Рубрики Хабарҳо

Надоштани ниқоб метавонад 290 сомонӣ ба киса зарар орад

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 10 июн бастаи тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард.

Бар асоси тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ, онҳое, ки дидаю дониста бемориҳои сироятиро паҳн мекунанд, ба муҳлати аз 2 то 5 сол маҳкум ба зиндон шуда, дар сурати такрори чунин амал метавонанд аз 5 то 10 сол зиндонӣ шаванд.

Бар асоси тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон барои гаштугузор бе ниқоби тиббӣ ҷарима ба андозаи аз 2 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 116 то 290 сомонӣ) муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин барои нашри ахбори бардурӯғ дар матбуот ва Интернет дар бораи пандемия низ акнун дар қонунгузорӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Барои чунин амал шахсони алоҳидаро метавонанд ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда (аз 580 то 1160 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқиро ба маблағи аз 150 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 8700 то 11 600 сомонӣ) ҷарима бубанданд.

Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз коронавирус пӯшидани ниқоби тиббиро ҳатмӣ гардонда буд, вале то кунун барои напӯшидани ниқоб муҷозот пешбинӣ нашуда буд.

Шаҳрдории Душанбе ахиран тасмим гирифт, ки сокинони навоҳии атроф фақат бо ниқоб метавонанд вориди пойтахти Тоҷикистон шаванд.

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, то шоми 9 июн дар Тоҷикистон 4690 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 48 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст. Вале мунтақидон мегӯянд, ки мақомот рақамҳои гирифторон ва ҳолатҳои марг аз коронавирусро кам нишон медиҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *