Рӯзноманигор аз даъвояш алайҳи ҳукумати н. Ашт даст кашид
Рӯзноманигор ва соҳибкори ҷавон Ҳаётҷон Нақибҷонов, ки аз раиси ҳукумати ноҳияи Ашт ба хотири бемалаияш ба суд муроҷиат карджа буду мурофиаи аввалинаш санаи 9 баргузор шуд, аз даъвояш даст кашид.
Ҳаётҷон Нақибҷонов даъво дошт, ки аризааш ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони як мағозаи фурӯши бозичаҳо барои атфол дар рустои Дӯстиро раиси ноҳия Зариф Мирдадо ба ҳар баҳона нодида гирифта, аз ҷудо намудани замин барояш парҳез мекунад.
Мебоист ин даъво дар идомаи мурофиаи судӣ санаи 12 июн баррасӣ мешуд, аммо Нақибҷоновро Зариф Мирдадо ба идораи ҳукумат пешакӣ даъват кардааст ва бо ҳам ба созиш расидаанд.
Қароре, ки то ин вақт дар қабули он аз ҷониби раиси ноҳияи Ашт кашолкорӣ сурат мегирифт, имзо шуд ва рӯзноманигор шикояташ алайҳи ҳукумати ноҳияро аз суд пас гирифт
Ҳаётҷон Нақибҷонов, рӯзноманигори ҷавони маҳаллӣ дар ноҳияи Ашт дар суҳбат бо манбаи хабар аз поёни қазияи судии худ бо масъулини ҳукумати ноҳия хабар дода
гуфтаст, ки масъулин имрӯз ба ҳукумат даъват карда ҳуҷҷатҳои ҷудо намудани заминро барояш дуруст кардаанд.
Ин рӯзноманигор афзудааст, ки “намояндагони ҳукумати ноҳия бо мо вохӯрдаанд ва қарори дахлдор сари ҷудо намудани порчаи замин иборат аз 32 метри мураббаъ, ё 3 сотихро ба имзо расониданд. Бо ҳамин мо ва ҳукумат ба созиш расидем ва ҳоло аз якдигар ранҷишу шикоят надорем”.
Ин сокини ноҳияи Ашт гуфта, ки бо гирифтани қарори ҷудо шудани қитъаи замин аз суд шикояташ алайҳи ҳукумати ноҳияро пас мегирад.
Мурофиаи судии даъвои рӯзноманигор аз беамалии ҳукумати ноҳия Ашт 9 июн баргузор шуд ва то рӯзи 12-уми июн ба таъхир гузошта шуда буд.
Нақибҷонов дар ҳоле ба суд шикоят кард, ки дар ҳукумати ноҳияи Ашт муроҷиати пайдарпайи ӯро, барои сохтмони як мағозаи сабуки фурӯши бозичаҳо барои атфол дар рустои Дӯстӣ ба ҳар баҳона нодида гирифта, аз ҷудо намудани замин барояш парҳез карданд.