Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ дар бораи бурду бохти дусолаи ПМТ

Суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамоиши онлайнӣ бахшида ба солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ва таъсиси Паймони Миллӣ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Пеш аз ҳама якояки Шумо ва миллати азизамонро ба фарорасии Рӯзи Истиқлол ва 2- юмин солгарди таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон табрик менамоям.

Инак аз Истиқлоли давлатии мо 29  ва аз таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) 2 сол сипарӣ мегардад ва ба ҳам омадани ин ду таърих тасодуфӣ нест.  Мо, муасссиони ПМТ метавонистем таърихи дигареро интихоб намоем, мисле, ки бархе аз сиёсатмадорон рӯзи таваллуди худ ё ягон санаи барои худ муҳимро барои оғози тарҳҳои сиёсӣ ва ё давлатӣ интихоб мекунанд. Интихоби 9 сентяр барои таъсиси ПМТ чанд паём ва рамз дорад.

Паёми аввалаш ин аст, ки таъмини истиқлолияти воқеъии давлатӣ ва миллӣ яке аз муҳимтарин аҳдофи ПМТ маҳсуб мешавад. Истиқлолият барои ПМТ танҳо як шиор ва ҷашн нест, ки ҳамасола баргузор мегардад. Барои мо Истиқлолият арзиш ва ҳадафе аст, ки бояд  аз шиор ба воқеъият табдил шавад. Ин мафҳуме аст, ки бояд ҳар тоҷикистонӣ онро ҳамарӯза дар зиндагии худ эҳсос кунад, онро моли худ бидонад ва аз натиҷаҳои он баҳраманд бошад. На оне, ки Истиқлол танҳо як шиор ва ҷашне аст барои як нафар ва боқимонда миллат  тамошобин аст ва ё қарсакзан. Аз нигоҳи мо,  истиқлолияти давлатӣ ва миллӣ бидуни истиқлолияти фардии инсон  маънӣ надорад.  Аслан имкон надорад, ки як миллат мустақил бошад, дар сурате, ки фардҳои ин миллат инсонҳои озод ва мустақил набошанд. Ба ибораи дигар, роҳи расидан ба истиқлолияти воқеъии миллӣ аз тариқи сохтани инсони мустақил мегузарад, на баръакс.

Паёми дуввум ин аст, ки ПМТ худро идомадиҳандаи роҳи касоне медонад, ки тӯли таърих барои истиқлолияти миллӣ ва давлатиамон талош кардаанд. Бо ҳукми тақдир 9- уми сентябри соли 1991 Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон қабул гашт, ки ин ҳама ормонҳо ва талошҳоро расмият бахшид.  Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлат расман дорои тамоми нишонаҳои як давлати мустақилро дорад, ки аз лиҳози сиёсӣ, ҳуқуқӣ  ва равонӣ хеле муҳим аст. Аммо, то расидан ба истиқлолияти воқеъӣ, ки зербинои он инсони озод ва огоҳ аст, ҳоло моро дар пеш аст ва ин яке аз ҳадафҳоест, ки ПМТ бояд ба он бирасад. Ин рӯзро интихоб кардани мо як навъ қадршиносӣ аз ҳама шахсиятҳо ва нерӯҳое аст, ки барои Истиқлолият мубориза бурданд.  Аммо, тақдир ба онҳо як зулми кутоҳмуддате кард, ки бояд дар аввалин фурсат ислоҳ шавад ва ҳақ ба ҳақдор бирасад, ки ин ҳам яке аз масъуляитҳои ПМТ ба ҳисоб меравад. Моҳияти ин зулм аз он иборат аст, ки ҳокимони замон бо рабудани ин арзиш аз соҳибонаш онро табдил ба як шиор кардаанд ва ҳеҷ номе аз он афрод ва неруҳо намебаранд. Ва зулми маънавӣ болои ин афрод он аст, ки натиҷаи талошҳояшон аз тарафи касоне рабуда шуд, ки худ зидди ин арзишҳо буданд ва ҳатто, барои ноком кардани истиқлолхоҳон даст ба силоҳ заданд, куштанд, зиндонӣ карданд ва аз кишвар ронданд. Фикр мекунам, зулми дуюм ба маротиб сахттар аз аввалӣ аст, чун вақте мебинанд, ки душманони истиқлолият имрӯз парчами онро ба даст гирифтаанд ва муборизони истиқлолият ё кушта шудаанд, ё зиндонианд ва ё муҳоҷир.

Ва паёми сеюм, ва шояд муҳимтар ин аст, ки ҳеҷ касе, гурӯҳе, ҳизбе ва хатто ҳукумате ҳақ надорад арзишҳо, муқаддасот ва  оромнҳои як миллатро бо истифода аз қудрат монополияи худ намояд. Истиқлолият ҳам яке аз он арзишҳои миллист, ки ҳамаи миллат соҳиби он ҳастанд, аз муҳоҷир сар карда то Президент. Ва шояд ҳар як муҳоҷири тоҷик имрӯз ба Истиқлолият аз президент дида ҳақи бештар дошта бошад, зеро барои таъмини истиқлолияти иқтисодии кишвар дар бадтарин шароит заҳмат мекашад ва ба кишвар маблағ мефиристад. Дар сурате, ки Президенти кишвар бо гурӯҳи хурде аз атрофиёни худ сарватҳои миллатро ба суратҳисобҳои шахсии худ ба хориҷ мебарад ва бо роҳандозии низоми давлатдории фасоззада пояҳои истиқлолияти бе ин ҳам заъифи давлатӣ ва милии моро боз ҳам заъифтар месозад. Бо интихоби ин рӯз, мо паём фиристодем , ки Истиқлолият моли ҳамаи миллат аст, аз чумла муҳоҷирон, зиндониён ва ҳама касоне, ки аз тарафи «роҳзанони Истиқлолият» мавриди зулм ва ноадолатӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Вақти он расидааст, ки ба фаъолияти худ дар ду соли гузашта як нигоҳи умумие дошта бошем, то бидонем дар кадом марҳилаи роҳ  қарор дорем ва шароиту имкониятҳоямон чигуна аст. Албатта, барои ҳар нерӯи сиёсӣ нигоҳ аз берун ба фаъолиятҳояш муҳимтар аст, аммо, нигоҳи дохилӣ низ барои комилтар дарк кардани вазъият кӯмак мекунад. Аз нигоҳи мо, барои баҳои воқеъбинона ва дур аз ифроту тафрит додан ба фаъолиятҳои нерӯҳои мухолифи тоҷик дар берун агар  ин чанд нукта дар назар гирифта шаванд, дар расидан ба хулосаҳои воқеъбинона ҳам дар таҳлилҳои дихилӣ ва ҳам хориҷӣ шояд кӯмак  мекард:

1. Меъёрҳои баҳо додан ба ин ё он гурӯҳ бояд  бо назардошти қаринаи (контекст) замонӣ ва маконӣ интихоб шаванд, инчунин, тамоми шароиту омилҳое, ки мо дар он қарор дорем, ба назар гирифта шаванд. Чун гоҳо худи мо ва ё гоҳо бархе аз таҳлилгарон ҳангоми баҳодиҳӣ ба фаъолияти нерӯҳои муборизи миллӣ аз қиёсҳо ва намунаҳои муқоисанашаванда ва ё дур аз шароити замониву маконии мо истифода мекунем, ки боиси хулосагириҳои ғайривоқеъӣ ва яктарафа мегардад. Ин хулосаҳо метавонанд аз ҳад зиёд хушбинона бошанд, ва ё  баръакс, хеле бадбинона.

 2. Фаъолияти нерӯҳои мухолифи тоҷикро метавон танҳо бо кишварҳое муқоиса кард, ки шароити ҳамсон бо мо доранд.  Ва на танҳо кишвар ва ҳукуматаш шароити ҳамсон дорад, балки мухолифин ҳам дар шароити наздик қарор доранд. Барои мисол, оё метавон фаъолияти мухолифини Тоҷикистонро бо Белорус бо меъёрҳои ягона муқоиса ва баҳогузорӣ кард? Агарчи шабоҳатҳои зиёде байни ин ду кишвар вуҷуд дорад, ба хусус, байни ду роҳбар, боз ҳам фарқиятҳои фаровоне ҳастанд, ки набояд нодида гирифта шаванд.

Дӯстони гиромӣ!

ПМТ аз рӯзи аввали руйи саҳна омадан назди худ ҳадафҳое гузошта буд, ки :

1) Ба ормонҳои миллӣ ва ниёзҳои мардуми мо мутобиқ бошанд;

2) Амалишаванда бошанд; Бо илова бар ин, ки омилҳои таъсиррасон, мисли фазои муносиби геополитикӣ дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа, вазъи иқтисодӣ- иҷтимоии кишвар ва сатҳи омодагӣ ва огоҳии миллат ҳам бояд ба назар гирифта шаванд.

Бо гузашти  2 сол метавонем бигӯем, ки шинохти мо аз шароит, мушкилиҳо, омилҳо ва шароити имрӯзаи ҷаҳон, минтақа ва кишвар ҳангоми таъсиси ПМТ  чандон аз воқеъиятҳо дур набудааст. Тақрибан 2 сол барои  машваратҳо, мулоқотҳо, таҳлилҳо ва ҳамоҳангсозиҳо зарурат доштем, то чунин як созмоне руйи саҳна биёяд. Мухимтарин суол хангоми машваратҳо ин буд, ки оё чунин зарурате барои таъсиси як иттиҳоди (эътилоф) миллии фарогурӯҳӣ ҳаст ё не. Ва агар зарурат ҳаст, пас чорчӯб, низоми корӣ ва ахдофу дурнамои он чигуна хоҳад буд. Аз ҳама муҳим, оё мо дурнамои кишварамон Тоҷикистон ва чигунагии ҷомеъаро ҳамсон мебинем ё ҳар кас бо тасаввуроти худ боқӣ мемонад. Машваратҳо, мулоқотҳо ва баҳсҳо нишон доданд, ки на танҳо чунин зарурат ҳаст, балки имкон дорад дар мавзуъи чигунагии ояндаи кишвар аз лиҳози сиесӣ, ҳуқуқӣ ва идеологӣ байни қисме аз нерӯҳои миллӣ ба як натиҷа расид. Чаро қисме аз нерӯҳои миллӣ ва ҳаммааш не, чун аз оғози машваратҳо мушаххас буд, ки на ҳама омодаи ҳамкорӣ ҳастанд ва ҳар кадоме барои худ далеле дошт ва дорад, ки чаро бояд бо дигар гурӯҳҳо муттаҳид нашавад ва ё чаро бо гурӯҳе хос ҳамкорӣ накунад. Танҳо пас аз дарки чуниӯ зарурат тасмим барои оғози корҳои ташкилӣ гирифта шуд.

Мо аз аввал дарк кардем, ки набояд мунтазири рӯзе бимонем, то ҳама нерӯҳо ва шахсиятҳо барои муборизаи муштарак изҳори омодагӣ кунанд. Чун то ҳол надорем намунаеро, ки дар як кишвар ҳама нерӯҳои мухолиф зери як чатр ҷамъ омада бошанд ва чунин ҳадаф гузоштан назди худ маънии онро дошт, ки мо аслан бояд оғоз намекардем.        Машваратҳо нишон дод, ки бояд бо ҳамин шахсиятҳо ва нерӯҳои омода дар он лаҳза муборизаи муштаракро шурӯъ кард ва ҳамзамон дарро барои ҳамкорӣ бо ҳама тарафҳо боз монд. Бо гузашти 2 сол имрӯз метавон гуфт, ки дар он шароит аз ҳама тасмимҳои имконпазир дурусттаринаш ҳамин будааст. Зеро, ҳама роҳ, чи қадар тулонӣ ҳам набошад, бояд як нуқтаи оғозе дошта бошад ва танҳо инсони дар ҳаракат буда то охири роҳ мерасад. Муҳим ки муборизаи муштарак оғоз шуд ва ин 2 соли сипаришуда исбот кард, ки ҳамкориву ҳамбастагии нерӯҳои мубориз на танҳо қудрату тавонмандии онҳоро бештар мекунад, балки самараи корро ҳам меафзояд.

Бояд ин нукта ҳам зикр шавад, ки ПМТ танҳо як қисме аз мухолифин аст, на ҳамаи он.  Мо ҳақ надорем аз номи ҳамаи мухолифин суҳбат кунем ва касе ҳам чунин салоҳияту ваколатро надодааст. Ҳатто, метавон гуфт, ки қисми бузургтари мардуми тоҷик, ки дар мавқеъи мухолифат бо сиёсатҳои ҳукумати имрӯза қарор доранд, ҳанӯз шомили кадом гурӯҳ, созмон ва ё эътилофе нестанд ва мустақилона амал мекунанд. Дар масъалаи ташхис додани «мухолиф» аз «ғайримухолиф» хеле бояд бо эҳтиёт рафтор кард. Чун масъала аз лиҳози ҷомеашиносӣ ва сиёсӣ метавонад мафҳумҳои гуногунро дошта бошад. Шахсиятҳо ва нерӯҳое, ки худро ба таври ошкор мухолифи ҳукумати феълӣ эълон кардаем, шояд як ҳиссаи ками тамоми мардуме бошад, ки аз сиёсатҳои хукумат норозианд, вале бо сабабҳои гуногун мавқеъи худро эълом надоштаанд. Ва мо ҳам ҳақ надорем мафҳуми «мухолифин»- ро ба таври инҳисорӣ дар худ маҳдуд кунем.

 Мо аз аввал медонистем, ки таъсиси чунин эътилофе мухолифини зиёд хоҳад дошт. Мухолифат ва вокунишҳои талвосонаи ҳукуматдорон табиӣ будаанд, ки билофосила ПМТ-ро шомили ҳамагуна рӯйхатҳои экстремистиву террористӣ кард. Ва бо ин кораш бори дигар исбот кард, ки «терорист» будан ё набудан назди мақомоти  Тоҷикистон ба амал ва барномаи тараф ҳеҷ рабте надорад, балки ба хоҳишу майли роҳбарияти кишвар ва инчунин, ба қудрату нуфузи тараф рабт доштааст. ПМТ дар Аврупо аз таарфи паноҳандагони сиёсӣ ба таври ошкор таъсис шудааст ва барномаву ҳадафҳояш дар санадҳои расмӣ сабт шудаанд ва ҳанӯз амале ҷуз ҷаласа ва конфронсҳо анҷом надодааст, ки шомили рӯйхати «террористӣ» шавад. Алабатта, мо чунин вокунишро аз тарафи ҳукумат интизор доштем. Инчунин, мо пешбинӣ мекардем, ки талошҳо барои ҳамкориву инсиҷоми бештари мухолифин танҳо дар дираҳои расмии ҳукумат не, балки дар бархе доираҳои берун аз ҳукумат ҳам манфӣ қабул хоҳад шуд. Чун як гурӯҳе бар ин бовар ҳастанд, ки аслан набояд ҳеҷ гурӯҳе, ки камтарин рабт ба дини ислом дорад, дар саҳна бошад. Ва агар бошад ҳам, набояд бо онҳо муттаҳид шуд. Гурӯҳи дигар бар онанд, ки метавон бо онҳо ҳамкорӣ кард, аммо бояд нерӯҳои ба истилоҳ «динӣ,  бештар нақши «сиёҳлашкарр»-ро анҷом бидиҳанд ва тасмимҳо ва мудирият дасти нерӯҳои ба истилоҳ «дунявӣ» бошад. Ман инҷо огоҳона калимаҳои «динӣ ва дунявӣ»- ро дар нохунак мегирам, то мушаххас шавад, ки худам инро қабул надорам ва инро як тақсимбандии сунъӣ медонам. Дар шароити Тоҷикистон чунин тақсимбандӣ ба нафъи касонест, ки «тафриқа андозу ҳукумат кун» шиори зинадгиашон аст ва бо ҳар далеле хоҳони инсиҷом ва ваҳдати воқеъии миллат нестанд.

Бояд гуфт, ки чунин фазсозӣ агар танҳо аз ҷониби ҳукумат ва фабрикаи ҷавоб мебуд, ҷои таъаҷҷуб надошт. Масъала ин аст, ки ҳамин мантиқ дар бархе доираҳое ҳам дида мешавад, ки мавқеъи «як зарб ба суму як зарб ба наъл»- ро пеш гирифтаанд.  Ҳадафи ниҳоии онҳо ҳанӯз мушаххас нест, аммо он чизе, ки аз мавқеъгириҳо ва тарҳи масоил ошкор мешавад ин аст, ки метавон дар як ҷумла хулосааш кард: Чун худам имрӯз тавони (ё ҷуръати) ба саҳна омадан ва масъулиятро ба душ гирифтан надорам, пас бояд то он рӯз  хукумат манфур ва  мухолифин  заъифу пароканда боқӣ бимонанд. Инро дар сиесатшиносӣ «оппортунизм» ва ё фурсатталабӣ мегӯянд, ки тараф бидуни кадом риски калон дар ду майдон бозӣ мекунад ва мунтазири пирӯзии ниҳоии як тараф, ё шикасти ҳарду тараф ва ё фурсати муносиб барои амал боқӣ мемонад.

Як нуктаро бояд гуфт, ки имрӯз «ваҳдати миллӣ» чӣ дар сатҳи шиор ва чӣ арзиши воқеъӣ дар ҷомеъа ҷойгоҳеро касб кардааст, ки касе наметавонад алайҳи он тарзи ошкор сухан гӯяд, чун метавонад  паёмадҳои иҷтимоъӣ ва сиёсӣ дошта бошад. Аз ин лиҳоз, барои касоне, ки «ваҳдати миллӣ» ҷуз шиор барои бозӣ бо афкори мардум чизи дигаре нест, осонтар аст, ки баҳсро дар қолаби «динӣ- дунявӣ» матраҳ кунанд. Аз як тараф дар бораи ваҳдати миллӣ шиор баланд мекунанд ва аз тарафи дигар ҷомеъаро аз лиҳози фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба тарзи сунъӣ ба «динӣ» ва «дунявӣ» тақсим менамоянд. Ва аз ҳама хатарноктараш, аввал арзишҳои усулӣ ва шаклгирифта дар тӯли ҳазорсолаҳои мардумро ба ду даста тақсим мекунанд — «динӣ ва миллӣ» ва баъдан онҳоро дар муқобили ҳам мегузоранд. Ва сиёсатҳоеро тарроҳӣ мекунанд, ки ҳатман бояд яке аз ин «арзишҳо» болои дигаре дастболо бошад. Арзишҳое, ки бидуни дахолати кадом президенте, ҳизбе, масҷиде ё кумитае тӯли ҳазорсолаҳо аз тарафи худи миллат шакл гирифтанд, суфта шуданд ва то имрӯз аз насл ба насл гузаштанд. Тӯли таърих касе онҳоро ба «миллӣ- исломӣ» ва ё «динӣ- дунявӣ» ҷудо накард, магар 100 сол қабл идеологҳои болшевизм ва имрӯз «необолшевикҳо» — и мо. Аз тарафи дигар,  ифротгароҳои такфирӣ, ки андешаҳои диниашон олуда бо понарабизм аст, билофосила ин мантиқро соҳибӣ карданд. Зеро,  чунин тақсимбандӣ аз лиҳози идеологӣ  хеле кумакашон мекунад ва аз лиҳози амалӣ  ҳам корро барояшон осонтар месозад.

Вақте чомеъа ба таври сунъӣ ба ду ҷабҳаи арзишӣ тақсим шуд, ҳар кадоме аз ҷабҳаҳо сарсупурдаҳои худро пайдо хоҳад кард. Он чизе, ки имрӯз мебинем. Ва ҳар кадом худро ҳомии арзишҳое ва  муқаддасоте медонанд. Яке худро ҳомии сарсупурдаи арзишҳои «динӣ» дар баробари таҳоҷуми «дунявӣ» ва ҳатто, «тоисломӣ» медонад, дигаре  баръакс, дар баробари таҳоҷуми «дин» болои «арзишҳои дунявӣ» сина сипар мекунад. Ва ин ду гурӯҳ аз ҳама бештар шиор мепартоянд , аз ҳама бештар дигаронро ба « хиёнат», «фанатизм», «куфр», «ширк» ва ғ. муттаҳам мекунанд. Агар нозирон ва таҳлилгарон аҳамият дода бошанд ,  ин ифротгароёни динӣ ва дунявӣ, ки дар ду сангари идеологии муқобили ҳам қарор доранд, хоста ё нохоста гоҳо дар як ҷабҳаи тактикӣ муттаҳид мешаванд.

Гурӯҳе, ки ифротгароёни динӣ ва дунявии кишвар гоҳо алоҳида ва гоҳо муштаракан алайҳи онҳо метозанд, касоне ҳастанд, ки дар мавқеъи воқеъии  миллӣ истодаанд. Бидуни  шиорпатоиҳо дар бораи «давлатмардӣ»-ву «миллатсозӣ»-ҳо, бидуни сина чок карданҳо ва бидуни чапу ростро ба «хиёнат»-у «куфр» маҳкум кардан. Касоне, ки дар мавқеъи воқеъии миллӣ истодаанд метавонанд узви ҳизбҳои гуногун бошанд ва ё беҳизбӣ, диндор бошанд ва ё бедин, дар мақомоти давлатӣ кор кунанд ва ё дар сафи мухолифин бошанд, дар дохили ватан зиндагӣ кунанд ва ё кору зиндагияшон то охири умр дар хориҷ бигзарад. Муҳим, ки онҳо миллатро ҳамон тавре, ки имрӯз ҳаст, бо ҳама ҳусну айбаш, бо ҳама қишру гурӯҳҳояш, бо дину фарҳангу расму ойинаш қабул дорад ва эҳтиром мекунад. Дар фикр ва талоши он нест, ки як гурӯҳ, шахс ва ё ақидаи ба худ нофорам, вале мавҷуд дар баданаи миллатро ба инзиво бибарад, нобуд кунад, таҳқиру масхара намояд. Як фарди дар мавқеъи миллӣ истода хуб медонад, ки ин миллат имрӯз дигар якрангу якҳизбу якмазҳабу якфикр нест ва наметавонад  ҳам бошад. Миллати мо имрӯз  аз лиҳози қавмӣ тоҷик дорад, узбек дорад, русу туркману қирғиз дорад, аз лиҳози динӣ мусалмон, масеҳӣ, зардуштӣ, яҳудӣ ва бедин дорад, аз нигоҳи ҳизбӣ — идеологӣ коммунист, демократ, наҳзатӣ ва чандин тафаккурҳои дигарро дорад. Як фарди мавқеъи миллӣ дошта метавонад бо ин фикрҳо, боварҳо ва гуруҳҳо розӣ набошад, аммо ба онҳо ҳақи баробар ба худ медиҳад, то вуҷуд дошта бошанд, фаъолият кунанд, дар назди қонун ва давлат баробар бошанд. Магар дар ҳолате, ки ин гуруҳҳову аҳзобу афрод ҳақи дигаронро барои баробар будан бо ҳама поймол накунанд.

Як фарди миллӣ метавонад худаш ғайримусалмон бошад, аммо чун ҷузъи ин миллат аст ва медонад, ки ин миллат аксарияти қотеъаш мусалмон аст, ҳеҷ гоҳ ба худ иҷозат намедиҳад, камтарин амалеро содир кунад, ҳарферо бизанад, ки нафаре эҳсос кунад боварҳояш, динаш ва муқаддасоташ таҳқир шудааст. Ҳатто, ба нияти «равшангарӣ» ҳам бошад. Як нафари мавқеъи миллӣ дошта метавонад як мусалмони саропо пойбанд ба эътиқодоту рукнҳои исломӣ бошад, аммо ба як ҳаммиллату ҳамватани ғайримусалмони худ ҳамон ҳақеро дар назди давлату миллат қоил аст, ки ба худ ва бародарони имонии худ қоил аст.

Ин гурӯҳ одатан ҳизбу созмону роҳбару ташкилоти хосе надорад, дар ҳама ҳизбу гурӯҳу ташкилот ҳастанд. Гоҳо дар дохили ду гурӯҳи ба ҳам рақиб ва душман ҳам. Ман ба ин боварам, ки ин гурӯҳ дар маҷмуъ аксарияти миллати моро ташкил мекунанд. Аммо,  аксарияти хомӯш, пассив ва дар сояи (хидмати) гурӯҳи камшумор, вале беруву бе виҷдони шиорпарто, ки бо мағалу пуррӯйӣ фазоро аз худ пур кардаанд.

Ин аст, ки ифротгароҳо , чӣ динӣ ва чи дунявӣ, афроди муътадил ва дар мавқеъи миллӣ қарор доштаи дунявӣ ва диниро ҳамвора аз чапу рост мавриди ҳуҷум қарор медиҳанд.

Кам набуданд талошҳо барои сомон додан ва муттаҳид кардани нерӯҳои воқеъии миллӣ ва имрӯз ҳам давом дорад ва оянда ҳам хоҳад дошт. Ба саҳна омадани созмони «Растохез» яке аз чунин талошҳо буд, бо фарозу нишебҳояш. Инҷо зарурат ва фурсати пардохтан ба омилҳои ноком шудани ин тарҳи миллӣ феълан нест, вале он ҳатман бояд мӯшикофона таҳлил ва баррасӣ шавад, то ибрату дарсе барои оянда бошад. Фақат ин нуктаро бояд гуфт, ки дар паҳнои собиқ Шуравӣ дар ҳеҷ кишваре ҷуз кившарҳои назди Балтик, нерӯҳои солими миллӣ — демократӣ натавонистанд муваффақ шаванд. Бидуни истисно, дар ҳама ҷо нерӯҳои собиқи коммунистӣ бо тағйири андаке дар ном ва шиорҳо нерӯҳои истиқлолхоҳи миллӣ  ва демократиро канор зада, аз нав қудратро ба даст гирифтанд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистони мо ҳам. Инак, мо баъди 20 сол шоҳиди эҳёи дуюмбораи андеша ва неруҳои миллӣ дар ҳама кишварҳои собиқ Шуравӣ гаштаем. Ҳодисаҳои Гурҷистон, Қирғизистон, Арманистон, Украина ва ахиран Белорус баёнгари онанд, ки дар мавҷи дуюм нерӯҳои миллӣ бо таҷриба ва омодагии бештаре вориди саҳна мешаванд. Агар 30 сол пеш танҳо номенклатураи коммунстӣ таҷрибаи мудирияти равандҳо ва ҷомеъаро дошт, ки омили аслии муваффақ шуданашон дар реванши сареъ ҳамин буд, ҳоло бо шарофати пешрафти технология ва ҷаҳонишавии донишу таҷриба ин масъала дигар имтиёзи инҳисории як гурӯҳ нест. Як рӯзноманигоре мисли Пашинян ва ҳаҷвнигоре мисли Зеленский ҳам  метавонанд ҷомеъаҳои огоҳро бо шинохти манофеъи миллӣ мудирият кунанд.

Оё метавон таъсиси ПМТ-ро талоши дигаре барои сомон додани нерӯҳои миллӣ донист? Шахсан банда чунин даъвои баланпарвозонаро ҷонибдор нестам ва ҳар касе ҳам агар чунин даъвои баланд кунад, ҳам зарба ба андешаи миллӣ задааст, ҳам ба ПМТ.  Зеро, Паймон дар шароити хос ва аз тарафи қисми кӯчаке аз нерӯҳои муборизи миллӣ таъсис ёфтааст, на аксарияти он. Ва аз рӯзи аввал ҳам чунин даъворо надошт ва наметавонад бикунад. ПМТ метавонад озмоишгоҳи ҷадиде бошад, барои он, ки оё имкон дорад ҳамаи нерӯҳои муътадили миллӣ, новобаста аз мансубияти динӣ, қавмӣ ва иҷтимоиашон барои расидан ба ҳадафҳои мушатараки миллӣ зери як чатр амал  кунанд ё не? Чун таҷрибаи ИНОТ-ро бархе нисбатан муваффақ ва бархи дигар ноком медонанд. Ва тарс аз нокомии баъдӣ бисёриҳоро водор ба мулоҳизакорӣ ва фосилагирӣ кардааст. Илова бар он, ки ҳукуматдорон ва «фурсатталабон»-и берун аз ҳукумат талош доранд ин мулоҳизакорӣ ва эҷоди фосиларо байни нерӯҳои миллии мавҷуд дар саҳна бештар кунанд.

Оне, ки ПМТ бар хилофи пешбиниҳои зиёд имрӯз побарҷост, воқеан як дастоварде танҳо барои масъулин ва пайравони он нест. Новобаста аз мувофиқ ва ё мухолиф будан бо ПМТ, агар ҳар касе мехоҳад дар Тоҷикистони оянда ҷомеъаеро бисозад, ки дар он инсонҳо новобаста аз мансубияташон ба ақидаву мазҳабу қавмҳои гуногун чигуна метавонанд сари арзишҳо ва ҳадафҳои муштарак тавофуқ кунанд ва паҳлуйи ҳам барои расидан ба онҳо фаъолият кунанд, шояд намунаи баде набошад. Ҳади ақал омилҳои аслии ин побарҷо будан омӯхта шавад. Ва он ҳам дар як шароити сахти фишорҳои сиёсӣ, молӣ ва равонӣ, ки алайҳи пайравони ПМТ сурат мегирад.

 Бояд ин нуктаро ҳам ба назар бигирем, ки Паймон худ як эътилофи сиесӣ аст, на як ҳизб. Эътилофе, ки онро нерӯҳои гуногун, бо боварҳо ва гароишҳои мухталиф ва салиқаҳои фарқкунанда барои расидан ба ҳадафи муштарак таъсис додаанд. Ҳадафи муштарак  ҳам чизе нест магар барканории диктатура, расидан ба як ҷомеъаи озод ва демократӣ. Аммо, доштани ҳадафи муштарак ҳанӯз маънои онро надорад, ки нерӯҳо ва афрод тавонанд зери як чатр ҳамкорӣ ва фаъолият кунанд. Гоҳо афроде бо шинохт ва тасаввурҳои хоси худ аз як муборизаи муштарак вориди эътилофе мешавад ва баъдан воқеъиятҳоро бо тасаввури худ созгор намеёбад. Ё нафаре то ин ҳад тулонӣ, душвор ва хатарнок будани роҳро дуруст тасаввур накарда вориди муборизаи сиёсӣ мешавад ва дар нимароҳ дарк мекунад, ки тавони идомаи роҳро надорад ва канор меравад. Ва ё чандин омилҳову сабабҳои дигар таъсир мерсонанд, ки гурӯҳе ва ё нафаре канор биравад ва нерӯҳои ҷадид бипайванданд. Ин барои як нерӯи сиёсии мутаҳаррик ва зинда табиист. 

 Бо гузашти 2 сол, бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо, монеъаҳо ва талошҳо барои ноком шуданаш, ПМТ пойдор монд ва дар як масири рӯ ба болост. Омилҳои аслии ин пойдориро метавон дар се нукта хулоса кард: 

1. Аксарияти қотеъи афрод ва нерӯҳои воридшуда дар ПМТ аз аввал омодагии равонӣ ва  фикриро дар баробари ин мушкилот доштанд ва огоҳона вориди майдон шуда буданд;

2. Дар баробари масоили берунӣ воқеъбинона ва амалгароёна рафтор кардани ПМТ;

3. Дар баробари масоили дохилӣ ва пайдо кардани роҳи ҳалҳо аз механизмҳои шаффоф ва коллегиалӣ истифода намудан.

Паймони Миллӣ се самти фаъолиятро барои худ мушаххас карда буд, ки дар шароити имрӯза метавонад муборизаи миллиро ба натиҷа бирасонад:

А) Ҳуқуқибашарӣ;

Б) Сиёсӣ- дипломатӣ;

В) Иттилоотӣ;

Агарчӣ наметавон аз натиҷахо пурра қонеъ буд, вале бо назардошти ҳама шароитҳо метавон гуфт, ки ПМТ қадамҳои хуберо дар ин самтҳо гузошт. Барои мисол, ПМТ муваффақ шуд дар ҳамкории зич бо бахшҳои дигари ҷомеъаи шахрвандӣ ва байналмиллалӣ паврандаи зиндониҳои сиёсии тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Кумитаи Ҳуқуқи башари СММ парвандаи 15 зиндонии сиёсии тоҷикро баррасӣ кард ва қарори худро барои бегуноҳии онҳо содир намуд. Чӣ аз лиҳози шумораи парвандаҳо ва чӣ кӯтоҳии замон ин як дастоварди чашмраси байналмиллалӣ маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки ПМТ худ тарафи сиёсӣ ва ё ҳуқуқии ин ибтикорҳо ва натиҷаҳо нест, балки нақши ҳамкор ва гоҳо ҳамоҳангсозро анҷом додааст. Инҷо мехостам аз ҳама афрод ва созмонҳое, ки дар муаррифии парвандаи зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон дар  сатҳи ҷаҳон кӯмак карданд, миннатдории роҳбарияти ПМТ-ро баён намоям.

Дар самти сиёсӣ- дипломатӣ ҳам тайи 2 сол корҳои зиёде анҷом шуд, ки муҳимтаринаш ин пешгирӣ аз бадномкунӣ ва тӯҳматбофии мақомоти кишвар дар ҳақи миллати тоҷик дар хориҷ аст. Мутаассифона, ҳукумати кишвар ҳамон сиёсати душмантарошӣ ва тафриқаандозиро, ки дар дохил роҳандозӣ кардааст дар сатҳи байналмиллалӣ ҳам идома медиҳад. Ҳамон тавре, ки дар дохил миллати тоҷикро ифротгаро, террорист ва шаҳватрон муаррифӣ мекунад, дар хориҷ ҳам ин корро аз каналҳои дипломатӣ, қудратӣ ва лоббиҳои манфиатдор анҷом медиҳад. Ҳадаф аз ин таблиғоти манфӣ нисбати миллати тоҷик дар хориҷ, ба вуҷуд овардани як тасаввури даҳшатнок на танҳо аз мухолифини худ, балки аз ҳамаи мардуми кишвар аст. Яъне, ин як миллати ноогоҳу ақибмондае аст, ки қудрати ташхиси хубу бадро надорад, наметавонад дуруст интихоб кунад, дуруст ибодат кунад, фарзандашро дуруст тарбият намояд ва ҳатто дуруст либос бипушад. Барои чунин мардуми «нофаҳм» бояд як ҳукумате бошад мисли ҳукумати Раҳмонов, ки ҳама чизро бояд танзим кунад, таҳти контроли худ бигирад ва мардум ҳамон тавре рафтор кунанд, ки онҳо мехоҳанд. Аз маросими зодрӯз гирифта то хӯроки меҳмон ва интихоботҳо. Танҳо як Раҳмонов ва атрофиёнаш таҳсилкардаву инсонҳои муосир ҳастанд, боқӣ ҳама «фанатику гумроҳу хурофотӣ» ҳастанд, ки агар ба онҳо имконияти интихобу рафтори озод дода шавад, кишварро ба як Афғонистон ё Сомалии дигар табдил медиҳанд. Бояд гуфт, ки ҳаҷми бузурги маълумотҳои бардурӯғ, вале расмии мақомоти кишвар дар хориҷ бетаъсир нест ва дар бархе аз сиёсатмадорон ва коршиносони хориҷӣ тасаввуроти ғалатро дар бораи кишвари мо ва миллати тоҷик ба вуҷуд овардааст.

 Ин вазъият на танҳо болои Паймон, балки болои ҳар тоҷикистонии бономус масъулияти дигареро ҳам илова ба ҳама масъулиятҳояшон бор мекунад, ки он ҳам бошад, дифоъ кардани миллат ва кишвар аз ин туҳматҳо. Мо вазифадор ҳастем дар паҳлуйи муборизаи сиёсӣ алайҳи диктатура дар дохил, дар хориҷ ҳам пайи ислоҳи чеҳрасозиҳои иштибоҳӣ дар бораи миллати худ бошем. Мо бояд исбот кунем, ки миллати мо на он аст, ки ҳукумати имрӯза муаррифиаш мекунад. Ҳоло агар касе ҳам ба ҳарфи ҳукумат дар бораи «фанатику хурофотӣ» будани миллати тоҷик бовар накард, кофӣ аст руйхати ақибмондатарин кишварҳо аз лиҳози иқтисодиро назар андозад, руйхати поёнтаринҳо аз лиҳози озодиҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва матбуотиро бубинад, ба суръати интернет ва мушклоти барқ дар кишварамон нигоҳ кунад. Ин ҳама бидуни ҳарф ҳам баёнгари вазъи умумии як кишвар ва миллат ҳастанд. Чӣ расад ба он, ки боз ҳукумати ҳамин кишвари мавҷуд дар ҳама руйхатҳои манфӣ боз пайваста миллати худро дар хориҷ мавриди туҳмат ва сиёҳкунӣ қарор бидиҳад. Тоҷикистон аз ҳама бештар номи фарзандони худро ба руйхати Интерпол ворид кардааст, ҳатто аз Чину Ҳинди як миллиарда ҳам бештар. Руйхати Бонки Миллиамон дар робита ба афроди марбут ба экстремизм ва терроризм дар ҷаҳон аз ҳама тулонӣ аст. Ҳеҷ як тоҷик дар кишарҳои СНГ ва ҳатто берун аз он мутмаин нест, ки ҳангоми муроҷиат ба ягон идораи расмӣ, фурӯдгоҳ ва ё бонк номи худро дар ягон руйхати шубҳанок пайдо намекунад.

Дар чунин шароит хеле душвор аст исбот кардан, ки ин миллатест бофарҳанг, муътадил, сулҳҷӯ, қаноъатпеша, сабур ва соддаву самимӣ, ки тавассути танку тупи кишварҳои хориҷ 30 сол пеш дар қабзаи оҳанини як туда афроди дур аз фарҳанги давлатдориву миллатдорӣ қарор гирифт. Исботи он, ки миллати тоҷик  сазовори ҷузви 10 кишвари диктатории ҷаҳон, 15 кишвари ақибмондатарин, 15 кишвари фасодзадатарин, кишвари аввал аз руйи суръати пасти интернет, кишвари аввал аз руйи даромад аз ҳисоби муҳоҷиронаш нест. Воқеан душвор аст исботи он, ки ин миллат сазовори як ҳукумати беҳтар, зиндагии шоистатар ва озодии бештар аст. Чун аввалин савол ин аст, ки оё имкон дорад як миллати бофарҳанг, огоҳ ва шоситаи зиндагии беҳтар  як диктаторро 30 сол таҳаммул кунад ва омода бошад ҳукумати хонаводагиро бипазирад?  Ва чандин саволҳои дигар мисли ин, ки миллат будани моро зери суол мебаранд. Зеро, дар асри 21 имкон надорад, ки як миллат ин ҳама таҳқиру фишору зулмро таҳаммул кунад ва боз худро миллат биномад. Мо бояд бо далел ва мантиқ бифаҳмонем, ки ин миллат як бор пеш аз ҳама миллатҳои дигари минтақа барои сохтани як давлати воқеъан ҳам мустақил, миллӣ ва демократӣ қиём кард ва қариб буд муваффақ ҳам шавад. Аммо, кишварҳои дигари минтақа, ки одат карда буданд тӯли даҳсолаҳо тоҷикро вобастаи худ бубинанд, таҳаммули шакл гирифтани чунин як давлати аз ҳама ҷиҳат мустақили миллиро  надоштанд ва ин талошро бо зӯри танку туп ва ҷиноятҳои зидибашарии як идда муздурони маҳаллии худ саркӯб карданд. Бояд гуфт, ки миллат як ҷанги таҳмилиро аз сар гузаронд, ки ҳукуматаш аз он пайваста барои тарсонидани миллат истифода мекунад. Бояд гуфт, ки ин миллат ҳамон миллат аст, агарчӣ саркуб шуд, вале пурра нашикаст ва боз қад боло хоҳад кард. Бояд шарҳ бидиҳем, ки миллати мо бо ҳукми тақдир ва таърих дар минтақае қарор дорад, ки моломол аз ҳукуматҳои иқтидоргарои саркубгар иборатанд ва ҳукумати кишвари мо ҳам аз онҳо нусха мегирад. Бояд фаҳмонд, ки барои ҳар як миллати дигар расидан ба озодӣ ба маротиб осонтар аст, аз он, ки тоҷик бирасад. Зеро тамоми омилҳои геополитикӣ, минтақавӣ ва фарҳангиву таърихӣ бо ҳам ҷамъ омадаанд,ки имрӯз миллати мо дар чунин шароити сахт қарор бигирад. Аммо,ин миллат боз ҳам роҳе чуз ин надорад, ки барои озодӣ ва адолат таҳти ин ҳама шароит муборизаро идома бидиҳад.

 Оне, ки то имрӯз ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ созмони байналмилалие иттиҳомоти ҳукумати кишварро дар бораи экстремист ва террорист будани ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф эътироф накард, се сабаб дорад:

1. Исботи ҳуқуқӣ ва одилонаи додгоҳӣ наёфтани ин иттиҳомот ва қонеъ нагаштани ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз даъвоҳои ҳукумат;

2. Идомаи мубориза бо василаҳои дур аз хушунат аз тарафи нерӯҳои сиёсии мухолиф;

3. Иртиботи пайваста бо доираҳои илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва расонаҳо ба хотири равшан кардани воқеъиятҳои кишвар;

Бо назардошти ин, лозим аст, ки ПМТ дар оянда ҳам муборизаи худро дар чорчӯби василаҳои дур аз хушунат ва бо риояи усулҳои эътирофгаштаи байналмилалӣ идома бидиҳад, то баҳонае барои тӯҳматҳои навбатӣ алайҳи мухолифин ва миллат дар умум дасти касе дода нашавад. Умедворем, ки дигар нерӯҳои муборизи миллӣ ва ҳама касоне, ки худро дар мавқеъи мухолифат бо ҳукумати диктатории хонаводагӣ мебинанд, бо ин равиш то охир пойбанд хоҳанд монд.

Ва самти муҳими дигари фаъолияти мо муборизаи иттилоотӣ буд, ки дар маҷмӯъ тайи солҳои ахир тағйироти муҳиме сурат гирифт. Бо пешрафти технологияи иттилоърасонӣ ҳукуматҳо мавқеъи монополии худро дар ин масъала аз даст доданд. Ба хусус ҳукуматҳои диктаторӣ, ки расонаҳоро ҳамеша дар итоати худ барои пропаганда нигаҳ медоранд, дар ҳолати душвор қарор гирфтаанд. Кор ба ҳаде расид, ки бархе аз «расонадорон-идеолог»- ҳои ҳукумати хонаводагии кишвар аз бохташон  дар «ҷанги иттилоотӣ» бонги изтироб заданд. Албатта, ин таҳлукаандозӣ бештар ба хотири гирифтани маблағи бештар аз ҳукумат барои идомаи «ҷанги иттилоотӣ»  будааст, аммо нигарониашон беасос нест.  Чун эҳсос карданд, ки бо вуҷуди будҷаҳои миллионӣ, даҳҳо шабакаҳои телевизионии давлатӣ, садҳо рӯзномаву маҷалаи марказӣ ва минатқавӣ ва ҷалби ҳазорҳо маошхуру донишҷую рӯзноманигор дар ин «ҷанги иттилоотӣ»- ашон боз ҳам бозандаанд. Ва он ҳам дар баробари чанд блогеру фаъоли сиёсӣ, ки дар ихтиёрашон  ҷуз як телефони ҳамроҳ, ангезаву ихлос ва сухани ҳақ чизи дигаре надоранд.

Бо истифода аз фурсат мехостам чанд нуктаро дар бораи сиёсати иттилоотӣ ва расонаии ПМТ равшан кунам. Чун хеле муҳим аст, ки ҷомеъа мавқеъи моро дар бораи ин бахши муҳими ҳаёти ҷамъиятии миллату кишвар бидонад.

Мо усулан бар ин назарем, ки дар як кишвари озод ҳукумат, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои синфӣ ва касбии таъсиррасон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кившар расонаи хосси худро набояд дошта бошанд. Доштани расонаи давлатӣ, ҳизбӣ ва ё мансуб ба кадом иттиҳодияи касбӣ хосси кишварҳои идеологӣ, диктаторӣ ва яккатоз аст, ки тавассути расонаи хосси худ мехоҳанд афкори ҷамъиятиро шакл бидиҳанд ва онро ба шакле таҳмил кунанд. Расонаи давлатӣ, ҳизбӣ ва гурӯҳӣ наметавонад иттилоъотро беғараз ва объективона ба мардум пешниҳод кунад, балки дар он дидгоҳҳои худро барҷаста карда, аз зовияи манофеъи худ матраҳ мекунад. Кофист, ки ҳукумат, парлумон, аҳзоб, сиёсатмадорон ва гурӯҳҳо аз тарақи сухангӯи худ ва ё як варақаи (паёмакӣ) иттилоотӣ мавқеъи худро нисбати ин ё он масъала дар расонаҳо ва ё шабакаҳои иҷтимоъӣ паҳн кунанд. Ин расонаҳои озод ҳастанд, ки новобаста аз шакли моликият ва муассисонашон, хусусӣ ва ё ҷамъиятӣ, ин хабарҳоро бетарафона, бо риояти меъёрҳои касбӣ ва тавозун дар дидгоҳҳо онро ба ҷомеъа пешкаш мекунанд. Ва ин хонанда (бинанда, шунаванда) аст, ки қазоват мекунад ҳарфи кӣ дуруст асту аз кӣ начандон. Ҳамчунин таҳлили ҳодисаҳо, рӯйдодҳо ва фаъолиятҳои ҳукумату масъулину аҳзоб  бояд бо рияоти ҳамин меъёрҳо сурат бигирад. Оё метавонад як расонаи тобеъ ба ҳукумат  фаъолияти Раҳмоновро воқеъбинона таҳлил кунад, мусбату манфиро баробар бинад? Ё як расонаи ҳизбӣ оё метавонад камбудиҳои роҳбари ҳизбро ошкор бигуяд ва танқид кунад? Шояд дар як ҳукумат ва ё ҳизби алоҳида ин ҳолат сурат бигирад, аммо як ду ҳолати истисноӣ наметавонад қоидаи умумӣ бошад. Пас ҳадаф аз расонадории ҳукумат, аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсиву молӣ ҷуз пропаганда ва таблиғот (реклама) чизи дигаре нест. Аммо, ин ба маънои он нест, ки давлат, ҳукумат ва ҳатто аҳзобу гурӯҳҳо барои таъсис ва рушди расонаҳо кӯмак набояд кунанд. Баръакс, бидуни кӯмак ва дастгирии давлат ва гурӯҳҳои моливу сиёсӣ кам ҳолат мешавад, ки расонаҳои мустақил тавонанд рисолати касбии худро анҷом диҳанд. Бархе мафҳумҳоро иштибоҳ гирифта ва ё онҳоро бо фаҳми худ шарҳ дода суол мегузоранд, ки чигуна мешавад давлат ва ё як гурӯҳи сиёсӣ расонаеро кӯмаки молӣ кунад ва ҳамзамон ба сиёсати таҳрирӣ ва мавзӯъгириҳои он дахолат накунад? Ингуна суолҳо бештар аз зеҳни касоне метаровад, ки  ҷуз расонаи давлатӣ, ҳизбӣ ва  ва ё хусусии дар хидмати соҳибаш буда чизи дагареро надидаанд. Ва бовар ҳам надоранд, ки ғайри ин метавонад бошад. Бовар надоранд, ки маблағгузори асосии ББС давлати Британияи Кабир аст ва дар ин расона ҳамон миқдор ҳукумати ин кишвар ҳақи суҳбат дорад, ки ҳизби мухолифаш дорад. Маблағгузори «Дойче Веле» (Садои Олмон) давлати Олмон аст, вале ин расона ба ҳамон миқдор дар бораи ҳизби Меркел менависад, ки дар бораи мухолифинаш менависад ё мегӯяд.  Дар Гурҷистон пас аз инқилоб манъи вуҷуд доштани расонаи давлатиро дар Сарқонун навиштанд ва ин аст, ки ин кишар яке аз беҳтаринҳо ва муваффақтаринҳо на танҳо дар собиқ Шуравӣ, балки сатҳи ҷаҳон шинохта мешавад. Ин мавқеъи усулии мост ва яке аз аввалин тасмимҳои ҳукумати мардумии оянда ҳам бояд барҳам задани расонаҳои давлатӣ ва тақвияти расонаҳои мустақили хусусӣ ва ҷамъиятӣ бошад.

Аммо,чаро дар шароити имрӯза нерӯҳои муборизи миллӣ маҷбур мешаванд худашон ба фаъоляти расонаӣ ба ин ё шакл даст бизананд? Ё барои мисол, ҲНИТ, ки имрӯз яке аз созмонҳои узви Паймон аст,  дар вақташ расонаи ҳизбии худро дошт ва он замон ба ин усул пойбанд набуд? Бояд гуфта шавад, ки дарки ин масъала он замон ҳам ба ҳамин шакл буд ва қадамҳое бардошта шуд дар ин масир. Барои мисол, ҲНИТ дар баробари «Наҷот»  маҷалаҳои «Найсон» ва «Сафинаи умед»- ро нашр мекард, ки ҳар кадом самти хосси худро доштанд. Бо машварати масъулин ва шарҳи дурусти масъала, нашри ин ду маҷала боз дошта шуд, агарчӣ кам набуданд мухолифон дар дохили ҳизб барои чунин тасмим. Ва маблағҳои сарфашуда равона шуданд барои кӯмак ба чанд расонаи дигари хусусӣ, ки он замон тоза дар кишвар арзи вуҷуд карданд ва бо даъвои муассисонашон бояд ба минбари озоди ҳама қишрҳо табдил мешуданд. Масъалаи «Наҷот» ҳам марбут ба рушди минбаъдаи расонаҳои мустақил дар кишвар ва сиёсатҳои иттилоотии ҳукумат вогузор монд. Зеро, дар сурате, ки ҳукумат дар ихтиёри худ расонаҳои зиёдеро аз ҳисоби буҷаи миллат нигаҳ медорад, расонаҳои мустақил ҳанӯз қавӣ нестанд ва мушаххас нест, ки  сиёсатҳои иттилоотӣ ба кадом самт меравад, аз байн бурдани яке аз расонаҳое, ки каме ҳам бошад тавозунро дар саҳнаи иттилоотӣ таъмин мекунад, кори оқилонае намебуд.

Бинобар ин, мо маҷбур будем расонаи ҳизбиро нигаҳ бидорем. Ва имрӯз бо рушди технологияи иттилоърасонӣ ва пайдо шудани сарчашмаҳои алтернативии зиёд дар саҳна лозим нест, ки Паймони Миллӣ ҳамчун як эътилофи сиёсӣ худ соҳиби расонаи хос бошад. Агарчӣ, комилан дастрасӣ надоштан ба расонаҳои дохилӣ, «эҳтиёткорӣ» ё «нодида» гирифтани  расонаҳову тарҳҳои хориҷӣ, ки барои Тоҷикистон барнома таҳия мекунанд,  гоҳо «зарурат» -и доштани як расонаи хосро ҳамчун минбари мухолифин аз нав ба миён мегузорад. Барои мисол, Радиои «Озодӣ» аз тирамоҳи 2015 то як сол қабл як маротиба ҳам аз мо напурсид, ки ба ин ҳама иттиҳомоти зидди ҳизб ва шахси худат чӣ ҷавобе доред. Ин худ на танҳо помол кардани тамоми меъёрҳои касбӣ, балки як навъ таҳрими золимона алайҳи ҳазорҳо инсон буд, ки зиндонӣ шуданд, гаравгон буданд ва таҳти шиканҷаву зулм қарор доштанд. Дар чунин шароити сахти «таҳримҳои» воқеъӣ ва ё сунъӣ  як нерӯи сиёсӣ роҳе надорад, ҷуз ин,ки: а) расонаи худро дошта бошад; ё б) дар рушди расонаҳои мустақили касбӣ саҳм бигирад; то дар баробари дигарон садои ӯ ҳам шунида шавад.

Бо назардошти он, ки бархе «таҳрим»- ҳои иттилоотӣ бо душворӣ бошад ҳам қадам ба қадам аз болои ПМТ ва ҳизбу ҳаракатҳои узви он бардошта мешаванд ва имкониятҳои иттилоърасонӣ бештар шудаанд, шояд барои Паймон беҳтар он бошад, ки аз доштани расонаи гурӯҳии худ даст бикашад ва: а) аз тарҳҳои миллӣ ва касбии расонаӣ пуштибонӣ кунад; б) аз расонаҳои мустақил ва бетараф истифодаи беҳтар намояд ва бо онҳо ҳамкории хуб дошта бошад.

Мехостам чанд нуктаро дар бораи ҷанбаи ахлоқӣ, фарҳангӣ ва инсонии фаъолияти расонаӣ ва шабакавии ҷонибдорони Паймони Миллӣ ва ҳама касоне, ки худро ба шакле шарик дар ин муборизаи миллӣ меонанд, инҷо тазаккур бидиҳам:

Мо дар «ҷанги иттилоотӣ» бо касе қарор надорем, агарчӣ ҳукумат фаъолияти расонаии худро «ҷанги иттилоотӣ» меномад ва тарафи мухолифро душман. Мо фаъолияти иттилоотӣ мекунем ва ҳадди аксар, муборизаи иттилоотӣ мебарем. Мо набояд дар ин фаъолияти худ  душман дошта бошем ва касеро ба шакли хос ҳадаф бигирем. Агар барои мо ин ҷанг нест, пас бозанда ва барандае ҳам надорад, то барои пирӯзӣ болои касе  ё гурӯҳе фаъолияти расонаӣ кунем. Фарқе намекунад, чӣ дар расонае мегӯему менависем ва ё дар шабакае назари худро паҳн мекунем, бояд ҳадаф гуфтани ҳақиқатҳо бошад ва равшан кардани масоил, на зарба задан ба касе, беобрӯ ва таҳқир кардан. 

Набояд амали тарафи муқобил ё тарафи саввум барои мо далел ё намуна бошад. Кам нестанд аз ҷонибдорони мо, ки дар шабакаҳо ва расонаҳо фаъоланд ва ҳангоми тавсия барои риояти ахлоқу фарҳанги баҳс, ҳарими хусусӣ ва каромати инсон, далел пеш меоранд, ки ҳукумат ва дастгоҳҳои таблиғотиаш ҳеҷ кадоме аз ин меъёрҳоро риоят накардааст ва намекунад, чаро мо риоят кунем? Мутаассифона, ҳукумат дар кишвари мо фарҳанги сиёсиеро шакл дод ва наслеро аз мансабдорону тарафдорони худ дар чорчӯби ин «фарҳанг» ба воя расонд, ки дар муносибат бо дигарон марзеро намешиносанд. Онҳо худро шогирдони мактаби Макиавелли меҳисобанд, ки гӯё дар ахлоқи сиёсии ӯ хиёнат, дурӯғ, тӯҳмат ва ҳатто куштор ҷоиз аст. Ин ҳарфро банда ҳам борҳо аз забони мақомдорони кишвар шунидаам, ки ба саволҳои мо, чаро ин рафторҳои иштибоҳиро мекунанд, мегуфтанд, ки иштибоҳе нест, чун Макиавелли гоҳо ингуна корҳоро дар давлатдорӣ зарур медонад. Аммо, ин тӯҳмате беш ба Макиавелли нест, ҳади ақал, як тафсири ғалат аз андешаҳои сиёсии Макиавелли доранд. Чун Макиавелли бархе аз ин рафторҳоро дар ҳолатҳои истисноӣ ва он ҳам бо ғосибони бегона ҳангоми ҷанг бо кишвари худ ҷоиз медонад, на бо мардуми худ ва он ҳам дар ҳолати оромӣ. Шояд яке аз сабабҳои истифодаи пайваста аз калимаҳои «ҷанги иттилоотӣ», «душманони миллат» «хоинон» ва ғайра барои он бошад, ки худро ҳамеша дар ҷанг бо мардуми худ тасаввур кунанд ва ё чунин зеҳниятро ба вуҷуд биёранд, то барои амалҳои зиддиахлоқӣ ва зиддиинсонии худ далеле тарошида бошанд. Аммо, мо на худро дар ҳолати ҷанг медонем ва на пайрави мактаби ахлоқии Макиавелли мебошем. Балки як гурӯҳи мубориз барои ормонҳои миллӣ ҳастем, ки муборизааш ҳам бояд дар чорчӯби ахлоқ ва фарҳанги миллӣ ва диниамон бошад. Фарҳанги миллӣ ва динии мо таҳқир, тӯҳмат, паст задани каромати инсонӣ, дахолат ба ҳарими шахсии инсонро на танҳо иҷозат намедиҳад, балки аз бадтарин гуноҳҳо ва ҷиноятҳо медонад, ки ҳамагон аз онҳо огоҳанд. Пас, оне, ки Президент дастур медиҳад то ҳарими шахсии инсонҳоро ба навор бигиранд ва дар шабакаҳои давлатӣ намоиш бидиҳанд барои мо далеле нест, ки ба ҳарими шахсии фарзандони ӯ дахолат намоем. Фарқи мо бо онҳо ҳам дар ҳамин аст. Нафаре аз ҳайати Ҳукумат дар ҳошияи конфронси Варшава аз тундгӯии ҷонибдорони мухолифин нисбати ҳукуматдорон шикоят кард ва гуфт, ки гоҳо ба масоили хонаводагии онҳо дахолат мешавад, ки хуб нест. Гуфтам, ки мувофиқам ва гоҳо чунин мешавад, мутаассифона. Ва набояд ҳам чунин шавад. Вале, мухолифи ҳукумат будани як нафар маънои онро надорад, ки ҳамагон аз як кас итоат мекунанд ва чандин гурӯҳу созмонҳои мухолиф аст, ки на танҳо бо ҳукумат, ҳатто бо якдигар ҳам мухолифанд. Аммо, чаро ҳамин кори бадро, ки намехоҳед касе дар ҳақашон кунад, онҳо нисбати 9 миллион одам раво мебинанд? Дар хонаи мардум камера мемонанд, дар шабакаҳо мухолифинро таҳқиру тӯҳмат мекунанд?  Ҳазорҳо ҷавонро дар «фабрикаи ҷавоб» сафарбар кардаанд, то алайҳи мухолифин ва гуногунадешон тӯҳмату таҳқир бинависанд? Чаро ҳамин «насиҳат» — ро ба онҳо ҳам намекунед? Огоҳона ё ноогоҳона гуфт, ки «охир онҳо фарҳангу сиёсаташон ҳамин аст, шумо ин тавр набояд бошед ку? Магар шумо намегӯед мо аз онҳо беҳтарем? Пас фарқ байни ду тараф чӣ мемонад?». Инҷо ман комилан бо ҳарфи намояндаи ҳукумат мувофиқам, ки ҳатто ӯ ҳам бар ин фарқ қоил аст.

Чун мо арзишҳои волои инсонӣ, миллӣ ва диниамонро мабнои андешаҳои сиёсӣ ва чорчӯби ахлоқии фаъолиятҳои худ қарор додаем, дигар ҳақ надорем бигӯем, ки «фалонӣ чунин рафтор кард, ман ҳам бо шеваи худаш ҷавоб додам». Ва набояд фаромӯш кард, ки бисёриҳо мунтазири як иштибоҳ ва як амали ноҷое аз тарафи ҳар кадоми мо ҳастанд, то ин як иштибоҳи инсониро ба ҳамаи мухолифин ва гоҳо бо миллату динамон ҳам рабт бидиҳанд. Магар кам шунидему дидем, ки ҷинояти як салладор, ҳиҷобпӯш ва ё ришдорро бо чӣ майлу рағбат ва ҳангомае дар шабакаҳо паҳн мекунанд ва мепурсанд «магар дини шумо ҳамин аст?».  Тарафи уқдадор хуб медонад, ки амали бади як инсон ба дину миллату ҳизби ӯ ҳеҷ рабте надорад, аммо, чун мунтазири ин фурсат аст, онро раҳо нахоҳад кард, то ишорае ба ҳизбият ё дини ӯ ҳам карда бошад. Пас мо набояд ба ин фурсатталабон баҳонаи дигаре бидиҳем, то ба миллату дин ва роҳи муборизаи мо таъне бизананд.

Боиси хурсандист, ки аксари дӯстон тавсияҳоро ба инобат гирифта, аз пахши наворҳо ва аксҳои дар ихтиёрдоштаи худ нисбати афроди алоҳидаи мақомдор ва ҳатто касони маъруфи дастдошта дар ҷиноятҳои зидди мардум худдорӣ мекунанд. На ба хотири дилсузӣ ба худи ҷинояткор, балки ба хотири риояти ахлоқи иснонӣ ва риояти шарафу обрӯи хонаводаи ин афрод, зану фарзандони бегуноҳ ва наздикони онҳо. Чун пахши як маълумоти обрӯрезонанда, чӣ рост бошад чӣ дуруғ, барои наздикони он тараф хеле зарбаи мудҳиш мебошад, ба хусус, барои хурдсолони хонавода. Ҳукуматдорон барояшон ин тарафи қазия ҳеҷ гоҳ аҳамият надоштааст, чун дар адабиёти сиёсии бархе аз онҳо мафҳумҳое мисли «каромат ва шаъну шарафи инсонӣ», «ҳуқуқи башар», «ҳарими шахсӣ»  ва ғ. ҷой надорад. Муҳим, ки ба рақиб зарбаи навбатиро бизананд. Бехабар аз он, ки ин амалҳо мисли «бумеранг» дер ё зуд ба худашон бармегардад ва алакай барои бархе баргашт. Ҳоло тасавур кунед, ки дар сафи мухолифин ҳам «макиавеллистҳо» зиёд мебуданд ва бо ҳамон шеваи ҳукуматдорон рафтор мекарданд, аз фарҳанг ва ахлоқи миллӣ чӣ мемонд? Чанде пеш яке аз дӯстон мақомдореро огоҳ кард, ки дар муносибаташ бо мардум аз марзҳо нагузарад ва ишорае ба он кард, ки худаш ҳам чандон «беайб» нест.    Тараф чавоб дода, ки агар чизе мебуд шумо кайҳо нашр мекардед, ҳоло мехохед моро шантаж кунед. Ба рақами хусусиаш фиристодани чанд сония навори узви хонаводааш кофӣ будаст, ки ӯ ҷиддӣ будани масъаларо дарк кунад ва ҳатто маблагеро ҳам барои барои «дустӣ ва ҳалли масъала» пешниҳод кунад. 

Моро лозим аст, ки дар муқобили ин фарҳанги сиёсии «марзношиносӣ» фарҳанги сиёсии миллиро ривоҷ бидиҳем, таблиғ кунем ва онро барои миллат саросарӣ бигардонем. Коре бояд кард, то ҳеҷ кас он кореро, ки барои худ намеписандад, барои дигарон раво  набинад. Коре кунем, ки зану фарзандон, падару модар, наздикони як нафар, ҳатто агар душмани ҷонӣ ҳам бошад, аз ҳисоббаробаркуниҳои сиёсӣ берун бошад. Интиқомгирӣ, гаравгонгирӣ, мавриди тӯҳмату шиканҷаи ҷисмонӣ ва равонӣ қарор додани узви хонавода ва наздикони рақибони сиёсӣ бояд барои ҳамагон табу, ҳаром, ҷинояти зиддибашарӣ ва разолат маҳсуб шавад. Фарқ надорад чӣ ҳукуматӣ бошад чӣ мухолиф, чӣ вазир бошад чӣ кишоварз, чӣ полис бошад чӣ мулло, барои ҳама ин ба як қоидаи умумӣ ва виҷдони иснонӣ табдил шавад.

Оё ин кор ношуданист? Оё ин танҳо масъулияти як гурӯҳ аст ё ҳамаи миллат? Ба назари ман на танҳо шуданист, балки он вуҷуд дорад ва гоҳ гоҳ аз худ дарак медиҳад. Танҳо онро бояд ҳамагонӣ ва ҳамавақтӣ кард. Еди дустон қазияи набераам Ҳамза ҳаст. Сиёсат ва фарҳанги сиёсии мавҷуд дар кишвар ӯро рӯз ба рӯз ба коми марг мекашонд ва муовини вазир «фатвои тиббӣ» — и марги ӯро ҳам содир кард. Аммо, инсоният ва фарҳанги инсонӣ ӯро наҷот дод. Оне,ки садҳо ҳазор аз тамоми ҷаҳон садо баланд карданд ва ҳатто рақибони ақидавию сиёсии ман ҳам, баёнгари вуҷуди ҳамон замири инсонӣ буд. Чӣ чизе дар ниҳоят боис шуд, ки Раҳмонов фикрашро тағйир бидиҳад ва иҷозат дод, то тифл берун биравад? Аз як тараф сӯҳбати чиддӣ ва дастаҷамъонаи сафирҳои ғарбӣ бо вазири умури хориҷа ва ҳушдор аз оқибатҳои чунин амали ғайриинсонӣ ва аз тарафи дигар, вокуниши саросарии мардум чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ. Аммо, чаро талошҳои модаронаи ҳамсар ва духтари Раҳмонов ба ӯ таъсире надошт? Инҷо вазифаи худ медонам, ки ба ҳама касоне, ки дар қазияи Ҳамза камтарин кӯмакро карданд, ҳамсадо шуданд, миннатдории худро ҳамчун падар бори дигар баён кунам. Аз ҷумла, ба ҳамсару духтари Президент Раҳмонов, ки талоши худро карданд, вале ноком шуданд. Ҳатто, ба худи Раҳмонов ҳам ҳамчун падар миннатдории худро баён мекунам, ки ниҳоятан таҳти ҳар фишоре ҳам бошад, Ҳамзаро раҳо кард ва агар ин корро намекард, аз дасти касе чизе намеомад ва Ҳамзаро аз даст медодем. Ин ҳарфҳои ман ҳамчун падар аст ва ҳамчун инсон, ки бояд ҳама чизро ҳамон тавре, ки ҳаст ва ҳис мекунад, бигуяд. Аммо, ҳамчун сиёсатмадор тамоми рафторҳои Раҳмоновро дар ин қазия ва дар қазияҳои дигар марбут ба зиндониҳову гаравгонон, падару модарон ва зану фарзандони мардум як ҷинояти зиддибашарӣ медонам ва қобили ҳамагуна ҷазои ҳуқуқӣ ва маънавӣ. 

Суоли калидӣ ин аст, ки чаро талошҳои ҳамсару духтари Раҳмонов ҳамчун модар, ҳамчун инсон болои ӯ таъсире надоштанд, аммо фишори ҷомеъа ва сафирон натиҷа дод?  Чун ҷоиз набудани шиканҷаи як тифл ва модараш барои интиқом аз дигарон, ҳаром ё разолат шинохтани он ҳанӯз фарҳанги  як хонавода ва як ҷомеъа нашудааст. Он дар сатҳи отифаи як модар ва як зан баён шудааст, на мавқеъ ва эътирози ҷиддии як инсон ба касе, ки чунин амали нораворо анҷом медиҳад. Бигузор он кас узви хонавода, падар ва ё президенти кившар бошад. Мо танҳо он замон ба фарҳанги асили  миллиамон бармегардем, ки ҷомеъа ингуна рафторҳоро ҳазм карда натавонад, балки омилони онро, ба истилоҳи худи мардум, «ради маърака» кунад. Аммо, то он рӯз, ки радди маъракаҳо тарзи зиндагӣ, фикр ва рафтори моро муайян мекунанд ва ҷомеъа қудрати манъ кардани онҳоро надорад, ингуна разолатҳо идома хоҳанд дошт. Як ҳодисаи алоҳида нишон дод, ки ҷомеъа метавонад ин корро кунад, агар бихоҳад. Аммо, набояд мунтазир шуд, ки боз тифли дигаре ба чунин вазъият биафтад, то виҷдони миллат бедор шавад, балки онро ҳар рӯз дар ҳар ҳодиса бояд нишон дод. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *