хона табобат гирифтам, албатта таҳти муоинаи табибон Аз сабабе ки беморҳои вазнину миёна ҳама дар як палата буд, каме беҳтар шуда хоҳиш кардам, ки маро чавоб диҳанд. Ҳам даври бӯҳронии ин бемориро паси сар карда будам. 

Раҳмонов навиштааст “моро аслан травмотологҳо ва е осебшиносон ба табобат фаро гирифта буданд. Аз руи як шаблон табобат мекарданд. Ба ҳар ҳол ташаккур мекунам аз ҳамаи онҳо барои хизматҳои шабонарузиашон, гарчи вазифаи ҷониашонро ичро кардаанд. Вале хизмати ҳамшираҳои шафқатро набояд нодида гирифт. Гумонам беморон сахт ниёз ба асабшиносу пулмонолог ва вирусологҳо доранд. Ин камбуди дар беморхонахо сахт ба назар мерасад! 

Ӯ дубора таъкид кардааст, ки “то муддате ман дар беморхона будам маводҳои доруворӣ ҳама пулакӣ буд! Шояд ҳозир ягон намуди дору ва сузандору бепул бошад, вале на ҳамаш бепул аст!” 

“Мардум ҳам тарики телевизионҳои кишвар дид ҳамаро, гарчи ба шафофияти тақсими он шак доранд. Мӯҳтарам вазир, сардухтурони беморхонахо ва сардорони шӯьбаҳоро зери назорати қатъӣ бояд гирифт, то маводои расидаро бе камбудӣ барои беморон сарф кунанд. Дар охир хеле содда ва мардумӣ карда мегӯям, ҳар касе агар дар ҳамин шабу руз ҳаққи ҳалоли мардуми бемору сахт ниёзманд ба табобатро мехӯрад заҳраш бод!” — навиштааст хабарнигор. 

Ва дар охир таъкид кардааст “вокеъан ду маротиба ду донагӣ ниқоб ройгон доданд. Дар ҳоҷатхона ҳатто собуни моеь набуд”…

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *