Кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ки заҳролудшавии Навалний онҳоро водор мекунад, ки алайҳи Русия тадбирҳо андешанд.
Баъд аз он, ки Олмон гуфт, мунтақиди сахти сиёсатҳои ҳукумати Русия Алексей Навалний бо заҳри навъи “новичок” заҳролуд шудааст, ҳукуматҳои ғарбӣ дар фикри тадбирҳои муштарак алайҳи Русия шуданд.
Рӯзи 2 сентябр садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки Берлин шариконаш дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро огоҳ кард, ки дар ин заминаи «вокуниши муносиб ва муштарак» рӯи даст гирифта хоҳад шуд. Меркел гуфт, «Навалний қурбонии ҷиноят шудааст. Ӯро бояд хомӯш мекарданд ва ман инро аз номи ҳукумати Олмон ба ҳар шакл ба шиддат маҳкум мекунам».
Аз ин пеш ҳукумати Олмон гуфт, ки санҷишҳои вижа дар як озмоишгоҳи низомии олмонӣ анҷомшуда нишон дод, ки бидуни шубҳа дар хуни Навалний заҳре вуҷуд дорад, ки аз гурӯҳи заҳрҳои “Новичок” мебошад.
«Новичок» аз ҷумлаи маводҳои заҳрогине аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ тавлид мешуд ва таҳқиқоти ҳукумати Бритониё дар соли 2018 нишон дод, ки як ҷосуси пешини рус ва духтараш дар он кишвар бо он заҳролуд шудаанд. Коршиносони ғарбӣ мегӯянд, ин мавод фақат дар Русия тавлид шудааст.
Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми сентябр дар як нишасти матбуотӣ дар Берлин гуфт, «мо инчунин Созмони манъи силоҳҳои кимиёиро дар Гаага дар бораи натиҷаҳои озмоишҳои токсикологӣ огоҳ мекунем, чун Созиши силоҳҳои кимиёӣ истифодаи ҳама гуна аслиҳаи кимиёиро манъ мекунад».
Ёдовар мешавем, ки Навалний рӯзи 20 июл дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо маҷбур шуд дар шаҳри Омск фуруд ояд. Баъди ду рӯзи бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳаллӣ Навалнийро ба Олмон интиқол доданд ва табибони беморхонаи “Шерите” баъди чанд рӯзаш гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-солаи рус заҳролуд шудааст.
Ҳоло Алексей Навалний дар ҳолати кома ё беҳушии маснӯӣ буда, мавриди муолиҷа қарор дорад. Тарафдорони Навалний гуфтанд, ки ӯро қасдан заҳролуд карданд ва дар пушти ин ҳодиса Кремл истодааст. Вале ҳукумати Русия ин иттиҳомро радд мекунад.