Комиссияи таҳқиқи Созмони милал дар бораи ҷанги Укроин иттиҳомҳои сангине алайҳи Русия, аз ҷумла истифодаи қатлу шиканҷа матраҳ кардааст. Ба гузориши ин комиссия нерӯҳои русӣ пас аз таҷовуз ба хоки Укроин ҷиноятҳои ҷангии зиёе содир кардаанд.
Комиссияе, ки бо ҳимояти Созмони милали муттаҳид ба таҳқиқ дар бораи ҷанги Укроин пардохтааст, рӯзи панҷшанбе, 16 моҳи март гузориши худро дар мақари ин Созмон дар Женева мунташир кард.
Ба гузориши хабаргузории Олмон, Эрик Муз, раиси ин комиссия ва ҳамкоронаш дар ин гузориш феҳристе аз иқдомоти низомиёни русӣ дар Укроин ироа кардаанд, ки шомили мавридҳои мисли ҳамла ба ғайринизомиён ва зерсохтҳои ғайринизомӣ, қатли амдӣ ва боздошти ғайриқонунӣ мешавад.
Ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни русӣ ба хоки Укроин 24 феврали 2022 ба фармони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия оғоз шуд ва ҳамчунон бо шиддат идома дорад.
Қатл, шиканҷа, таҷовуз ва хушунати ҷинсӣ
Дар гузориши комиссияи Созмони милал сарбозони русӣ ҳамчунин ба таҷовуз ва навъҳои дигари хушунати ҷинсӣ алайҳи шаҳрвандони Укроин муттаҳам шудаанд, ки пеш аз ин низ гузоришҳои фаровоне дар бораи он мунташир шудааст.
Низомиёни русӣ борҳо низ ба кӯчонидани иҷбории шаҳрвандони укроинӣ ва рабудани кӯдакон муттаҳам шудаанд, ки гузориши Созмони милал онро таъйид мекунад.
Давлати Укроин мегӯяд то моҳи феврали соли ҷорӣ дасти кам 16 ҳазор кӯдак аз Укроин ба Русия ё манотиқи таҳти контроли он мунтақил шудаанд.
Комиссияи таҳқиқ, ки аъзои он тавассути Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал интихоб шудаанд, мегӯяд қодир ба таъйиди омори кӯдакони укроинии рабудашуда нест, аммо шавоҳиде вуҷуд дорад, ки Русия онҳоро дар ихтиёри марказҳои нигаҳдории кӯдакон ё хонаводаҳо қарор дода ва ба онҳо шаҳрвандии русӣ додааст.
Путин фармоне имзо кардааст, ки ба тибқи он додани шаҳрвандии Русия ба кӯдакон осон шудааст. Яке аз мавридҳое, ки гузоришгарони Созмони милал мустанад кардаанд интиқоли иҷбории 164 кӯдак ва навҷавони байни чаҳор то 18 сол аз манотиқи Донетск, Херсон ва Харков аст.
Комиссияи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал тавсия мекунад тамоми мавридҳои ҷиноятҳои ҷангӣ бояд мустанд шавад, то омилони он посухгӯи иқдомоти худ шаванд.
Ба ин манзур феҳристе аз афроди гумонбар ба ҷиноятҳои ҷангии танзимшуда дар ихтиёри Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони милал қарор мегирад. Қурбониён ҳақ доранд аз ҳақиқат огоҳ шаванд ва дархости дарёфти ғаромат кунанд.
Комиссияи Созмони милал бар ин бовар аст, ки ҳамлаҳои Русия ба таъсисоти таъмини энержии Укроин, ки аз тирамоҳ оғоз шуд, метавонад ба унвони ҷиноят алайҳи башарият арзёбӣ шавад.
Укроин мегӯяд Русия дар ҳамла ба зерсохтҳои ғайринизомии ин кишвар аз паҳподҳои интиҳории сохти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хусус паҳподҳои Шоҳид-136 истифода мекунад.
Ҳамла ба таъсисоти ғайринизомии Укроин борҳо ба қатъи барқ ва гази миллионҳо шаҳрванди Укроин, ба хусус дар сармои шадиди тирамоҳу замистон мунҷар шудааст.
Дар гузориши комиссияи ёдшуда омадааст, ки Русия борҳо манотиқи маскунии Укроинро бо муҳиммоти инфиҷорӣ ҳадаф қарор дода ва ба хисорату ранҷе, ки ба шаҳрвандони ғайринизомӣ расидааст, бетаваҷҷӯҳӣ кардааст.
Тими таҳқиқи Созмони милал мавридҳое аз ҷиноятҳои ҷангӣ тавассути нерӯҳои укроиниро низ сабт карда ва мегӯянд дасти кам дар ду маврид шавоҳиде далолаткунанда бар шиканҷаву қатли сарбозони русӣ вуҷуд дорад.
Ин тим гуфта барои гузориши худ аз 65 шаҳр, шаҳрак ва русто боздид карда ва ба баррасии гӯрҳо, боздоштгоҳ, манотиқи тахрибшуда ва боқимондаи таҷҳизоти ҷангӣ пардохтааст.
Муҳаққиқони Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал барои танзими гузориши худ бо ҳудуди 600 нафар гуфтугӯ карда ва аснод, аксҳо, тасовири моҳвораӣ ва видеоҳои бисёреро баррасӣ кардаанд.