Рубрики Хабарҳо

Вазъи вахими 200 муҳоҷири тоҷик дар сарҳади Ӯзбекистону Қазоқистон

Ҳудуди 200 нафар муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дучори вазъияти муташанниҷ шудаанд.

Тавре хабаргузории  Фарғона иттилоъ медиҳад, ин муҳоҷирон, ки дар минтақаи Туркистони Қазоқистон ҳастанд, ҳудуди ду моҳ аст, ки натавонистанд ба далели баста будани сарҳад аз марзи Ӯзбекистон убур кунанд. 

Шабакаи телевизионии қазоқии Остона низ аз шароити ғайрибеҳдоштии шаҳрвандони ёдшудаи Тоҷикистон ва аз буй гирифтани ҷасади яке аз фавтидагони ин муҳоҷирон дар ин ғурбат низ гузорише пахш кард.

Дар миёни муҳоҷироне, ки дар марз мунтазири иҷозаи убур ҳастанд, илова бар  муҳоҷирони кории тоҷик, занон кӯдакон ва маълулон низ ба чашм мехуранд. Онҳо маҷбуранд дар канори як таваққуфгоҳи мошинҳо зиндагӣ кунанд ва рӯи картон бихобанд.

 Ин дармондагон зимни муроҷиташон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуянд, масъулин бояд ба мо кӯмак кунанд. Мо кишваре дорем, ки Тоҷикистон ном дорад. «Мо мехоҳем ба ватани худ баргардем. 

Ба гуфти ин дармондагон намояндагони дипломатии Тоҷикистон  танҳо гуфтаанд, ки сабр кунанд. Ва ин ҷавоби масъулин руҳафтодагии онҳоро дучанд кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *