Рубрики Хабарҳо

ИМОМ МУСЛИМ

Имом Абӯлҳусайн Муслим ибни Ҳаҷоҷ ибни Муслим Қушайрии Нишопурӣ дар соли 204 ҳ.қ. дар Нишопур чашм ба дунёи ҳастӣ кушод. Дар синни кӯдакӣ оғоз ба фарогириву таҳсилоти улум намуд ва аз маҳзари донишмандони фаровоне шогирди қавӣ буд. Пас аз гирифтани улуми замон аз устодони нишопурӣ, майл ба омӯхтани илми ҳадис намуд. Имом Муслим даврони наврасӣ шогирди беҳтарини устодони зиёде буд ба мисоли  Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, Яҳё ибни Муъин, Абӯбакр ибни Абишайба, Усмон ибни Абишайба, Қутайба ибни Саъид, Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва дигарон.

Баъди касби илму ақидаи комил ва соҳиб шудан ба фазлу фаҳми закӣ,

шӯҳрату овозаи имом Муслим ба гӯши хосу ом расид, аз ин рӯ толибони ҳадис ва ташнагони мероси муҳаммадӣ аз атрофу акнофи сарзамини паҳновари ислом барои шунидан ва ривояти ҳадис ба маҳзари имом меомаданд. Афроди бешуморе аз маҷлиси дарси имом файз бурданд, ҳатто бархе аз аима ва бузургон низ аз вай ҳадис ривоят кардаанд. Теъдоде аз шогирдони Имом Муслим ҳам шӯҳратёр шудаанд, аз қабили Абӯисои Тирмизӣ, Абӯҳотами Розӣ, Абӯбакр Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузайма, Мусо ибни Ҳорун, Абӯавона Яъқуб ибни Исҳоқи Исфароинӣ ва ғайра.

Таълифот

Имом Муслим хадамоти шоёне барои ислом, бахусус дар заминаи ҷамъоварии аҳодис анҷом додааст ва китобҳои муҳиме дар ҳадис ва улуми ҳадис таълиф намуда, ки муҳимтарини онҳо “Ал-ҷоме-ус-саҳеҳ” ё худ “Саҳеҳи Муслим” мебошад. Имом Муслим 15 соли умри хешро сарфи навиштани ин китоб кардааст.

Китобҳои дигар иборатанд аз:

Китоб-ул-илал. Китоб-ул-асмо вал куно,  Китоб-ул-ақръон, Китоб-ул-мухзарамайн, Китоб ман лайса лаҳу илло ров воҳид

Китоби авлоду саҳоба,  Китоби муснади кабир, Китоби ҷомеъ-ул-кабир,  Китоби тамйиз, Китоб табақот-ат-тобеъин

Китоби имом Муслим дуввумин китоби саҳеҳ ба шумор меояд. “Саҳеҳи Бухорӣ” ва “Саҳеҳи Муслим” саҳеҳтарин китоб баъд аз Қуръони карим мебошанд, ки уммати ислом саҳеҳ буданашонро пазируфтаанд.

Имом Муслим дар интихоби аҳодис ва риҷол таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, ҳатто сайъ кардааст, то ихтилофи алфози ровиёнро низ баён намояд ва ин китоби азимро аз миёни ҳазорон ривоёт баргузинад. Имом Муслим мефармояд: “Ин китоби саҳеҳро аз миёни сесад ҳазор ҳадис интихоб намудаам”.

Аз вижагиҳои “Саҳеҳи Муслим” ин аст, ки тамоми матнҳои ҳадисро якҷо зикр менамояд ва онҳоро дар бобҳои  мухталиф ҷудо ҷудо намесозад, тавреки имом Бухорӣ анҷом додааст, ҳамчунин аҳодисро такрор намекунад, танҳо ба нудрат. Масалан барои изофае, ки дар санад ё матни ҳадис вуҷуд дошта бошад.

Ҳамчунин имом Муслим дар интихоби калимаҳо  кӯшиши зиёд ба харҷ дода, ки алфози ровиёнро зикр намояд. Имом Муслим ба шиддат кӯшидааст, ки баъд аз муқаддимаи китоб ба ҷуз аҳодис маснад ва марфуъ чизи дигар аз ақволи саҳоба ё тобеъин зикр нанамояд ва дар китобаш аҳодиси “муъаллақ” низ наёвардааст.

Бояд гуфт, ки Имом Муслим барои китоби “Саҳеҳ” тарҷумаи бобҳоро қарор надода, балки ҳадисҳоро мавзӯъ ба мавзӯъ алоҳида гирд овардааст. Теъдоди аҳодиси “Саҳеҳи Муслим” 4000 ҳадис мебошад. Имом Набавӣ дар бораи китоби “Саҳеҳи Муслим” чунин гуфта буданд: “Дар зери осмон, дар рӯйи замин, саҳеҳтар аз китоби Муслим китобе пайдо намешавад” Сабаби дар ин самт эътибору эҳтиром пайдо кардани Имом Муслим ҳам дар он аст,ки дар ҷамъи аҳодиси  китоби мазкур на зиёдравие на ноқисие дида мешавад. Бархе аз уламои дину аҳодис китоби “Саҳеҳи Муслим”-ро нисбати “Саҳеҳи Бухорӣ” афзалтар ҳам мешуморанд.

Имом Муслим асри якшанбе, моҳи раҷаб, соли 261 ҳ. дар синни 57 солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва дар Насрободи Нишопур ба хок супурда шуд.

Таърихнависон достони аҷибе дар бораи сабаби вафоти ӯ навиштаанд, ки чунин аст: маҷлиси музокираи ҳадис барпо буд, аз имом Муслим дар бораи як ҳадисе пурсида шуд, имом дар ҳамон маҷлис он ҳадисро надонист, он гоҳ ба манзил рафт ва ба ҷустуҷӯи он ҳадис дар китобҳояш пардохт ва киссае аз хурмо наздаш гузошта шуда буд, ҳамчунонки ғарқи мутолеа ва ҷустуҷӯи ҳадис буд, хурмоҳоро низ як як тановул мекард, то инки хурмоҳо тамом гардид ва он ҳадиси мавриди назарро низ ёфт ва хӯрдани ин хурмои беш аз андоза сабаби вафоти ӯ гардид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *