Дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар кормандон моҳҳост, ки натавонистанд музди меҳнат гиранд. Мақомот дар бораи бӯҳрон ва камбуди маблағ сӯҳбат мекунанд.
Озод Бақоев, як сокини Тоҷикистон, ки дар як ширкати сохтмонӣ дар Душанбе кор мекунад, ба Агентии таҳлилӣ ва иттилоърасониии гуфтааст, ки корфармо бо сабаби нарасидани маблағ ва бӯҳрони молиявӣ ба ӯ чор моҳ маош надодааст.
«Ман ба роҳбарияти ширкат фаҳмондам, ки ман оила дорам ва ҳоло ман ягона таъминкунандаи оила мебошам. Дар ҷои кор онҳо ваъда доданд, ки моҳҳои оянда музди меҳнатро пардохт хоҳанд кард. Аз ман хоҳиш карданд, ки корамро ҳоло давом диҳам, то сармоягузорон ин иншоотро қабул кунанд ва маблағро интиқол диҳанд» гуфтааст Бақоев.
Ин ҳам дар ҳолест, ки зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон санаи 24 октябри соли 2019, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз таъхир ва сари вақт надодани музди меҳнат ба коргарони соҳаҳои гуногун изҳори нигаронӣ карда буд.
Пас аз он Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазоратҳо, идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои ҳалли мушкилот чораҳои мушаххас андешанд.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, то 1 апрели соли 2020, маблағи қарзи музди меҳнат дар кишвар бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 51 миллиону 270 ҳазору 400 сомонӣ муодили беш аз 5 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА расидааст, ки ин нисбат ба 1 январи соли 2020 9,5 дар сад зиёд аст.
Агентии омори Тоҷикистон ба CABAR.asia гуфтааст, ки корхонаҳо ҳаҷми умумии қарзи соли гузаштаро таъмин мекунанд, аммо дар бораи шумораи кормандони қарздор маълумот намедиҳанд. Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, моҳи декабри соли 2019 музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 1503 сомонӣ, тақрибан баробар ба 150 доллар буд. Бо назардошти ин нишондиҳанда, метавон тахмин зад, ки мушкили қарзҳо ба даҳҳо ҳазор нафар дахл дорад.
Аксари корфармоён ба коргарону бинокорони оддӣ қарздоранд
Қарзҳои музди меҳнат асосан дар корхонаҳои саноатӣ, сохтмонӣ, мақомоти давлатӣ оид ба замину обёрӣ ва авиатсия ба қайд гирифта шудаанд.
Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло дар посух ба мактуби хабарнигори CABAR.asia рӯзи 18 май гуфтааст, ки маблағи калонтарини қарзи музди меҳнат дар соҳаи сохтмон ба даст омадааст, ки ин16 миллиону 288,8 ҳазор сомонӣ, беш аз 1 миллиону 600 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар ҷойҳои дуюм ва сеюм мутаносибан саноати истихроҷи маъдан — беш аз 14 миллион сомонӣ, тақрибан 1 миллиону 400 ҳазор доллар ва дар соҳаи нақлиёт ва алоқа беш аз 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ беш аз 900 ҳазор доллар будааст.
Тибқи иттилои вазорати меҳнат, 90,7 дар сади қарз — беш аз 46 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 4 миллиону 600 ҳазор доллар дар 17 корхонаҳои калон ҷамъ омадаанд. Дар байни ин корхонаҳо, корхонаи истихроҷ ва коркарди Адрасмон дар шаҳри Гулистон аз ҳама қарздори калон — зиёда аз 11 миллион сомонӣ, тақрибан 1 миллиону 100 ҳазор доллар аз коргаронаш қарздор аст. Дар ҷои дуюм ширкати ҳавопаймоииTajikair қарор дорад, ки қарзи он аз кормандонаш 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, тақрибан 900 ҳазор доллар аст.
Қаблан расонаҳо дар бораи пардохт накардани музди меҳнат ба хизматчиёни давлатӣ, бахусус муаллимон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар баъзе шаҳру вилоятҳо хабар дода буданд. Қайд карда шуд, ки сабаби ин гузаронидани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар вилоятҳо ва ноҳияҳо мебошад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бо боздошти музди меҳнати коргарон, маблағи ҷудошуда ба музди меҳнатро ғайримақсад ба чорабиниҳои дигар сарф кардан ҷиноят аст. Корфармо музди меҳнати кормандонро бояд сари вақт пардохт намояд.
Дар Моддаи 19-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки корфармо бояд сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ба корманд музди меҳнат ва дигар иловапулиҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо пешбинӣ намудаанд, пардохт намояд.