11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Нерӯҳои артиш дар атрофи пойтахти Амрико мустақар шуданд

Иёлоти муттаҳидаи ҳудуди 1600 сарбозро дар пойгоҳҳои низомии атрофи Вашингтон мустақар кардаанд. Онҳо дар сурати лузум аз нерӯҳои амниятӣ дар бархӯрд бо эътирозот ҳимоят хоҳанд кард. Трамп таҳдид карда буд артишиёнро алайҳи мӯътаризон басиҷ хоҳад кард. 

Сухангӯи вазорати дифоъи Амрико (Пентагон) шомгоҳи сешанбе (дувуми июн) иттилоъ дод, ки ин воҳидҳо ба дастури Морк Аспер, вазири дифоъ, ба пойтахт эъзом шудаанд. 

Ба гузориши Ассошейтн Пресс воҳидҳои артиш «бо таслиҳоти комил» аз пойгоҳҳои гуногун ба ҳаволи Вашингтон мунтақил шудаанд. 

Доналд Трамп, раисҷумҳур, душанбе (аввали июн) таҳдид карда буд агар эътирозот идома ёбад ӯ «ҳазорон сарбози саросар мусаллаҳи артиш»-ро барои фурӯ нишондани нооромиҳо эҳзор хоҳад кард. 

Ба гуфтаи коршиносон, истифода аз нерӯҳои артиш тавассути раисҷумҳур дар муқобили эътирозоти шаҳрвандон иқдоме қонунӣ аст, аммо ба фазои танишолуд доман мезанад ва ба вахомати авзоъ меофзояд. 

Идомаи эътирозот ва даргириҳо 

Дар бисёре аз шаҳрҳои Амрико эътироз ба табъизи нажодӣ ба думболи марги Ҷорҷ Флайед, шаҳрванд сиёҳпӯсти Амрикоӣ, идома дорад. Шомгоҳи сешанбе чархболҳои низомӣ дар иртифоъи поин бар фарози мӯътаризон парвоз карданд. 

Дар бархе аз манотиқ эътирозот ба рӯёрӯии хушунатомез бо нируҳои полис мунҷар шуд. Бузургтарин иҷтимоъот дар Лос-Анҷелес, Филодилфиё, Отлонто, Ню-Йорк ва Вашингтон рӯй дод. 

Бо фаро расидани шаб ва торикӣ бо вуҷуди эъломи манъи тараддуд дар бисёре аз шаҳрҳо, эътирозот ранги хашине ба худ гирифт ва дар мавориде ба даргирӣ ва ғорату чаповул мунтаҳӣ шуд. 

Бархе аз мӯътаризон дар хиёбони панҷуми Ню-Йорк мағозаҳои муҷаллал ва гаронқиматро ғорат карданд ва гурӯҳе аз ҷавонон як маркази харидро дар Лос-Анҷелес ба оташ кашиданд. 

Маъмурони пулис бо ботум ба ҷамъи мӯътаризон ҳамла карданд ва худ зери ҳамалоти санг ва ашёъи дигар қарор гирифтанд. Бино ба гузоришҳои расмӣ дар ду шаҳр ба сӯи панҷ маъмур пулис тирандозӣ шуда ва як маъмур сахт захмӣ шудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *