Рубрики Хабарҳо

Идеология чун дини сиёсӣ

I

Олимони тоҷик баҳсҳои зиёде дар мавриди «идеология» оростаанд ва иддао доранд, ки миллати тоҷик бояд идеология дошта бошад. Аммо ҳеч кадоме таърифи идеологияро намедиҳад. Дар назари аввал, онҳо чиро дар назар доранд, маълум намешавад. Вале мутолиаи бештари навиштаҳои идеологӣ ба ин хулоса мерасонад, ки ҳифзи қудрати гурӯҳи ҳукмрон ба моҳияти аслии «идеологияи миллӣ» табдил ёфтааст.

Идеология равиши нодуруст ва ғайриилмии ҳалли амалии мушкилоти мавҷудаи ҷомеа аст. Ба назари Маннҳайм, на фақат одамони муқаррарӣ ва сиёсатмадорон, балки файласуфону мантиқшиносон ҳам ба чунин иштибоҳ роҳ медиҳанд. Ӯ дар асари худ “Идеология ва утопия” инро тасдиқ карда, ҷомеашиносии донишро методи шинохти чунин иштибоҳ меномад. Типҳои тафаккуре вуҷуд дорад, ки бе дарки заминаҳои иҷтимоӣ онҳоро шинохтан ғайриимкон аст. На ҳама гуна тафаккур маҳсули худи як инсон ва таҷрибаи фардии ӯ аст. Дар бисёри мавридҳо на фардҳо ба танҳоӣ фикр мекунанд, балки дар доираи гурӯҳ мулоҳиза мекунанд, ки дар ҷараёни муайяни таърихӣ шакл гирифтааст. Мо андешаи гурӯҳиро “мулоҳиза” меномем ва онро аз андешаи фардӣ ҷудо мекунем. Мулоҳиза фикр ва ё андешае мебошад, ки ҳамеша бо назардошти талаботу шароити муайяни гурӯҳӣ ва арзишҳои ахлоқи ҷамъӣ сурат мегирад. Он ба худии худ андешаи як нафар нест, балки машваратӣ ва маҷбурию таҳмилӣ аст. Инро Маннҳайм низ тасдиқ мекунад, гарчанде ӯ фаротар меравад ва ҳатто иддао мекунад, ки як фард ба танҳоӣ фикр карда наметавонад, балки дар раванди тафаккуре иштирок мекунад, ки кайҳо ташаккул ёфтааст.

II

Идеология системаи фикрие мебошад, ки дар хизмати дастгоҳи сиёсӣ қарор мегирад. Аз ин рӯ, он ҳам дар шакли динӣ ва ҳам дар шакли дунявӣ арзи ҳастӣ мекунад. Дар асрҳои миёна дин нақши идеологияи сиёсиро иҷро мекард. Баъд аз он ки дар давраи нави Аврупо дин ин гуна нақшро аз даст дод, сиёсатмадорон дар пайи тарҳрезии барномае шуданд, ки ба воситаи он идора кардани мардум осон гардад. Яке аз аввалин идеологияҳо дар Аврупо миллатгароии қавмӣ буд. Дар замони муосир бошад, идеологияи шаҳрвандӣ ба идеологияи давлатӣ дар кишварҳои ғарбӣ табдил ёфтааст. Дар асри 20 идеологияи комунистӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳукмрон гардида буд.

Аз ин нуқтаи назар, идеология дар ҳеч сурат “ҷаҳонбинӣ” ва ё “мактаби фикрӣ” нест. Балки идеология равиши хоси эътиқоди динӣ ва ё дунявӣ (ғайридинӣ) мебошад, ки як падидаи сиёсию иҷтимоиро ба сатҳи муқаддасӣ мебардорад. Дар мавриди идеологияи миллӣ, миллат ҳамин гуна падидаи муқаддасгардида мебошад. Дар ҳақиқат, агар миллат таърифи аврупоии он бошад, пас идеологияеро дар назар дорад, ки хилофи идеологияи динӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки баҳси мо фаротар аз таърифи идеология ва ташхиси намудҳои он (чун идеологияи динӣ, идеологияи миллӣ ва монанди инҳо) мебошад. Балки ин ҷо мехоҳем ба худи идеология баҳои илмӣ диҳем.

Оё ин категорияи илмӣ аст, яъне онро метавон чун ҳақиқати воқеӣ муқаррар кард? Ҷавоби мухтасар ин аст, ки чунин ҳақиқати илмӣ вуҷуд надорад, ки ба ҳама баробар тааллуқ дошта бошад. Балки он таҷассуми иродаи сиёсии элитаи ҳукмрон мебошад ва аз ҳамин нуқтаи назар иддаои он, ки бе идеологияи миллӣ давлати миллӣ вуҷуд надорад, дуруст аст. Ин иддао паёми элитаи сиёсиро ба мардум мерасонад, ки давлат ҷуз ирода ва манфиати ӯ нест. Аз ин рӯ, дар ҳеч сурат тарҳрезии идеологияи бетараф (нейтрал), ки ифодагари манфиатҳои умумии мардум бошад, имкон надорад. Ҳатто системаҳои ба истилоҳ “демократӣ”-и Ғарб ва дар гузашта ҷомеаи “сотсиалистӣ” ҳам наметавонанд чунин идеологияро дар амал татбиқ намоянд. Албатта, аз ҷиҳати назариявӣ чунин идеологияро пешниҳод мекунанд, вале дар амал элитаи ҳукмрон манфиатҳои худро дар мадди аввал мегузорад. Ба монанди идеологияи динӣ, идеологияи дунявӣ (қавмӣ, миллӣ, коммунистӣ ва ғайра) низ аз чанд ҷиҳат ба дастгоҳи идораи мардум табдил меёбад. Яке аз ин ҷиҳатҳо нақши машруиятбахшӣ (легитимизатсия)-и идеология мебошад. Элитаи ҳукмрон бо ишора ба даъвоҳои идеологие чун “давлати миллӣ”, “ваҳдати миллӣ” ва ё “таъмини сулҳу субот” рафторҳои муайяни худро, ки хилофи қонуну конститутсия ҳастанд ва ё онҳоро ба манфиатҳои худ мутобиқ мекунад, машруият мебахшад ва аз ин рӯ, давомияти ҳокимияти худро таъмин месозад. Даъвоҳои идеологии охир, бахусус “забони тоҷикӣ” ва “ҷудоихоҳии бадахшониҳо”* ғайримантиқӣ, ноҷо ва тарошаҳои аз бом афтода ба назар менамоянд, вале дар асли худ ҳатман манфиатҳои элитаи ҳукмронро ифода мекунанд. Аз як тараф, ин даъвоҳои идеологӣ диққати мардуми эҳсосии тоҷикро аз мушкилоти сиёсию иҷтимоӣ дур месозанд ва аз тарафи дигар, иддаои элитаи ҳукмронро тасдиқ мекунанд, ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистон мушкилоти ҷиддитаре, чун бегонапарастӣ ва ҷудоиталабӣ вуҷуд доранд. Шояд тасодуфӣ набошад, ки ду-се нафар ин масъалаҳоро маҳз дар давраи ошкор гардидани фасоди молии элитаи ҳукмрон дар миён гузоштанд. Агар тасодуф бошад, пас тасодуф ҳам дар хизмати элитаи ҳукмрон будааст.

(Эзоҳ: Манзурам хилофи онҳоест, ки иддао мекунанд чунин «ҷудоиталабӣ» (сепаратизм) вуҷуд дорад. Ва аслан ҳадаф вуҷуд доштан ва ё надоштани чунин падида нест, балки зарурат ва манфиати ҳамин даъво барои идеологияи сиёсӣ аст.)

III

Мафҳуми дигаре, ки бояд мавриди баҳс бошад, “халои идеологӣ” мебошад, ки ба иддаои баъзе идеологҳо аз замони пароканда шудани Иттиҳоди Шӯравӣ фазои Тоҷикистони соҳибистиқлолро фаро гирифтааст. Аз нуқтаи назари манфиатҳои элитаи сиёсӣ, ҳамин гуна халои идеологӣ ҳеч гоҳ вуҷуд надоштааст, дар сурате ки ҳифзи қудрати сиёсӣ муҳимтарин рукни идеологӣ будааст, ки бо ҳар шакле дар фазои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва зеҳнии ҷомеа ба намоиш гузошта мешуд. Он гоҳе ранги исломӣ, гоҳе ранги миллатгароӣ ва гоҳи дигар ранги прагматикӣ мегирифт ва дар ҳама рангу шакл заруратҳои замониро дар ҳифзи манфиатҳои элитаи ҳукмрон ифода мекард. Ба ифодаи дигар, давраи миллатгароӣ (то солҳои аввали 2000) ба хотири ҳифзи қудрати сиёсии ин элита буд, давраи исломисозии ҷомеа ҳам (то соли 2010), давраи дунявисозии ҷомеа (то соли 2015) ва давраи суннатисозии ҷомеа ҳам (аз соли 2015 инҷониб). Пас, ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳеч сурат бе идеологияи ҳукмрон набудааст, гарчанде дар рангу шаклҳои гуногун зуҳур, вале дар айни замон як функсияро иҷро карда: ҳимояи манфиатҳои элитаи ҳукмрон.

Мухолифони сиёсӣ ва идеологии элитаи ҳукмрон низ ғолибан аз ҳамин мантиқ кор гирифта, мавқеи хилофи иддаоҳо ва амалкардҳои идеологии элитаи ҳукмронро ба талаботи идеологии худ табдил додаанд. Бахусус, дар давраи дунявисозии ҷомеа аз тарафи элитаи ҳукмрон онҳо тавонистанд тарафдории бештар дар байни мардуми суннатӣ ва мазҳабии Тоҷикистон пайдо кунанд. Аммо тағйир ёфтани риторикаи идеологии элитаи ҳукмрон баъди соли 2015, ки сабабҳои худро дошт, мухолифонро ғафлатгир кард. Онҳо то ҳанӯз дарк накардаанд, ки элитаи ҳукмрон муносибати худро ба ҳаёти суннатӣ ва мазҳабии мардум на фақат “муътадил” кардааст, балки ба суннатисозии ҷомеа рӯ овардааст. Ин воқеиятро баъзе идеологҳо ва доираҳои идеологии ҳукумат низ дарк накардаанд ва ҳанӯз ҳам бовар доранд ва ақаллан дар хоби шабашон орзу мекунанд, ки элитаи ҳукмрон ба ҳадафҳои дунявисозии ҷомеа вафодор аст.

Барои дарки муҳимияти суннатисозии ҷомеа дар солҳои охир, бояд сабабҳои онро мухтасар таъкид кунем. Пеш аз ҳама, қабули қонун дар бораи Пешвои миллат дар охири соли 2015 ва ҳамчунин аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ҳизби исломӣ ин заруратро пеш овард. Элитаи ҳукмрон ва мушовирони аз набзи айём воқиф ба натиҷа расиданд, ки дунявисозии ҷомеа ба нафъи элитаи ҳукмрон нахоҳад буд. Балки барои легитимӣ кардани қудрати сиёсии худ элитаро зарур аст, ки афкори оммаи суннатии тоҷикро ба назар бигирад. Яке аз рукнҳои ин афкор дини ислом аст, ки бояд аз роҳи “навсозӣ” ба талаботи мавҷудаи элитаи ҳукмрон мутобиқ гардад. Бо такя задан ба пешниҳоди шарқшиносони ғарбӣ, ки аз ҷиҳати қолаби андеша политкоррект ва постколониалӣ ҳаст, идеологҳои элитаи ҳукмрон бовар доранд, ки ислом бояд ислоҳ ва ба талаботи дунявӣ мувофиқ карда шавад.

IV

Гурӯҳи дигаре аз ҳисоби зиёиён низ ба доми идеологӣ афтодаанд. Табиатан, онҳо бовар доранд, ки аз роҳҳои радикалӣ ва инқилобӣ наметавон ба ислоҳи пойдору давомдори ҷомеа ноил шуд. Бо ин иддао, роҳи тадриҷии ислоҳро интихоб мекунанд, ки онро “маърифатпарварӣ”, “рӯшангарӣ”, “ислоҳоти тадриҷӣ” ва ҳамин қабил номҳои болохонадору худситоёна меноманд. Ба назар менамояд, ки онҳо тарзи андешаи мардумро ислоҳ ва иваз мекунанд, ки оқибати кор ҳама гуна итоаткорӣ ва фармонбардориро қабул нахоҳанд кард. Дар натиҷа, ҳокимияти худкомаи элитаи сиёсӣ аз дохил мепӯсад ва вожгун мешаваду ҳокимияти мардумсолорӣ таъсис меёбад. Бояд гуфт, ки иддаои ин гурӯҳро наметавон аз назари хирад санҷидашуда ва ё ақаллан боварии онҳо ба ин тарзи ҳалли мушкилот номид. Балки он “мулоҳиза” буда, иборат аз характерҳои хоси ин гурӯҳи зиёиён, аз қабили фурсатталабӣ, муҳофизакорӣ, авомфиребӣ ва роҳатталабӣ таркиб ёфтааст, ки дар айни замон ҳар яке аз ин характерҳои манфиатмеҳварона аз тарси ботинии онҳо аз элитаи ҳукмрон реша мегирад. Онҳо метарсанд ҳақиқатро дар ҳоли ҳозир ошкор кунанд, аз ин рӯ, худро бо афсонаҳои “маърифатпарварӣ”, “рӯшангарӣ” ва “ислоҳоти тадриҷӣ” сафед ва пуштибонӣ мекунанд. Аммо коре, ки онҳо мекунанд, на камтар аз кори идеологҳо ба манфиати элитаи ҳукмрон тамом мешавад. Эҷодиёти онҳо аз назари сохторӣ ва моҳиятӣ ба ин мусоидат мекунанд: ваъзи маърифатпарварона ва ислоҳталабонаашон дар миёни дандонҳои шиканҷаи муқаддима ва хулоса – васфномаи элитаи ҳукмрон дармемонад ва бо сабаби мураккабию духӯрагии баён барои хонанда нофаҳмо ва бемаъно боқӣ мемонад. Хонанда аз ин вазъ чизе гирифта наметавонад, магар талқини бузургии элитаи ҳукмрон дар муқаддима, хулоса ва дар ҷо-ҷои ваъз.

Бешубҳа, як дастгоҳи қудратманди идеологияи сиёсӣ маориф ва рӯшангарӣ мебошад, ки элитаи ҳукмрон аз онҳо ба тавру ба хости худ истифода мебарад. Дар натиҷа, маориф ва рӯшангарӣ моҳият ва рисолати аслии худро, ки ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва гуманистӣ мебошад, аз даст медиҳад ва ба афзори тарғибу талқини идеологӣ табдил меёбанд. Коре, ки имрӯз ба истилоҳ “рӯшангарон”-и тоҷик карда истодаанд, ҳамин натиҷаро ба бор овардааст. Илму маориф ва ҳунар, аз он ҷумла адабиётро дар хизмати элитаи ҳукмрон қарор додаанд. Ин “рӯшангарон”-и мулоҳизакор, ки дар асл идеологҳо ва ё тарғибгарони идеологии элитаи сиёсӣ ҳастанд, мардумро беморе тасаввур мекунанд, ки бояд ба ӯ нӯшобаи идеологӣ диҳанд. Ин ҷо саволҳое пайдо мешавад ба ин қарор: Магар мардум манқурт аст, ки дар он таҷрибаҳои худро меозмоед? Магар вазифаи илму маориф ва ҳунар аз кори идеологӣ иборат аст, ки ҳеч рабте ба ҷаҳонбинии илмӣ ва ормонҳои гуманистӣ надорад? Кори идеологӣ ба ҷуз тарғиби манфиати элитаи ҳукмрон чизи дигаре нест ва манфиати элитаи ҳукмрон ба ҷуз ҳифзи қудрати сиёсӣ нест. Магар бо ин “рӯшангарӣ” мо дар пайи сохтани ҷомеаи бастае чун Кореяи Шимолӣ ва ё Эрони исломӣ нестем?

Идеология ҳатто дар шакли фарогир ҳам қобили пазириш нест. Яке даъво мекунад, ки мо бояд идеологияро ба маънои “тоҷикистонӣ” бифаҳмем ва тарвиҷ кунем. “Тоҷикистонӣ” чун фарогири намояндагони ҳамаи қавму қабилаҳо ва дину мазҳабҳои кишвар дар ҳақиқат қобили қабул аст. Аммо ӯ дар давоми пешниҳодаш, аллакай дар бахши алоҳида, дини исломро аз ҳамаи тааллуқиятҳо фаротару фарогиртар мешуморад. Меъёрҳои исломиро ҷаҳонӣ медонад. Аммо ин шиоре беш нест, чун дар воқеият тамоман акси ин рух медодааст ва ҳанӯз медиҳад. Ислом ҷаҳонӣ буда наметавонад, ба ин маъно ки он ҳамаи мардумонро новобаста ба тааллуқиятҳои миллию нажодӣ ва динию мазҳабиашон фаро намегирад. Оё як буддоӣ ва ё масеҳию зардуштиро метавон мусулмон номид? Не, албатта. Ислом танҳо дар сурати мусулмон шудани ҳама мардумони ҷаҳон ҷаҳонӣ мешавад ва Қуръону ҳадис ҳам ҳаминро дар назар доранд. Аз ин гузашта, Ислом дар дохили худ ҳам ягона ва муштарак нест. Намояндагони як мазҳаб худро мусулмону намояндагони мазҳаби мухолифро бо номҳое ғайримусулмон мешуморанд.

V

Аксарияти мардуми Тоҷикистон адолати иҷтимоиро на дар робита ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва вазъияти сиёсии худ, балки дар робита ба риояи аҳкоми исломӣ дар ҷомеа мебинад. Мувофиқи ин зеҳнияти авом, агар аҳкоми исломӣ дар ҷомеа риоя шуд ва элитаи ҳукмрон ба ин мусоидат кард, пас, муҳимтарин ҷиҳатҳои адолати иҷтимоӣ таъмин мешавад. Мувофиқи ин зеҳният, шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ нақши дуюмдараҷа дар ташхиси адолати иҷтимоӣ доранд. Аз ин рӯ, дар давраи нав элитаи сиёсӣ ин ҷиҳатро ба назар гирифта, бештар ба суннатисозии ҷомеа мекӯшад. Дар ин замина, ҳар чи бештар қонунҳои дунявӣ ба ҷаҳонбинӣ ва талаботи суннатӣ, аз он ҷумла ба ҷаҳонбинии динии мардум мутобиқ карда мешавад.

Мухолифони исломӣ ва идеологҳои дарбории дар ғафлатмонда ҳанӯз ҳам дар солҳои 2010-2015 зиста, мехоҳанд бо баҳсҳои динӣ-дунявӣ корзори сиёсӣ ороста, афкори оммаро ба самти худ ҷалб намоянд. Аммо воқеият дигар шудааст: афкори суннатии оммаро беш аз пеш элитаи ҳукмрон ба худ ҷалб мекунад, ки дар пайи таҳкими сулолаи хонаводагӣ аст. Мардум ҳам ба ин оянда мушкиле нахоҳад дошт, дар ҳоле ки элита на фақат суннатҳои ҳазорсолаашро эҳтиром мекунад, балки ба қонуни давлатӣ табдил медиҳад. Аз нуқтаи назари зеҳнияти оммавӣ, суннат ҳолате дар байни диният ва дунявият аст, ки онро элитаи ҳукмрон таъмин кардааст. Мазҳаби суннатии дини ислом ба яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ табдил ёфтааст, дар ҳоле ки чун садсолаҳои пеш нақши машруиятбахшии ҳокимияти дунявии сулолаҳои хонаводагиро иҷро мекард. Ҳам сиёсишавии дин ба маънои саркашӣ аз итоат ба элитаи дунявӣ ва ҳам аз саҳнаи сиёсӣ берун шудани он – ҳар ду ба давомияти элитаи ҳукмрон хатар эҷод мекунад. Бинобар ин, ислом бояд як чизе дар миёна бошад, ки “исломи суннатӣ” номида мешавад. Таъкидан, ин варианти ислом ғайрисиёсӣ нест, балки дастгоҳи сиёсии машруиятбахшанда дар зери итоати элитаи ҳукмрон мебошад. Аксарияти сулолаҳои асримиёнагии ҳавзаи сиёсии туркҳо, аз қабили Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Усмониён, Темуриён… ва Манғитиён бо ҳамин шакли миёнаравӣ пойдору давомдор буданд. Таърихи пайдоишу ташаккули Ҳанафия ва Нақшбандия ба ҳамин шакли идора бармегардад.

VI

Дигар масъалаи баҳсталаб робитаи “идеологияи миллӣ” бо “руҳияи миллӣ” мебошад. Олимону донишмандони дарборӣ таъкид мекунанд, ки бе идеологияи миллӣ ғайриимкон аст, ки рӯҳияи миллӣ тақвият дода шавад ва ваҳдати миллӣ таъмин гардад. Аммо воқеият ин аст, ки аксарияти мардум моҳияти идеологияи миллиро дарк намекунанд ва ё ба санадҳои ба идеологияи миллӣ марбута дастрасӣ надоранд. Аз ин рӯ, худ аз худ ин иддао бепоя аст. Балки ду сабаби аслии таъмину пойдории рӯҳияи миллӣ ва ваҳдати миллӣ вуҷуд дорад: яке, адолати иҷтимоӣ ва дуюм, тарс. Агар дар ҷомеа адолати иҷтимоӣ таъмин набошад, танҳо тарс аст, ки ваҳдати миллиро нигоҳ медорад. Аз ин хотир, дар ҷомеаҳои аз адолати иҷтимоӣ маҳрум элитаи сиёсӣ қудрати худро бо восита ва роҳҳои зӯроварӣ таъмин мекунад. Дар айни замон, аз дискурҳои ҷанг ва бенизомӣ истифода мебарад. Ҳама гуна эътирозро чун амали зидди сулҳу ваҳдат ва хиёнат ба давлату миллат тафсир медиҳад. Ба воситаи дастгоҳҳои тарғиботии худ аз унсурҳои алоҳидаи идеология ва дин низ сӯиистифода мебарад. Ин дастгоҳи тарғиботӣ давлатро чун “дастгоҳи ҳифзи манофеи миллӣ” арзёбӣ мекунад ва, бо ин роҳ, ба давомияти қудрати элитаи сиёсӣ машрӯият мебахшад. Дар асл, ин дастгоҳ аз назари мардум ин ҳақиқатро пинҳон мекунад, ки давлат дастгоҳи ҳифзи манофеи элитаи ҳукмрон мебошад.

VII

Масъалаи дигар ин аст, ки чӣ гуна мешавад, тибқи пешниҳоди идеологҳои дарборӣ, идеологияи миллиро “ҳамчун низоми мукаммали ақидатӣ” ба вуҷуд овард ва ин ваксинаро ба шарёни андешаҳои мардум интиқол дод? Пеш аз ҳама, чунин низоми мукаммали ақидатӣ имкон надорад, на фақат ба он хотир ки ба вуҷуд овардани он ғайриимкон аст ва агар ба вуҷуд оварда шавад, ҳатман ба зарари элитаи ҳукмрон тамом мешавад. Балки элитаи ҳукмрон манфиатдор аст, ки идеологияи миллӣ танҳо дар ном, дар шиор ва дар сиёҳнавис вуҷуд дошта бошад, то аз рӯи зарурат мувофиқ ва ё иваз кардани он вобаста ба талаботи ивазшавандааш имконпазир бошад. Шарти дигар он аст, ки ба ҷуз баъзе ҷанбаҳои тарғиботӣ, бояд моҳияти аслии идеология ба мардум нофаҳмо ва нокушода бимонад. Ба мардум имкон набояд дод, ки дарк кунад, идеология дар ҳама шакли он, ҳатто дар шакли Марксизм, ки бояд манфиатҳои синфи мазлумро ҳимоя кунад, ба элитаи ҳукмрон хизмат мекунад. Он на дар хизмати дин, миллат ва ё синфи мазлум аст, балки пойдорию давомияти синфи ҳукмронро таъмин менамояд. Дар партави амалҳо ва ҷиноятҳои худ, элита ин вазъиятро дарк мекунад ва аз ин рӯ, беш аз пеш шиор мепартояд ва дар ҳеч сурат консепсияи идеологияи миллиро дастраси умум намесозад. Дар айни замон, пеши роҳи нафарон ва гурӯҳҳоеро мегирад, ки ба таҳияи консепсияи алтернативӣ машғул мешаванд. Элитаи сиёсӣ ва идеологҳои он дарк мекунанд, ки дар сурати риоя ва иҷрои Конститутсия ва Барномаи рушди миллӣ зарурате ба идеология дар ҳама шаклҳои он (динӣ, миллӣ, комунистӣ…) намемонад. Аммо идеологияро аз ин санадҳо муҳимтар месозад, то ки ҷомеаро на аз рӯи дастури дақиқ ва амалипазир, балки аз рӯи роҳнамои иллюзорӣ ва саргумкунанда идора кунад. Дар сурате ки нишондодҳои ин санадҳои ҳуқуқӣ иҷро намешаванд, санаде аз онҳо муҳимтар мегардад, ки на фақат асоси ҳуқуқӣ надорад, балки хилофи талаботи онҳо мебошад. Конститутсия инсонҳоро, новобаста ба миллат, нажод, забон, эътиқод ва вазъи иҷтимоиашон, мақоми шоиста медиҳад, аммо идеология дар шаклҳои гуногуни он (чун динӣ ва миллӣ) дар асоси ин фарқиятҳо дар байни мардум нобаробарӣ эҷод мекунад.

VIII

Як иллюзияе, ки баҳси идеология дар ҷомеа ба роҳ мондааст ва, дар айни замон, худ барои он роҳи ҳал пайдо карда наметавонад, назарияи тавтиа аст, ки вақтҳои охир мисли бемории гузаранда ҳамаи идеологҳо ва донишмандони тоҷикро сироят кардааст. Чанд соли пеш шоҳиди суҳбати як афғону як покистонӣ ва як ҳиндӣ шуда будам. Афғон покистониро дар ҷанги беохири кишвараш гунаҳкор мекарду покистонӣ ҳиндиро муқассири мушкилоти минтақа мешуморд. Ҳиндӣ, ки худ ҷомеашинос буду зуд-зуд ба сафари хидматӣ ба Ҳиндустон мерафт, хомӯш буду танҳо табассум мекард. Аз ӯ пурсидам: Шумо чӣ назар доред, ба назари шумо айби кист, ки минтақа орому мушкилоти мардум осон намешавад? Ӯ хандиду гуфт: Оё метавонам миллату давлати дигареро дар ахлоттӯдаҳо ва надоштани ҳоҷатҳхонаҳо дар кишварам гунаҳкор кунам?

Ин суҳбати одӣ дар шинохти моҳияти идеология нақши розкушоро дорад. Биниши идеологӣ ба масъалаҳо инсонро тавтиагаро мекунад. Он роҳи ҳалли мушкилотро дар набуди душман мебинад. Тибқи он, агар душман вуҷуд надошта бошад, пас, мушкилот ҳам вуҷуд надоранд, чун мушкилот хоси мо нест. Ин душман аст, ки дар байни мо медарояд ва мушкилот эҷод мекунад. Қолаби зеҳнии фитна (фитнакорӣ, қувваи сеюм, қувваи сиёҳ) дар эътиқоди исломӣ ҳаминро талқин мекунад.

Дар як даврае душмани идеологии тоҷик нажоди ғайриориёӣ буд, дар давраи миёна ғайримусулмон ва дар давраи нав душман тағйир карду неруҳои манфиатҷӯи минтақа ва ҷаҳон шуд. Дар асл, ин душманон вуҷуд надоштанд, вале иродаи элитаи сиёсӣ онҳоро ба душман ва бегона табдил дода буд. Акнун ин ирода неруҳои манфиатҷӯи минтақа ва ҷаҳонро ба душман табдил додааст ва мардумро даъват мекунад, ки аз онҳо эҳтиёт бошанд. Маҳз ҳамин категорияи идеология гурӯҳе аз ҳаммилатонро чун бегонапарасту хиёнаткор ном мебараду тамға мезанад. Албатта, ин бозӣ нав нест, балки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳони муосир истифода бурда мешавад. Элитаи ҳукмрони Эрон низ аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки аз ин дастгоҳи идеологӣ барои пӯшондани камбудиҳои дохилии кишвараш (аз қабили бекорӣ) кор мебарад. Барои Эрон Амрико ва Исроил душмани абадие мебошанд, ки тамоми нокомиҳои худро дар масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба онҳо марбут медонанд. Эътирозоти густардаи охир дар шаҳрҳои ин кишвар низ аз ҳамин зовия баҳо дода шуд.

Зеҳни тавтиагароёна идеологҳои дарбории тоҷикро мутмаин кардааст, ки эътирози маҳалҳои Тоҷикистон ва ё ҷудоиталабии бадахшониҳо кори дасти ҳамин неруҳои манфиатҷӯи хориҷӣ аст. Мавриди зикр аст, ки тавтиагароӣ аз зеҳни исломӣ ва шӯравимаоби тоҷикон об мехӯрад. Дар Ислом мафҳуми “фитна” ба ҷангҳое дар оғози Ислом ишорат мекунад, ки неруҳои хориҷӣ мехостанд дар байни мусулмонон ҷудоӣ андохта, ба воситаи онҳо шӯру исён бар зидди халифаи вақт барпо кунанд ва ҳамин гуна пояи сиёсии динро аз байн бубаранд. Дар ин гуна фитнаҳо нақши яҳудиҳо ва аъробе, ки ҳанӯз исломро қабул накарда буданд, калидӣ дониста мешуд. Аз ин рӯ, дар зеҳни мусулмонон тавтиа, пеш аз ҳама, ба яҳудӣ рабт мегирад. Ҳокимияти Шӯравӣ низ дар шароите ташаккул ёфта буд, ки муборизаҳои ба истилоҳ “синфӣ”, ки дар асл муборизаи элитаи нав ва кӯҳна буд, даҳсолаҳо қатъ намегардиданд. Дар айни замон, идеологияи антагонистии Ҳизби комунистии Шӯравӣ иҷозат намедод, ки элитаи нави сиёсӣ бо гурӯҳҳои мухолиф гуфтушунид ва ҳамкорӣ кунад. Барои дуруст баровардани мавқеи худ, элитаи ҳукмрон пайваста ба дахолати душманону бадхоҳони хориҷӣ таъкид мекард ва муддати ҳафтод сол тавонист тавтиапиндориро чун рукни муҳими зеҳнияти ҳамагонӣ шакл диҳад. Имрӯз тоҷик бо ҳамин таҷрибаи исломӣ ва шӯравӣ итминон дорад, ки дар мушкилоти дохилии ӯ ҳар касе ва ҳар фариқае гунаҳкор аст, ба ҷуз худи ӯ. Ва ин зеҳният ба идеологияи ҳукмрони элитаи сиёсӣ созгор ҳам ҳаст.

Дар воқеият, фарқияту гуногунии динию мазҳабӣ ва қавмию маҳаллӣ, ки амри табиӣ аст, на фақат бо дахолати хориҷиҳо ҷанбаи сиёсӣ мегираду ба омили тафриқасоз табдил меёбад. Балки омилҳои дохилӣ, чун беадолатии иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва ғайра саҳми бештар доранд. Агар ин мушкилот роҳи ҳал пайдо кунанд, дар айни замон ба фарқияту гуногуниҳои динию мазҳабӣ, бединӣ, қавмию маҳаллӣ ва забонии мардумони Тоҷикистон эҳтиром гузошта шавад, баръакс, ин мардумон манфиатдор мешаванд, ки кишварашонро аз дахолати неруҳои хориҷӣ ҳимоят кунанд. Дар ҳоле ки аз байн бурдани омилҳои хориҷии ҷудоиандоз ба иродаи мо вобастагӣ надорад, аммо ҳалли мушкилоти дохилиро сад дар сад дар ихтиёр дорем. Барои ин, зарур аст, ки элитаи ҳукмрон аз манфиатҳои маҳдуди гурӯҳии худ даст кашад ва ҷавлонгоҳи сиёсиро барои ҳамагон боз намояд.

Мақоли “об дар хонаву мо ташналабон мегардем”-ро бояд ба ин маъно бифаҳмем, ки на фақат роҳи ҳал (об) дар дохил аст, балки худи мушкилот (ташналабӣ) ҳам аз вазъияти дохилии мо вобаста аст. Албатта, наметавон гуфт: сад дар сад. Баръакс, қолаби зеҳнии фитна моро водор мекунад, ки роҳи ҳалли саддарсадаро пайдо намоем. Барои ҳамин, душманро аз берун пайдо карда, роҳи ҷангу ҷиҳоду худтаркиро пеша мекунем. Нахуст, бояд қабул кард, ки дар системаи муносибатҳои байналмилалӣ ҳамаи миллатҳо ва давлатҳо ба якдигар вобаста ҳастанд. Ҳар як давлат мекӯшад, ки вобастагии худро аз ҳисоби бештар вобаста кардани дигар давлатҳо коҳиш диҳад. Ба ин абарқудратҳо то андозае ноил мешаванд. Онҳо ҳам вобастагиашонро аз дигар давлатҳо пурра аз байн бурда наметавонанд. Вазъият боз аз он ҷиҳат печидатар аст, ки давлатҳо ягона субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ нестанд. Ба ҷуз давлатҳо, иттиҳодияҳои сиёсии минтақавӣ (аврупоӣ, африкоӣ, пасошӯравӣ), тамаддунӣ (ғарбӣ, исломӣ) ва иқтисодӣ (нафтӣ), корпоратсияҳои молиявӣ, тиҷоратӣ ва саноатӣ, ташаккулҳои эътиқодӣ, қавмӣ, ҳарбӣ ва ғайра субъектҳои фаъол ва таъсиргузори муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд. Дар дохили як давлат (чи кӯчак ва чи бузург, чи заиф ва чи абарқудрат) аз чунин субъектҳои ғайридавлатӣ чандинто фаъолият мекунанд ва ҳатман ба муносибатҳои байналмилалии ин давлат таъсир мегузоранд. Ба ифодаи дигар, таъсири хориҷӣ дигар ба монанди обу ҳаво ногузир гардидааст. Бешубҳа, ин обу ҳаво заҳролуд ҳам ҳаст ва барои зиёни камтарин дидан бояд аз хирад ҷавшане ба бар кард. Онҳое, ки дар ҳама мушкилӣ омилҳои хориҷиро муқассир медонанд, ҳолати шахсеро доранд, ки ба ҳавои сард бараҳна мебарояд ва чун бемор мешавад, на беандешагии худро, балки ҳаворо гунаҳкор мекунад. Фааромӯш накунем, ки

Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст (Рӯдакӣ).

Дар вазъияти худ қувваҳои берунаро гунаҳкор кардан ба манфиати элитаи ҳукмрон аст. Бинобар ин, бо тамоми назокатҳо ин боварӣ ва ё тавтиапиндориро дар зеҳни мардум ҷо кардан ба вазифаи якумдараҷаи зиёиёни дарбор табдил меёбад. Пурсида мешавад: Агар бовар накунем, ки мушкилии аслӣ дар қувваҳои беруна аст, он гоҳ чӣ мешавад? Бе ҳеч гуна тардид, дар пайи ҳалли мушкилот мешавем.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *