Бо вуҷуди ин ки ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд боиси шуйӯъи босуръати вируси коруно дар кишвар шуд ва тавассути меҳмонони ин ҷашн ба тамоми нуқтаҳои кишвар расид, бо вуҷуди ин ки кишвар барои таъмини ҳатто табибон ба либосҳои муҳофизатӣ пул надораду ба хориҷ дасти соилӣ дароз кардааст, мақомоти Тоҷикистон аз идомаи ҷашнҳои пурдабдаба дастбардор нест. Қарор аст ҷашни 23-юмин солгарди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳамон шукӯҳи қаблӣ баргузор шавад.
Аз ҷиддият ва сатҳи баргузории ин ҷашн, сафари ду мақоми баландпояи кишвар барои шиносоӣ ба омодагии мақомоти ноҳияи Мастчоҳ гувоҳи медиҳад. Рӯзи 9 июн ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода “ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз ноҳияи Мастчоҳ боздид намуданд” — хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд. Онҳо бо сохтмони мактабу кӯдакистонҳо, толори варзишӣ, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, Маркази адлия, майдони Парчами давлатӣ, монументи “Пахта” ва навсозии боғи фарҳангиву фароғатӣ шинос шудаанд.
Дар ҳоле, ки кишвар ба тамоми ҷаҳон дасти соилӣ дароз кардааст, масорифи ин сохтмонҳо дар як ноҳияи кӯчак ҳайратовар аст: , Қасри фарҳанг барои 1 ҳазор ҷойи нишаст бо харҷи беш аз 30 млн сомонӣ ва Варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст бо 11 млн сомонӣ сохта мешавад.
Қарор аст дар чорабиниҳои ҷашнӣ дар Мастчоҳ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, вакилони мардумӣ, ходимони илму фарҳанг, аҳли ҷомеа ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар кишварҳои хориҷи дуру наздик ширкат варзанд.
Дар доираи сафар ба ноҳияи Мастчоҳ раисҷумҳур дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани наздики 30 иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ иштирок карда, бо фаъолони ноҳия вомехӯрад ва бо дастовардҳои соҳаҳои саноату бахши кишоварзӣ шинос мешавад.
Албатта саҳми давлат дар ин сохтмонҳо ночиз буда, онҳо асосан аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ, ки ба гуфтаи мақомот “ихтиёран ва ҳисси баланди ватандӯстӣ” барои ин сохтмонҳо иқдом кардаанд, бунёд мегарданд. Вале дар замони шуйӯъи вирус ва бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳатто нишондиҳандаи манфии иқтисоди Тоҷикистонро пешбинӣ кардааст, ин масориф ҷуз азҳадгузаронӣ дар исроф чизи дигаре нест.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, ҳатто баъди эътирофи вуҷуди вируси коруно дар кишвар ва муроҷиъати давлат ба кишварҳои ҷаҳон барои кӯмак низ маблағситонӣ аз соҳибкорон барои бунёди ин иншоот камтар нашуда, баръас ба хотири тамом кардани онҳо то сафари раисҷумҳур, бештар шудаанд. Як соҳибкори мастчоҳӣ, ки бо далелҳои маълум номаш зикр намешавад ба Паём гуфт, аз ӯ қариб як сол қабл барои омодагӣ ба сафари раисҷумҳур 50 000 сомонӣ гирифта буданд, аммо охири моҳи апрел гуфтаанд, ки барои тамом кардани сохтмони варзишгоҳ пул намерасад ва бояд 30 000 сомони дигар пардохт кунад.
Ба ҳамин монанд, аз чанд соҳибкори дигар бо ваъдаи ин ки “бори охирин аст ва дигар пул намепурсанд” чанд маротибагӣ маблағ ситонидаанд. Як хонандаи Паём навиштааст “бародарам мехост 4 дастгоҳи нафаси сунъӣ ба беморхонаи ноҳия харидорӣ кунад, вале раиси ҷамоъат гуфт, ки дастгоҳҳоро давлат мефиристад, шумо ин пулро ба сохтмони бинои ҲХДТ диҳед, ки пешвои миллат хурсанд шаванд”.
Воқеъан, чаро бо вуҷуди интиқодҳои шадиди дохиливу хориҷӣ, мақомот на аз ҷашни Наврӯз худдорӣ карданд ва на мехоҳанд ҷашни 23-солагии ваҳдатро лағв кунанд?
Маълумоти дастрасшуда ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки инҷо ду сабаби асосӣ вуҷуд дорад.
“Бемории шӯҳрат”-и Эмомалӣ Раҳмон
Тибқи иттилоъи як манбаъ Паём, дӯстдоштатарин мавзӯъи раисҷумҳур дар ҷаласаҳои ҳукумат ин баргузории ҷашну маросимҳост. Ӯ мегӯяд “дар маҷлисҳои ҳукумат, вақте масъалаҳои дигар баррасӣ мешаванд, раисҷумҳур таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намекунад ва зуд ба мақомоти дахлдор супориш медиҳад, ки масъаларо “дида бароянд”. Аммо ҳамин ки масъала ба баргузории ҷашне расид, дарҳол зинда мешавад ва дар баррасии майдатарин масъалаҳо фаъолона ширкат мекунад. Баъзан ҳатто агар дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи ҷашн нест, худаш онро пешниҳод мекунад”.
Ин манбаъ мегӯяд Раҳмон бештар аз ҳама ба ороиши саҳнае, ки худаш онҷо мешинад, ва консертҳову рӯйхати сарояндагон диққат медиҳад. “Ё худаш рӯйхати сарояндагонро пешниҳод мекунад ва ё аз рӯйхати пешниҳодшуда чанд нафарро хат зада, нафарони дигарро пешбарӣ мекунад”.
Ба гуфтаи манбаъи Паём раисҷумҳури Тоҷикистон ба “дарди ситоразадагӣ” (звездная болезн) гирифтор аст ва мехоҳад ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ ва таъзими мардум қарор гирад. “Агар байни ҷашнҳо фурсат бештар аст, шахсан супориш медиҳад, ки сафараш ба ноҳияҳоро тарҳрезӣ кунанд. Дар ин тарҳрезӣ ҳам гоҳе шахсан ширкат мекунад ва гоҳе баъди анҷом шуданаш онро бо диққат аз назар гузаронда, бештар аз ҳама ба пешвози худаш аз тарафи мардум диққат медиҳад” — мегӯяд манбаъ.
Бузургтарин бизнеси ҳокимони маҳаллӣ
Тибқи иттилоъи манбаъи дигар, сафари Раҳмон ба манотиқ бузургтарин бизнеси мақомоти маҳаллӣ аст. Бо баҳонаи сафари ӯ мақомоти маҳаллӣ аз соҳибкорон, деҳқонон, кормандони буҷавӣ ва умуман кулли сокинон миллионҳо доллар ҷамъоварӣ карда, ба кисаи худ мезананд. Ҳар касе камтарин эътироз кард, дарҳол суол мекунанд, ки “ту сафари пешвои миллатро намехоҳӣ?” ё “ту ба сиёсати пешвои миллат зид ҳастӣ?”. Ин суолҳо ба гуфтаи манбаъ “сахттар аз ҳукми чанд соли зиндон мардумро метарсонад”.
Як манбаъ аз ҳукумат мегӯяд, ду ҳафта қабл аз баргузории ҷашни Наврӯз, мақомот аллакай медонистанд, ки вирус дар кишвар паҳн шуда истодааст ва ҷашн метавонад ба паҳншавии он суръати бештар бахшад. Чанд нафар дар ҳукумат, аз ҷумла худи ӯ пешниҳод ҳам кардаанд, ки баргузории ҷашн дар Хуҷанд лағв ва сафари раисҷумҳур ба вилояти Суғд мавқуф гузошта шавад. Аммо ин пешниҳод ба мухолифати шадиди чанд нафари калидӣ, аз ҷумла Асадулло Раҳмонов, мушовири раисҷумҳур, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисҷумҳур, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва раҳбарияти КДАМ дучор шудааст.
“Раҷаб (Раҷаббой Аҳмадзода, шарҳи Паём) ба камиаш 5 миллион доллар аз барои ҷашни Наврӯз ҷамъоварӣ карда буд. Фақат аз худораҳматии Ислом (Исломҷон Рустамов, муассис ва роҳбари ширкати “Газойл”, Паём) 300 ҳазор доллар гирифт. Агар Наврӯз баргузор намешуд, гапи ин пулҳо мебаромад ва президент ё Рустам (Рустами Эмомалӣ, Паём) мумкин буд аз вай ҳисобот талаб кунанд. Барои ҳамин мурдаашро партофт, ки ид баргузор шавад. Ҳарду Раҳмонов ҳам барои пул шуда, Раҷабро лобигарӣ мекарданд” — таъкид кард манбаъ.
Ин манбаъ мегӯяд ҷашни 23-солагии Ваҳдат ҳам бо ҳамин шакл ва аз тарафи ҳамин се нафар лобигарӣ мешавад. Ӯ таъкид мекунад “яке аз сабабҳои асосии ҷавоб додани беморон аз беморхонаҳо барои ҳамин ҷашн аст. Ба ҷои ин ки беморонро дар беморхона табобат кунанд, масъулияти табобати онҳоро ба дӯши табибони хонаводагӣ гузоштаанд ва онҳо хона ба хона гашта, беморонро табобат мекунанд. Сабаби асосии якбора кам шудани шумори беморон дар беморхонаҳо ҳам ҳамин аст”.
Ба гуфтаи як хонандаи Паём, дар деҳаи Сомониёни ин ноҳия садҳо нафар ба вируси коруно гирифтор шуда, дар хонаҳояшон табобат мегиранд ва рафтан ба беморхонаро то омадани “пешво” ба онҳо қатъан манъ кардаанд. Ӯ менависад “дар ҷамоъати мо ҳар рӯз камаш як нафар мемирад, вале амниятиҳо ба аъзои оилааш таҳдид мекунанд, ки ба касе нагӯянд, ки аз вирус мурд”.
Тибқи иттилоъи хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд зимни сафарашон “Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои сохтмонии монументи «Пахтаи шукуфон» шинос гардиданд. Иншооти мазкур бахшида ба ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон бунёд шуда истодааст.
Тибқи лоиҳа сутунпояи монумент 10 метр, андозаи худи пахтаи шукуфон 5 метр, баландии умумии иншоот 17,4 метр мебошад. Дар болои сутунпоя ва поёни пахта, кураи замин ва дар рўйи он навиштаҷоти «Ноҳияи Мастчоҳ» дарҷ гардидааст”.
Гуфта нашудаст, барои сохтмони ин монумент чӣ қадар маблағ сарф шудааст, вале бо итминон метавон гуфт, ки чанд ҳазор доллари ин сохтмон ба кисаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва чанд ҳазори дигараш ба кисаҳои ду Раҳмоновҳову раиси ноҳияи Мастчоҳ рафтааст.
Ҳамчунин мешавад бо боварии комил таъкид кард, аз маблағе, ки барои сохтмони ин ҳайкали пахта масраф шудааст, мешуд садҳо ё шояд ҳазорҳо адад либоси муҳофизатӣ дӯхта, ҷони аксари беш аз 1700 табибро, ки ба коруно гирифтор шудаанд, ҳифз кард ва ҷони ҷанде аз 64 табиби фавтидаро наҷот дод. Табибоне, ки ҷони як нафарашон аз ҳазорҳо ин гуна ҳайкалу тандисҳои бемаънӣ гаронтар аст.