Додгоҳи Исмоили Сомонӣ як шаҳрванди Фаронсаро бо иттиҳоми пайвастан ба гурӯҳи Давлати исломӣ барои 5-сол зиндонӣ кард.
Бино ба иттилои сомонаи “ТоҷикТА”, 14-уми декабри соли 2017 Додгоҳи Исмоили Сомнӣ дар шаҳри Душанбе як шаҳрвади Фаронсаро бо ин иттиҳом, ки мехост баъд аз ъубури марзи Тоҷикистон дар Афғонистон бо гурӯҳи террористии ДОИШ пайвандад, зиндонӣ кард.
Ин шаҳрванди Фаронса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳангоми убури ғайриқонунӣ аз марзи байни Тоҷикистону Афғонистон тавасути мазбонони тоҷик дастгир шудааст.
Манбаъ меафзояд: Ин мусалмоншаҳрванди Фаронса тавассути раводид аз Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ ҳангоми бозрасӣ гуфтааст, як нафар бо номи Муҳаммад ӯро дар Қирғизистон таблиғ кардааст ба Афғонистон биравад ва дар он ҷо бо гурӯҳи ифротии ДОЪИШ бипайвандад.
Инчунин манбаъ гуфт: Маҳкум аз истирдод ба ватанашро рад кард ва хост, ки мӯҳлати ҳабсашро дар Тоҷикистон сипарӣ кунад.
Ҳукми панҷ сол зиндони шаҳрванди Фаронса дар ҳолест, ки додгоҳҳои Тоҷикистон бо ҳамин ҷурм шаҳрвандони кишвари худашонро аз ҳашт то понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум мекунанд.