Рубрики Хабарҳо

«Шобудин Бадалов ба Тоҷикистон бурда шудааст»

Ҷунбиши «Гуруҳи 24” эълон кард узви фаъоли ин ҳаракат Шобудин Бадалов ҳанӯз шоми 1 сентябр аз Русия ба Тоҷикистон бурда шудааст ва ӯ ҳоло дар идораи мақомоти амниятӣ қарор дорад. Бадалов субҳи 1 сентябр дар хонаи иҷорааш дар шаҳри Нижний Новгороди Русия пулис ё афроди дар тан либоси пулисдошта, ки худро кормандони шуъбаи пулиси №5 муаррифӣ кардаанд, дастгир шуда буд

Дар баёнияи “Гурӯҳи 24” гуфта мешавад, ки “ба гуфтаи вакили Бадалов, дар шуъбаҳои №5 ва №7, ки кӯчаи Троитский ба ҳамин шуъбаҳо марбут мешавад, хабар додаанд, ки дар бораи боздошти Ш.Ш. Бадалов онҳо ягон хабар надоранд. Дар бораи кадом мурофиаи қонунӣ нисбат вай аз ҷониби бахши муҳоҷират (ОИК ОВМ) РВКД Нижний Новгород низ маълумоте дар даст нест”.

Дар баёния ҳамчунин зикр шудааст, ки бо қарори Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Нижний Новгород соли 2019 ба Шаҳобудин Бадалов дар қаламрави Русия то 30 августи соли 2020 мақоми паноҳандагӣ дода буданд. 23 июли соли ҷорӣ мақомоти бахши муҳоҷирати пулис дархости тамдиди замони паноҳандагии ӯро рад карда, ӯро дар ин бора рӯзи 28 июл хабар кардаанд. Шобудин Бадалов рӯзи 28 август аз ин қарор ба додгоҳи ноҳияи Сормово шикоят бурдааст, вале шикояташ ҳанӯз баррасӣ нашуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия то ҳол боздошти Бадалов ва истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро шарҳ надодаанд. 

Дирӯз «Гуруҳи 24” изҳор карда буд боздошти Шобудин Бадалов боздошт бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт дорад.

Бори аввал нест, ки мунтақидони режими Раҳмон дар Русия рабуда шуда, каме дертар дар Тоҷикистон пайдо мешаванд. Қаблан чанд мухолифи тоҷик бидуни додгоҳ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буданд.

Шобудин Бадалов рӯзи 24 июн ҳамроҳ бо Раҳматҷони Маҳмад, узви дигари «Гуруҳи 24” зимни пикети эътирозӣ алайҳи ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбии бахшида ба 75-солагии ғалаба дар Ҷанги  ҷаҳонии дуввум дар майдони Сурх Маскав боздошт шуданд. Додгоҳи онҳоро бо ҷурми муқовимат ба кормандони пулис ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда, ба маблағи 15 ҳазор рубл ҷарима баст. Рӯзи 9 июл баробари баромадан аз дарвозаи боздоштгоҳ ва ба 15 рӯз ҳабси дигар маҳкум шуданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *