Рубрики Хабарҳо

Зани гумонбаршуда ба қатли блогери машҳури рус ба терроризм муттаҳам шуд

Мақомоти русӣ рӯзи сешанбе Даря Треповаи 26 соларо дар қазияи қатли як блогери руси тарафдори ҷанги Укроин ба ҷурмҳои террористӣ муттаҳам карданд. 

Ин мақомот мегӯянд, ки Даря ба кумаки истихбороти Укроин дар террори Владлен Татарский, ки рӯзи якшанбе дар инфиҷоре дар кофае дар Санкт-Петербург кушта шуд, даст дорад. 

Вазорати беҳдошти Русия рӯзи сешанбе гуфт дар ин инфиҷор 42 нафар захмӣ шуданд, ки 24 нафарашон ҳанӯз дар шифохона қарор доранд. 

Кумитаи миллии зидди терроризми Русия рӯзи душанбе муддаӣ шуд, ки истихбороти Укроин бо ҳимояти Алексей Навалний, сиёсатмадори мунтақиди Путин, ки дар зиндон ба сар мебарад, дар созмонедеҳии ин ҳамла даст доштааст. 

Аммо, як дастёри раисҷумҳури Укроин бо ради ин иттиҳом гуфтааст, ки қатли Татарский натиҷаи кашмакашиҳои дохилӣ дар Русия аст. 

Татарский аз ҳомиёни ифротии ҷанги Укроин буд ва борҳо аз Кремл хоста буд, ки давлати мустақили Укроинро забт карда ва онро ҷузъи хоки Русия ба ҳисоб оварад. 

Татарский бо ин, ки шаҳрванди Укроин буд, аммо бо шибҳинизомиёни ҷудоиталаб дар шарқи Укроин ба нафъи Русия ҷанг мекард. Ў баъдан шаҳрвандии Русияро ба даст овард. 

Дар як соли гузашта, ин дувумин суъқасд алайҳи чеҳраҳои маъруфи наздик ба ҳукумати Русия аст. Даря Дугина, духтари 29 солаи Александр Дугин, назарияпардози миллатгарои русӣ, дар моҳи сентябри порсол дар асари инфиҷори бомби коргузоришуда дар мошинаш кушта шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *