Дар рӯйхати «Арзонтарин шаҳрҳо барои мутахассисони хориҷӣ» се пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шуданд.
Ба раддабандие, ки таҳти сарлавҳаи “Cost of Living City Ranking” тартиб дода шудааст шаҳрҳои Тошканд, Душанбе ва Бишкек низ шомил шудаанд.
Рӯйхат ҳамагӣ 227 шаҳрро дар бар мегирад, ки аз гаронтаринҳо то арзонтаринҳо ҷойгир шудаанд.
Барои зиндагии сайёҳон Ҳонконг гаронтарин шаҳр ва Анкара арзонтарин шаҳр дониста шудаанд.
Ба даҳгонаи арзонтарин шаҳрҳо ҳамчунин Алҷазоир, Тунис, Истанбул, Карочӣ, Исломобод, Алмаато (219), Тошканд (221), Душанбе (225) ва Бишкек (226) шомил шуданд.
Ба даҳгонаи гаронтаринҳо аз рӯи нарх дар як вақт чаҳор шаҳри Суйис дохил шуданд: Тсюрих, Женева, Базел ва Берн. Ҳонконг бошад аз ҳама гаронтарин шаҳри ҷаҳон барои хориҷиён эътироф шуд. Ба даҳгонаи гаронтаринҳо инчунин Тель-Авив, Ню Йорк, Сингапур, Токио ва Пекин дохиланд.