Сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод бо Рашид Ғанӣ Абдулло, донишманд ва коршиноси тоҷик, роҷеъ ба баъзе пахлухои фаъолияти сиёсии бунёдгузор ва раиси ҲНИТ устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ
— Сайид Абдуллоҳи Нурӣ чи гуна шахсияте буд ва ӯро чи гуна дарёфтед?
— Бояд гуфт, ки аз сентябри соли 1972 ва то миёнаҳои моҳи майи соли 1990, бино ба хидмат дар Артиши Шӯравӣ, кор, ба ҳайси тарҷумон, дар ҳайати мушовирони низомии шӯравӣ дар чанд кишвари араб ва таҳсил дар аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав, ман дар Душанбе, агар чунини таъбир ҷоиз бошад, бештар гӯё меҳмон будам. Ба табиати ҳол, аз равандҳое, ки дар ин ду даҳа дар ҷумҳурӣ ҷараён мегирифтанд, чандон огоҳ набудам.
Дар нимаи дуввуми солҳои 80, агар хато нашавад, солҳои 1986 ё авоили 1987, байни ду сафар ба хориҷи кишвар дар Институти шарқшиносии Академияи улуми Тоҷикистон кор мекардам. Рӯзе,баробари ба толори қироати институт ворид шуданам, назарам ба китобҳои зиёди арабихат, ки яқинан моли институт набуд, афтод. Ҳайрон шуда аз Сайид Аҳмадов, сарвари бахши исломшиносии институт, ки камина дар он вақт корманди ҳамин бахш будам, пурсидам, ки ин чӣ аст? Дар посух гуфтанд, ки ин китобҳоро аз кадом як идораи боло барои экспертиза, яъне барои ташхиси коршиносӣ, ба ин ҷо фиристоданд. Аз ин посух ҳувайдо буд, ки китобҳо аз соҳибонаш мусодира шуда буданд. Боз кунҷкобӣ карда пурсон шудам, ки соҳиби ин китобҳо киҳоянд?. Гуфтанд, ки гӯиё ин китобҳо моли мардуме мебошад, ки таълими улуми диниро ба тариқи нав роҳандозӣ намуданд ва гӯё роҳбарии онҳоро мулло Абдулло ном шахсе бар ӯҳда доштааст. Бо ҳамин сӯҳбати мо дар ин бобат тамом шуд, вале он сабаб гардид, ки номи Сайид Абдуллоҳи Нуриро, ки даст ба иқдомоти дар он давраҳо ғайримаъмулӣ зада будаанд, бори нахуст бишнавам.
Дар солҳои 1990-91, ба вижа, баъд аз сармуҳаррири нашрияи идораи Қозиёти кишвар «Минбари ислом” таъин шудан, маъруфияти эшон дар Душанбе бештар шуд. Агар қаблан Мулло Абдулло умдатан дар доираи шогирду тарафдор ва ҳаводорашон маъруф буданд, акнун берун аз ин доира низ шинохта шуданд. Гузашта аз он, дар ҳамин солҳо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба тадриҷ сифати чеҳраи ҷамъиятиро касб карданд. Бо ин ҳама, гуфтан ҷоиз аст, ки гарчанде маъруфияти Сайид Абдуллоҳ Нурӣ то андозае дар байни ҷомеа бештар шуда бошад ҳам, мардуми берун аз ҳаракат ва сипас ҳизби тозатаъсиси наҳзати исломии Тоҷикистон ӯро ба ҳайси марди сиёсат ҳоло намешинохт. Дуруст аст, ки эшон аз маҷрои равандҳои сиёсии замона берун набуданд, вале пештозони маъракаҳои сиёсӣ дар он вақт дигарҳо буданд.
Аз ҷониби хамагон шинохта шудани Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамчун сиёсатмадори ба сатҳи миллӣ расида танҳо баъд аз сарвари ИНОТ интихоб шуданашон иттифоқ афтод. Баъд аз он ки моҳи апрели соли 1994 миёни ҳукумат ва мухолифин музокирот сулҳ расман оғоз шуд, маъруфияти он кас дар арсаи байналмилалӣ ба тарзи назаррас боло рафт.
Бояд гуфт, ки то роҳандозӣ шудани ин музокирот ҳар сари чанд вақт байни тарафҳои даргир гуфтушунидҳо сурат мегирифтанд. Вале як мушкилаи калон он буд, ки ҳам тарафдорони ҳукумат ва ҳам тарафдори мухолифин ҳоло ба дараҷаи лозима ниҳодӣ нашуда буданд. Дар Иҷлосияи 16 парлумон дар Хуҷанд ҳукумати нави ҷумҳурӣ ва чанде пас ИНОТ ташаккул ёфтанд ва ҳарду тарафро роҳбарони аз ҷониби ҷомеъаи байналмилалӣ шинохташуда сарварӣ намуданд, имконияти баргузор кардани музокирот дар сатҳи ниҳодӣ низ пайдо шуд. Вале як душворӣ ҳамоно дар инҷо қоим буд. Ҳам дар тарафи ҳукумат ва ҳам дар тарафи мухолифин сарварони навро лозим буд феълан ҳокими вазъ дар тарафи худ гарданд.
Дуруст аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари парлумон сардори давлат шуданд ва Сайид Абдуллоҳи Нури сарвари оппозитсион. Вале гап дар он буд, ки дар он вақт дар дохили ҳарду тараф хеле шахсиятҳое буданд, хоса қумандонҳои майдонӣ, ки худро на камтар аз сарварони интихобшудаи тарафайн медонистанд. Душвории кор дар чи буд? Дар он ки ки ҳар кадоме аз ин ду сарварро лозим буд дар тарафи худ феълан соҳиби обрӯи раднашаванда гардад. Ҳалли ин мушкилаи барои ҳар ду сарвар муштарак вақтро мехост. Ҳамин тавр ҳам шуд. Тӯли соли 1993 ба сарварони тарафайн муяссар шуд, ки аз мақоми сарварони на танҳо расмӣ, балки феълӣ низ бархурдор шаванд.
Ба чунини наҳв ҷараён гирифтани ҳаводис як чизи табиист, чунки танҳо интихоб шудан ба мақоми баланд кофӣ нест. Интихоб шудан шаръияти расмиро медиҳад. Вале бархурдор шудан аз шаръияти феълӣ яку якбора сурат намегирад. Барои ин амр вақт, натиҷаҳои мусбати фаъолияти сиёсӣ ва касбӣ, ҳадди ақал, эътирофи онҳое, ки дар гирду атроф сарвар ҳастанд, лозим аст. Ҳар кадоме аз сарварони тарафайни даргир тавонистанд аз шаръияти феълӣ бархурдор шаванд.
Раванди касби шаръияти феълии сарварони тарафайн дар тавозӣ ҷараён меёфт. Ҳамзамон бо ин раванд, бо дастгирии амалии Русияву Иёлоти Муттаҳида дар чаҳорчӯби Конфаронси Дартмунд намояндагони тарафайни даргир бо ҳам дар тамос шуданду ба гуфтугӯ байни худ пардохтанд.Аксарияти ширкаткунандагон дар ин муҳовара баъдан узви ҳайатҳои расмии музокироти ҷониби худ шуданд. Масалан Иброҳим Усмон, аз як тараф ва Абдунабӣ Сатторзода, аз тарафи муқобил. Бояд гуфт, ки муҳовара дар чаҳорчӯби конфаронси Дартмунд заминаи на танҳо сиёсӣ, балки равоншиносиву маънавиро низ барои пардохтан ба музокироти расмӣ фароҳам овард.
Тоҷикон тавонистанд дар қиёс бо дигарон, дар муддати хеле кӯтоҳ ба имзо кардани созишномаҳои сулҳи устувор мваффақ гарданд. Яке аз сабабҳои ба хубӣ анҷом ёфтани музокироти сулҳи тоҷикон оне буд, ки абарқудратҳои замона дар он вақт бинобар манфиатҳои абарқудратии худ дар масъалаи тоҷикон дар як мавқеъ қарор доштанд, аз як гиребон сар мебароварданд. На давлати Русия мехост, ки обрӯи Амрико дар ин тараф баланд шавад ва на Амрико мехост, ки дубора Русия мақоми пешини худро дар инҷо ба даст оварад. Ва ҳар кадоме аз онҳо медонистанд, ки идома ёфтани ҷанг метавонад мавқеи ё якеро ё дигареро дар ин минтақа мустаҳкам кунад. Биноан, ҳар кадоми онҳо бо назардошти манофеи худ мехостанд, ки ҷанги дохилии Тоҷикистон ҳарчи сареътар анҷом ёбад. Дар таърихи якчанд даҳсолаи ахир хеле кам ба назар мерасад, ки дар чунин масъалаҳо давлатҳои абарқудрат мавқеи муштарак дошта бошанд. Бо муваффақияти анҷом ёфтани музокироти сулҳ боис шуд, ки обрӯву эътибори сарварони тарафайни қазия – раиси ҷумҳур Эмомалӣ Рахмон ва роҳбари ИНОТ-Сайид Абдулоҳи Нурӣ, на танҳо дар сатҳи миллӣ, ки амрест табиӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ хеле баланд гашт.
— Вақте дар дафтари СММ дар Душанбе фаъолият мекардед низ бо устод Нурӣ дидору мулоқот доштед, замоне, ки ӯ раиси Комиссияи оштии миллӣ ва баъдан раиси Ҳизби наҳзати исломӣ буд?
Қазову қадар ҳамин буд, ки моҳи сентябри соли 1996 вориди СММ шудам. Рӯзи 16 сентябр ба ҳайси котиби Комиссияи муштараки назорат бар риоя намудани Созишномаи оташбаси Теҳрон (сентябри соли 1994 ба тасвиб расид) ба кор дар ҳамин созмон шурӯъ кардам. Рӯзи дигар рӯи мизи ман як коғазеро гузоштанд. Он протоколе буд,ҷониби масъулини ниҳодҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон ва қумандонҳои майдонии ИНОТ дар водии Рашт ба имзо расида. Имзо намудани ин санад қадами ҷиддие буд барои расидан ба сулҳ. Чунки онҳое, ки бевосита ҷанг мекарданд ба қароре омаданд, ки бояд амалан ба сулҳ расид. Ман онро ба русӣ тарҷума карда ба кормандони СММ супоридам.
Аз байн чанд рӯз гузашт. Сарвари нозирони низомӣ Ҳасан Аббаза маро наздаш фаро хонд ва гуфт, мо нияти сафар ба Толуқони Афғонистон дорем ва пешниход кард, ки онҳоро ҳамроҳӣ намоям. Гарчанде ин пешниҳод буд, чун аз ҷониби муовини ҳайати дафтари сиёсии СММ дар Тоҷикистон матраҳ мешуд, онро танҳо пазируфтан мумкин буд. Сухани ноиби Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ-ро дар Тоҷикистон чи тавр рад мекунед? Рад намекунед. Хулоса ҳамроҳии як ҳайати иборат аз масъулини СММ, намояндагони ҳукумат, ҳамраиси Комиссия муштарак аз ҷониби ИНОТ Ҷалолиддин Маҳмудов, узви ин Комиссия аз чониби ИНОТ Абдунабӣ Сатторзода, қумондони ИНОТ Мирзохӯҷа Низомов ва муовини ӯ роҳи Толуқонро пеш гирифтем.
Сабаби рафтан ба Толуқон ҳамин Протокол-Созишномаи низомиёни ду тараф дар Ғарм буд. Зеро ин Созишнома аз ҷониби қумандонҳои ИНОТ тақрибан мустақилона имзо шуда буд. Лозим буд, ки ин санад аз ҷониби роҳбарияти сиёсии ИНОТ қабулу тасдиқ гардад. Агар хато накунам, рӯзи дигари ба Толуқон расидан, вохӯрии расмии Ҳасан Аббаза бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ёварони ӯ баргузор шуд. Чун вохӯрӣ расмӣ буд, генерал Аббаза бо забони англисӣ сӯҳбат мекард. Камина вазифаи тарҷумониро адо мекардам. Маҳз дар ҳамин вохӯрӣ Сайид Абдуллоҳи Нуриро дидам.
Ҳасан Аббаза фикру мулоҳизоти худро иброз дошт. Ӯ моил ба он буд, ки хуб мебуд агар устод Нурӣ (генерал ӯро ҳамин тавр меномид) ин Протоколро қабул мекарданд.Чунки пазируфтану тасдиқи ин санад як қадами амалӣ ва ҷиддие дар самти расидан ба сулҳ буд. Ман дар онҷо як чизро бевосита мушоҳида кардам. Домулло Нурӣ одами хеле камгап менамуданд ва пеш аз он ки сухан бигӯянд, бисёр андеша ва мулоҳиза мекарданд. Ҳамчунини эшон тарзе суханрониву қароргирӣ мекарданд, ки ҳатто дар ҳолати муқобили фикру тарҳе будан, роҳи расидан ба сулҳ бурида нашавад, балки баракс, равзанае, даричае монад, ки мусоҳиба , музокира ва ё мубоҳисаро идома додан имконпазир гардад. Далоили генерал Аббаза хуб буданд ва ба сурати умум маълум мешуд, ки сарвари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ моил ба пазируфтани мавқеъи ӯ мебошанд, вале як чиз доммуллоро мушавваш месохт — нашавад, ки раванди сиёсӣ аз дасти роҳбарияти сиёсӣ берун раваду ба ихтиёри худи қумандонҳо афтад.
Баъд аз чанде барои ман маълум шуд, ки чаро домулло Нури аз ин нукта сахт дар ташвиш буданд. Ва сабаби аслии ташвиши хешро худашон ҳам ба забон гирифтанд — таҷрибаи талхи ҷанг дар Афғонистон, ки дар асари адами тобеъияти қумондонҳои пешин ба як мақоми сиёсӣ ва доругири беинтиҳои низомӣ байни онҳо кишвар ҳеҷ ором намегашт. Устод Нурӣ такрори ин шароит ва ҳолатро дар Тоҷикистон намехостанд ва бо исрор, ҳам дар рафти вохӯрии дар Толуқон ва ҳам дар вохӯриҳои дигару сарвари намудани Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), такрор ва таъкид мекарданд, ки қабули қарори сиёсӣ бояд ҳамеша дар дасти роҳбарияти сиёсӣ бошад.
Боз як мулоҳаза. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ инфиродро дар қабули қарор намепазируфтанд. Дар вохӯрӣ бо генерал Ҳасан Аббаза мегуфтанд, ки бале, масъалаи матраҳшударо қабул кардан мумкин аст, вале мулоҳиза ва назари шахсони дигарро дар ИНОТ фаҳмидану ба инобат гирифтан лозим аст. Як қисми роҳбарияти ИНОТ дар он замон дар Теҳрон иқомат дошт. Таъкид карданд, ки ман худам ҳақ надорам қарроро ба танҳоӣ қабул кунам. Бояд чунини қарор аз ҷониби ИНОТ дастаҷамъӣ қабул гардад.
Аз чунини як мавқеъгирии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зарурати сафар ба Теҳрон пайдо шуд. Вохӯрӣ дар Теҳрон дар сатҳи баландтар, бо иштироки худи Г.Д. Меррем-Намояндаи хоси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон, баргузор шуд. Г.Д.Меррем дипломати хеле хуб ва пухта баромад. Ӯ тавонист дигаронро ба қабули Протоколи Ғарм моил созад. Дар вохӯрии Теҳрон фикре пайдо шуд, ки роҳбарони сатҳи аввали тарафайни қазияи тоҷик бояд бо ҳам мулоқот дошта бошанд ва ҳар чи наздик ба марзи Тоҷикистон. Бо иттифоқи оро қарор шуд, ки чун он замон Толибон Кобулро ба тасарруфи худ дароварда будаанд, вохӯрии сарони тарафайн бояд дар ягон қисмати шимоли Афғонистон баргузор шавад.
Аз дидору мулоқот дар Толуқону Теҳрон бардошти инҷониб аз шахсияти устод Нурӣ чунин буд: эшон сиёсатмадори ботамкин, сиётмадор ва одаме ҳастанд, ки мехоҳанд ҳар як қарор дастаҷамъона пазируфта шавад, то дигарон ҳам вориди иттихози қарор бишаванду баъд нагӯянд, ки ин ё он қарорро худатон қабул кардеду мо дар онҳо шарик нестем. Аз ҷиҳати сиёсӣ ин як равиши бисёр ҳам мақбул аст ва барои ҳамин ба ман писанд афтод. Чунин буданд нахустин вохӯриҳои инҷониб бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва таассуроти банда аз ин вохӯриҳо.
Баъдан, боз чанд бор дар чандин даври музокирот ман аз ҷониби СММ ҳамчун тарҷумони Г.Д. Меррем иштирок кардам. Дар Хусдеҳ, дар Машҳад ва сипас дар Бишкек.
Дар чандин марҳалаҳо ман шоҳид будам, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебоист як қарори муҳимро қабул мекард. Дар бисёр ҳолатҳо дар дохил он қарор, ба назари ман аллакай вуҷуд дошт, иттихоз шуда буд. Вале як чизе бояд бошад буд, ки он қарори ниҳонӣ қарори аланӣ шавад. Ин ҳам як тактика ва стратегия эшон буд, ба назари ман.
Мо, кормандони СММ, шоҳид будем, ки чандин бор бо ин ё он сабаб кори КОМ дучори бӯҳрон мешуд, ки ба мутаваққиф гардидани фаъолияти он оварда мерасонд..Гумон мекунам ин бӯҳронҳо ҳам лозим буданд. Аз он сабаб, ки дар амал дар раванди ҳаллу фасл намудани ҳар яке аз ин бӯҳронҳо қазияи сулҳ дар масири худ боз як қадам пеш мерафт.
Яке аз ин гуна бӯҳронҳо вакте сар зад, ки Ян Кубиш, Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ ва сарвари дафтари сиёсии ин созмон дар Тоҷикистон, ки баъд аз Г.Д. Меррем ин вазифаро бар дӯш дошт, Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таъйин шуду Душанберо тарк гуфт, вале Иво Петров, Намояндаи вижаи нави Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон ба Душанбе наомада буд. Дар ин фосилаи замонӣ байни рафтани Я.Кубиш ва вориди Душанбе шудани И.Петров сарварии идораро генерали мустаъфии ҳинду ҷаноби Саксена бар ӯҳда дошт. Рӯзе маро ба назди худ фаро хонду гуфт «Пагоҳ ба хонаи Нурӣ барои зиёраташон меравем”. Аҷнабиҳо домулло Нуриро маъмулан доктор ё профессор мегуфтанд. Генерал Саксена махсусан таъкид кард, ки ба зиёрати домулло на дар дафтари КОМ дар меҳмонхонаи «Вахш», балки ба хонаи худашон равона аст.
Сабоҳи он пагоҳ, ки рӯзи таътил буд, ба дафтари СММ ҳозир шудам. Дидам, ки оқои Саксена либоси миллии ҳиндуияшро дар бар кардааст. Шояд ҳайрон шудани маро дида, гуфт: «ман ба назди доктор Нурӣ ҳамчун намояндаи СММ намеравам. Ман ҳамчун фарзанди Ҳиндустон ба наздаш меравам”. Аз Намояндагии СММ баромадему ба хонаи домулло расидем. Ҳамин суханҳои болоиро оқои Саксена ба худи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ гуфт. Сипас илова кард: ”Доктор, Шумо одами шарқиву ман ҳам. Шумоҳо хеле вақт зери таъсири дигарҳо будеду мо низ ба муддати басо мадидтар. Мо пештару шумо дертар ҳам бошад, дар ниҳояти амр мустақил шудем. Ба фикри ман вазъ ҳассос аст, вале ҳамчун як одами шарқӣ ва зодаи кишваре, ки беш аз ду қарн ихтиёраш дар дасти бегонагон буд, исрор бар он дорам, ки ҳамин бӯҳрони кунунӣ бояд бо ташаббуси Шумо файсала гардад, зеро ин иқдоми Шумо имконият медиҳад, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мустаҳкамтар гардад”. Оқои Саксена боз чанде бо ҳамин мазмун сӯҳбат кард. Натиҷаи дидор ин шуд, ки домулло бо генерал Саксена ба ифоқа омаданд. Ман бори нахуст дидам, ки як корманди СММ, хусусан корманди баландпоя на ҳамчун корманди ин созмон, балки ҳамчун шаҳрванди кишваре, ки тақдир, масир ва таҷрибааш бо Тоҷикистон дар бархе мароҳил шабеҳ буд, рафтор мекард.
Барои инҷониб аз таври гӯш додани домулло ба далелҳои мусоҳиби хеш ва радду бадали бурҳону далелҳо возеҳ гашт, ки эшон усулан аз ибтидо ҳамрайъи оқои Саксена буданд. Хусусан аз он ҷиҳат, ки беш аз дигарон дар атрофи хеш медонистанд – таҳкими соҳибихтиёриву истиқлоли Тоҷикистон, рушди иқтисоди кишвар, баргаштани садҳо ҳазор гурезагону паноҳҷӯён ба ватани хеш, аз ҳарчи тезтар хотима ёфтани ҷанг ва амалӣ гардондани созишномаҳои сулҳ бастагӣ дорад. Вале ҳамчунини хуб дарк мекарданд, ки барои ҳамаи ин таъйиди ҷомеъаи байналмилалӣ лозим буд, ҳеҷ намехостанд, ки воқеъияти Афғонистон дар ҷумҳурӣ такрор ёбад. Намехостанд, ки ҷомеъаи байналмилалӣ, тавре дар Афғонистон дар солҳои 90 қарни гузашта рух дода буд, ба якборагӣ аз Афғонистон рӯй тофту кишварро амалан бидуни мусоидати хеш гузошт. Розигии худро ба Саксена ва ҳамтоёни ӯ бо таъкидоти эшон бар ӯҳдадориҳои худ вафо кардани ҷомеъаи байналмилалӣ на танҳо дар нисбати мухолифин, балки дар нисбати тамоми ҷумҳурӣ, аз ҷумла танҳо намондани он дар қиболи мушкилоти сиёсӣ, низомӣ, гуманитарӣ, иқтисодӣ, яъне дар хоки Тоҷикистон такрор наёфтани таҷрибаи ногувори Афғонистон, марбут медонистанд.
Ҳамаи ин чизҳо муҳим буданд. Аз рафти сӯҳбат ман бори дигар дар хулосае, ки ҳоло дар вохӯриҳои Толуқону Теҳрон ба он расида будам, собит гаштам, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳеҷ гоҳ дар қабули қарор саросема набуданд, ба якборагӣ «ҳа” ва «не” намегуфтанд ва бо ин амри хеш роҳи худашонро намебастанд. Ба он хотир, ки шояд имконоти нав, фикрҳо ва ақидаҳои нав пайдо шаванд, шояд дар натиҷа гуфтушунид қароре, ки аслан ба он майл доштанд, мумкин беҳтар гардад.
Дар ҳамин ҷо лозим ба ёдоварист, ки аз иштирок дар вохӯриҳои сарони тарафҳои қазияи тоҷик дар Хусдех, Машҳад ва Бишкек ва баъдтар аз дуру наздик мулоҳаза намудани муносибатхҳо байни раиси ҷумҳур ва сардори КОМ дар рафти татбиқи созишномаҳо як падидаро хуб эҳсос кардан мумкин буд – байни раисиҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва сардори ИНОТ ва КОМ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, қабл аз ҳама, ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад. Чунин ба назар мерасид, ки онҳо аз ними гап якдигарро хуб мефаҳманд. Ин ҳам сабаби худро дорад. На сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва на роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ вақте ҷумҳурӣ ноором гашту даргириҳои сиёсӣ ба авҷи худ расиданд, аз ҷониби аксарияти кулли ҷомеъаи кишвар пешвоёни ин нооромиҳову даргириҳо дониста намешуданд. Гузашта аз он, на якеро ва на дигареро ҷомеаи кишвар сабабгори сар задани нооромиҳову даргиририхо намедонист. Яъне як бори вазнини равоншиносӣ пеши роҳи онҳоро дар пайдо кардани ҳамдигарфаҳмии сиёсиву шахсӣ дар роҳи расидан ба сулх намегирифт. Ҳарду сидқан дар бораи сулҳ фикр мекарданд ва дар назари мардум сиёсатмадороне буданд, ки ки сулҳхоҳанду ба сулҳ расида метавонанад.
Онро низ бояд дар мадди назар дошт, ки ин ду сарвар аз ҷиҳати синну сол ба ҳам наздик буданду ҳар кадоме аз онҳо дар давраи шӯравӣ барои султадорони замона чандон марғуб набуданд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳабсу зиндонӣ шуда буданд. Сарварони ҳизби ҳокими давр дар минтақаи Хатлон хеле талош доштанд, то нагузоранд Эмомалӣ Раҳмон вакили халқӣ дар парлумон шаванд. Ва ба табиати ҳол, ҳар кадомашон дар муҳите ба сар мебурданд, ки дар атрофашон қумандонҳо буданд ва ҳар кадомашон то андозае дар ин замина муборизаеро мебурданд, то ҳамчун роҳбарони сиёсӣ авзоъро таҳти назорати худ дошта бошанду қумондонхоро зери як даст оранд. Азбаски ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам сарвари ИНОТ тақрибан ҳамон як сиёсатро дар тарафҳои худ пиёда мекарданд, бо мушкилаву душвориҳои мушобеҳ низ рӯ ба рӯ мешуданд.
Ҳамаи омилҳои зикршуда, муҳит ва шароити ҳоким онҳоро ба ҳам наздик сохта буд. Гарчанде дар аслу насаб, муҳити ба камолрасӣ, навъи донишомӯзӣ, ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва таҷрибаи касбшуда аз ҳамдигар фарқ мекарданд. Ба фикри инҷониб ҳар кадоми онҳо мақому манзалати якдигарро нағз медонистанд.Ҳамин буд, ки эшон тавонистанд ба зудӣ муваффақ ба ҳамдигарфаҳмӣ ва, минбаъд, мусолаҳа шаванд.
Ҳамчунин зарур ба ба ёдоварист, ки мардуми берунтабор – сафирони давлатҳои аҷнабии муқими Тоҷикистон, сарварони дафтарҳои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, меҳмонони воломақому олимартабаи ҷумҳурӣ, намояндагони расонаҳои гурӯҳии ҷаҳонӣ ва дигарону дигарон, ҳамеша таваҷҷӯҳи зиёд доштанд барои вохӯрӣ ва сӯҳбат бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Сабаб на танҳо мақоми эшон ҳамчун сарвари ИНОТ, раиси КОМ ва баъдан, раиси ҲНИТ буд. Сайид Абдуллоҳи Нури шахсе буданд, ки сӯҳбат кардан бо эшон барояшон ҳамеша гуворо ва пурсамар буд.
— Ба ҷуз аз Саксена, албатта, дигар намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ низ ба дидори устод Нурӣ мерафтанд. Муносибат ва тарзи бархӯрди хориҷиҳо бо эшон чи гуна буд?
Бархӯрди Герд Дитрих Меррем хеле ҷолиб буд. Нисбати домулло эҳтироми зиёд дошт. Чун дар ӯ шахси прагматикро медид, шахсеро, ки дар паси кадом як манфиати шахсӣ намебошад. Ин чиз барояшон хеле возеҳ гашт. Аз ин лиҳоз нисбати домулло Нурӣ эҳтироми дигарҳо ҳам баланд буд. Дар назди раиси ҷумҳурӣ ҳам эҳтироми баланд доштанд.
— Нақш ва ҷойгоҳи устод Нурӣ дар сиёсати дохилӣ чи хел буд?
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-сарвари ИНОТ ва Комиссияи оштии миллӣ буданд. Дастгоҳи татбиқи сулҳ КОМ буд ва масоили вобаста ба сулҳу созиш тавассути КОМ ҳал мешуданд. Гарчанде устод Нурӣ расман вориди кадом як сохтори давлатӣ набуданд, азбаски дар раъси КОМ қарор доштанд, марде шуданд, ки дар пешбурди сиёсати давлат фаъолона иштирок мекарданд ва саҳм мегузоштанд. Гузашта аз он, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар аз пешвоёни дараҷаи аввали ҷумҳурӣ маҳсуб мешуданд. Он кас аслан барои кадом як мансаб мутаваҷҷеҳ набуданд. Мешунидем аз ин бару он бар, ки ин гуна пешниҳодҳо, он гуна пешниҳодҳо буданд, аммо ҳамаашро рад мекарданд. Ба ҷуз аз КОМ, чун ин ниҳод сифати расмии давлатӣ надошт, кадом як сохтори дигарро сарварӣ намекарданд. Вале бо вуҷуд бархурдор набудан аз кадом як симати расмӣ-давлатӣ, дар рушду такомули кишвар саҳми худро гузоштанд.
— Аслан кадоме аз ин ду:- «муллоӣ” ва ё «сиёсатмадорӣ” дар устод Нурӣ барҷастатар буд, бештар ба назар мерасид?
Барои ман бештар ҳамчун сиёсатмадори миллатгаро ба назар мерасиданд. Ҳамчун шахсе, , ки ҳуввияти миллии тоҷикро аз ҳуввияти исломиаш ҷудо намекарданд. Вале азбаски ман бо СММ бештар сару кор доштам, ман он касро бештар ҳамчун сиёсатмадор медидаму мешинохтам.
— Шумо даврони зиндагии Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба марҳалаҳо ҷудо кардед..
Бале. Аслан бар ин фикрам, ки ҳар шахсе, ки афкорашро ба ду кас , ҳатто ба як кас талқин карда тавонад, ӯ сиёсатмадор аст.Фаъолияти сиёсии домулло Нурӣ аз он лаҳзае сар мешавад, ки дар доираи маҳдуди 4-5 кас ҳаракати Наҳзати Ҷавонони Тоҷикистонро таъсис доданд. Ва ин ҳаракат расман тобиши сиёсӣ надошт. Чунки ҳаракати маорифпарварии исломӣ ва дар зимни он миллӣ ҳам буд. Ман фикр мекунам, ки дар он вақтҳо ин ҳаракат як ҷузъи ҳаракати умумии эҳёи миллии тоҷикон ҳам буд. Ҳаракати Наҳзатро аз ҳаракати умумии эҳёи миллии тоҷик, ки тақрибан аз нимаи дуюми солҳои 60 рушд мекард, ҷудо кардан нашояд.
Ин ҳаракат тақрибан аз замони аз кор дур кардани Турсун Ӯлҷабоев-котиби аввали ҲКТ сар шуда ба тадриҷ аз нимаи дуюми солҳои 60 хело боло рафтан гирифт. Ҳаракати ба истилоҳ наҳзатиҳо ҷузъи ҳамин раванди умумитоҷикӣ, умумимиллӣ буд. Беҳуда нест, ки «Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки ба якборагӣ аз симмати рамзи ғояҳои эҳёи миллии сиёсӣ ва фарҳангӣ бархурдор шуд ва ҳаракате, ки онро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сарварӣ мекарданд, тақрибан дар як вақт ва дар ҳамин ҳангом пайдо шуданд.
Тавре гуфта будем, ҳаракате, ки Сайид Абдуллоҳи Нури сарварияш мекарданд, ҳаракати маорифпарваронаи исломӣ буд. Давраи аз таъсиси ҳаракат аз соли 1973 то давраи ҳабсу зиндонӣ шудани эшон як марҳалаи томро дар таърихи он ташкил мекунад.
Марҳалаи дигари назаррас дар фаъолияти маорифпарварӣ ва сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нуриро даврае ташкил мекунад, аз бозгашт аз маҳбас то сарвари намудани ИНОТ.То раёсати ИНОТ як марҳалаи дигари давраи фаъолияти эшонро дар бар мегирад. Ин марҳала ба назари ман хеле тираву тор аст. На ҲНИТ инро пурра баррасӣ кардааст ва на онҳое, ки таърихи Тоҷикистонро дар ин давраҳо меомӯзанд, ба он равшанӣ андохтаанд.Чунин ба назар мерасад, ки баъд аз бозгашт аз маҳбасҳо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳаракатро ба андозаи зиёд дигаргунгашта пайдо карданд. Яқин буд, ки дар вақти зиндон ва дур аз Тоҷикистон буданашон тағйироте дар ҳаракат сурат гирифтааст. Аз ҷумла он маҷмӯи ақоиде, ки домулло доштанд ва он ақидаҳое, ки дар сари баъзе пайравон ба вуҷуд омад, то андозае дар самтҳои гуногун қарор доштанд. Биноан ин марҳала бояд омӯхта шавад.Нахуст аз ҷониби худи ҲНИТ.
Барои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ибтидо як чиз –наҳзати исломӣ муҳим буд. Ҳамзамон муҳим нест, ки афкор ва барномаи онро кӣ амалӣ мегардонад. Агар ин корро раиси ҷумҳур анҷом диҳад, бигузор, аҳсан.Яъне ин ё он кас, ин ё он ҳизб набояд ғояву ақидаи Наҳзати исломиро инҳисори (монополияи)худ гардонад. Бояд ҳар неруеро, ки барои амалӣ кардани ин гуна ақидаҳо камар мебандад, мусоидат кард. Фарқ надорад, худи ҳизб ин корро иҷро мекунад, ё неруе берун аз ҳизб, аз ҷумла давлату сохторҳои он.Муҳим он аст, ки онҳо татбиқ шаванд. Ба фикри ман, чунин як расидагӣ як хислати собит буд дар мавқеъгириҳои домулло Нурӣ.
Ба назари ман, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ сиёсатмадори бештар ҷунбишгаро,на ҳизбгаро буданд. Аз он лиҳоз, ки ҳизб ҳамеша барои султа мубориза мебарад, аммо ҷунбиш аз паси ҳадафҳои шомилтар мешаваду барояш расидан ба султа аз аҳамияти нахустдараҷа бархурдор намебошад.
Аслан ҳеҷ як марҳилаи фаъолияти сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дуруст омӯхта нашудааст. Вале аз сарвари ИНОТ шудан то ба баъд, эшон дар саҳнаи сиёсӣ буданд. Мутаносибан, ҳар як қадамашон акнун ҳам дар пеши ҷомеаи тоҷик, ҳам Осиёи Марказӣ, ҳам ҷомеаи тамоми минтақаи пасошӯравӣ ва ҳам олами беруна гузошта мешуд. Агар пештар фаъолиятҳои сиёсиашон пинҳонӣ ва дур аз назари мардум мегузашт, акнун тамоми фаъолиятҳои сиёсиашон дар пеши назари мардум ва ошкорову аланӣ мегузашт. Бо он ки фаъолияти сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба сиёсати ошкору аланӣ гузашт, ҳадафи аслии эшон – баргаштан ё дубора пайвастани Тоҷикистон ба паҳнои барояш дар 1400 соли ахир худигаштаи тамаддунӣ ва ё тамаддуни худигашта, иваз нашуд. Барояшон ин амр бисёр муҳим буд. Биноан, он кореро, ки дар шароити пинҳонӣ пеш мебурданд, акнун дар шароити ошкоро идома медоданд. Албатта бо он имконот ва зарфиятҳои барояшон фароҳамшуда.
Даврони сарварии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар ИНОТ худ ба чанд марҳилаи дигар қисмат мешавад. Марҳалаи тақрибан якунимсола, аз таъсис ёфтани ИНОТ то оғоз шудани музокироти расмии сулҳ. Ин марҳилаи давраи таҳким ва тақвият ёфтани садорати эшон дар оппозитсиюн ва ниҳодина шудани худи ИНОТ, ки ба музокирот ворид шуданро фароҳам сохт.
Марҳалаи дигар -аз шурӯи музокирот то расидан ба сулҳ, фосилаи замониро аз апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 -ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ фаро мегирад.
Марҳалаҳои муҳимми фаъолияти наҳзатӣ – сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нуриро ҳамчунин давраи аз интихоб шуданашон ба ҳайси раиси КОМ то анҷом ёфтани кори КОМ дар 31 марти соли 2000 ва давраи машғул будан бештар бо сарварӣ намудани ҲНИТ – аз анҷоми фаъолияти КОМ то то рӯзҳои вопасини умр ташкил мекунанд.
Бале, ҳамагон медонанд, ки фаъолияти сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, охируламр, ба овардани кишвари ҷангзада ба сулҳ ва ризоияти миллӣ мусоидат намуд, балки боис ҳам гашт. Вале ин фаъолият то ба алҳол мавриди баррасиву пажӯҳиши ҷиддии академикӣ қарор нагирифтааст.Сабабаш чӣ аст? Пеш аз ҳама, барои анҷом ёфтани ягон омӯзиш ва тадқиқоти дурусти илмӣ бояд бисёр чизҳо-маводду матолиб, асноду мадракҳо гирдоварӣ шаванд. Ҳадди ақал китобҳо, санадхо, матнҳои сӯҳбату суханрониҳо дар ҳамойишҳои гуногун ва дар сутӯҳи мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ бояд интишор ёбад ва ё ҳеҷ набошад дар ягон ҷо, дар бойгонӣ нигаҳдорӣ ва маҳфуз карда шавад. Ин пеш аз ҳама воҷиби наздикон, ҳизб ва пайравони худи устод аст. Дар якҷо ҷамъоварӣ шудани мавод барои таҳқиқу баҳси илмӣ лозим аст, дастрасии онҳоро барои пажӯҳишгарони тоҷику ғайри тоҷик имконпазир мегардонад. Ин мавод метавонад бойгонии маъмулӣ ва ё бойгонии торнамо (Интернет) ҷамъоварӣ гардад. Муҳим нест, ки дар кадом шакл ин амр сурат мегирад. Муҳим он аст ки чунини бойгонӣ бошаду манбаъ ва сарчашмаи асосӣ барои пажӯҳиши фаъолияту мероси сиёси-наҳзатии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гардад. Сарчашмаи хеле устувори мустанад.
Ҳоло ин давраҳо ба куллӣ ноомӯхта мондаанд. Аз ҳама аҷиб ин аст ки дар дохили худи ҳизб омӯзиши ҷиддии илмии фаъолияти бисёрпаҳлуи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба тарзи бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Дар чанд матлаби пароканда, ки ман хондам. эҳсос зиёд аст вале таҳлил камтар. Баррасӣ ва пажӯҳиши илмӣ бошад, қоидау суннати худро дорад, ки риоя накардани онҳо нашояд.
Сатҳи ӯ дар чи поя қарор дошт, баъде ки омад ва мустақим вориди сиёсат ва давлат шуд.
Ба фикри ман сатҳи устод Нурӣ хеле баланд буд.Чаро? Чунки сарвари як ниҳод буданд. Дигар ин ки обрӯ ва мақоми байналмилалӣ доштанд. Ва аз сухан ва фикрашон бисёр чизҳо вобаста буд.Махсусан дар он вақтҳо. Биноан ҳар кас эҳсос мекард, ки сатҳашон баланд мебошаду аз эшон хеле чизҳо вобастааст.
— Ӯро ба кӣ метавон шабеҳ кард?
Ба як шахс шабеҳ кардани Сайид Абдуллоҳи Нуриро нашояд. Эшонро равост бо Нелсон Манделла шабоҳат дод. Чун мисли ӯ зиндонӣ буданд, чун мисли ӯ маҳбус барои ақида ва афкори мухолиф бо афкори ҳоким шуда буданд, чун мисли ӯ то охири умри худ аз эҳтироми ҳамагон, ба шумули роҳбарони давлат, бархурдор буданд ва чун мисли ӯ таваҷҷӯҳе барои расидан ба султа надоштанд. Дуруст, ки Нелсон Мандела Ҷумҳурии Африқои шимолиро ба ҳайси раиси ҷумхур сарварӣ ҳам кард. Вале ҳамагӣ барои як давр ва танҳо ба хотири таъмини интиқоли ороми қудрат дар кишвар аз низоми нажодпарастона ба низоми мардумсолорӣ. Барои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам муҳим он буд, ки Тоҷикистон аз давраи ҷанг ба давраи оромӣ ва сулҳу субот ҳар чи беосебтар гузарад ва бигузор дигарҳо кишварро идора кунанд.
Сайид Абдуллоҳи Нуриро ҳамчунин бо Мухазир Муҳаммад, сарвазири асбақи Малайзия, сарварони Ҷумхурии Исломии Эрон, собиқсарвазир ва ҳамакнун раиси Ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон низ монанд кардан мумкин аст. Эшон, чун ҳамаи онҳо исбот кард – неруҳои исломгаро метавонанд неруи банно бошанд, агар роҳбар ё роҳбарони ин неруҳо аз диди возеҳи эҷобӣ бархурдор ва дар фаъолияти хеш такя ба расидагиҳои амалгаро дошта бошанд.
Мухаззир Муҳаммад дар бисту як соли сарварии ҳукумати Малайзиё тавонист кишвари саввум ё чаҳорумдараҷаро ба қатори кишварони пешрафтаи қораи Осиё, амсоли Тайвон ё Кореяи Ҷанубӣ ворид кунад. Сарварони Эрон тавонистанд дар шароити қарор доштан зери таҳримҳои басо шадид кишварашонро ба сатҳи имрӯза, яъне кишвари дорои иқтисоди қавӣ, низоми таълим ва илми пешрафта, фарҳанги навине, ки дар пояи ҷаҳонӣ қарор дорад, расонанду онро неруи муқтадири минтақаи хеш гардонанд. Раҷаб Тайиб Урдуғон ва ҳизби ӯ дар ҳамагӣ 10-12 сол иқтисоди Туркияро мутанаввеъ сохту тавонист ҳам ҳаҷми маҳсулоти умумии дохили кишвар ва ҳам ҳаҷми онро ба ҳар як сари аҳолии беш аз 3 маротиба афзоиш диҳанд.
— Имкон дошт, ки домулло шахсияти фароминтақаӣ бишавад, фарз кардем дар Осиёи Миёна мисли як пешвои мазҳабӣ-сиёсӣ бошад?
Ба фикри ман метавонистанд. Чунки бубинед, аслу насаби эшон ба ҳамон минтақаҳои қадимаи Осиёи Марказӣ, ки ҳамзамон марказҳои қадимӣ ва тамаддунии худи тоҷикон буданд, мерасад . Бархе аз забонҳои минтақаиро балад буданд. Ба бахти тоҷикон буд, ки дар раъси мухолифин ҳамин гуна як шахсият қарор дошт, чун дар зоти худ ҳамеша мутаваҷҷеҳи сулҳ буданд. Аммо ташнаи султа набуданд. Домулло як сиёсатмадори суннатӣ буданд, аммо дар қабули афкору андешаи нав кӯтаҳӣ намекарданд, мисли домулло Айнӣ, навҷӯ ва навсоз. Ба назари ман бештар мутаваҷҷеҳ ба афкору ақидаи маорифпарварону ислоҳотхоҳони исломӣ, аз қабили устод Айнӣ дар Осиёи Марказӣ, Рашид Ризо дар нимҷазираи Ҳиндустон ва амсоли ӯ дар кишварҳои дигари мусалмон, ки солҳои 20-30 қарни гузашта соҳиби обрӯву нуфуз дар байни мусалмонони олам гашта буданду ба шарофти устодашон мавлавӣ қорӣ Муҳаммадҷони ҳиндустонӣ, ки хул дар он муҳит тарбия ёфта буд, бо таълимоту ақидаҳои онҳо шинос шуданд. Мавлавӣ ҳиндустонӣ дар ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ таъсири қобили мулоҳиза доштанду худ ислоҳотгару маорифпарвар буданд.
— Ба андешаи шумо дар ташаккул ва пайдоиши ҲНИ то чи ҳад авомил ва аносири хориҷӣ асаргузор будааст?
ҲНИТ маҳсули талошҳои худи домуллост. Ин ҳаракат аз чанд давра гузашт, давраи фаъолиятҳои пинҳонӣ, давраи дору гирҳои майдонҳо, давраи мухолифатҳои сиёсиву низомӣ. Ва акнун давраи фаъолият кардан дар фазои ошкорои сиёсӣ.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба фикри ман, ҳоло дар давраи сарварӣ намудани КОМ ба андешаи он афтоданд, ки кӣ метавонад баъди худашон ҳизбро идора ва роҳбарӣ кунад. Ба хулосае омаданд, ки онҳое, ки дар шароити пинҳонӣ кор мекарданд, онҳое, ки дар шароити ҷанг кор мекарданд, онҳо соҳиби як психология ва фарҳанги муайян гаштанд. Аҷаб нест, ки дар замони нав, ки на пинҳонкорӣ ва на ҷанг аст, онҳо мутобиқ шудан барояшон душвор гардад. Аз ин рӯ бояд шахси наверо пайдо ё тарбия кард, ки ба шароити рӯз мутаъовид бошад ва чандон побанди фарҳанги пешини корбарӣ набошад. Аз ҷиҳати равоншиносӣ низ дар тинаташ таваҷҷӯҳ ба тундгароӣ ва тундравон надошта бошад. Дар вақтҳои ахир бо ҳамин гуна андешаҳо сахт гирифтор буданд. Ҳамин буд, ки мехостанд, ки роҳбар баъди сари худашон шахсе бошад, ки ҳам аз таълими суннатии исломӣ ва ҳам таълими ҳозиразамон бахраманд аст. Инсоне бошад, оламро хуб донад. Замон замони бозаргонӣ аст, биноан, роҳбари баъдӣ қоидаи онро ҳам донад. Замон замони донистани чандин забон аст, роҳбари баъдӣ бар ин ҳам бояд тасаллут дошта бошад. Ҳамин тавр қарорашон ва интихобашон ба роҳбари кунунии ҳизб афтод, ки ӯро ба ёварӣ пазируфта, зина ба зина то муовини нахустини худашон омода сохтанд. Ин расидагӣ далолати он аст ки устод Нурӣ дурбин ва оянданигар буданд. Ҳамчун тактик он кас хеле моҳир буданд. Вале ҳалли масъалаи ихтиёр намудани роҳбари баъдии ҳизб гувоҳ аст, ки дар масъалаи стратегия ҳам дастболо буданд.
— Агар устод дар ҳаёт буд бо ҳамин роҳ мерафт ва оё пайравонаш дуруст дар роҳаш рафта истодаанд?
Шояд ин роҳе, ки пайравонаш мебаранд, худашон, албатта бо устувории зиёдтар тай мекарданд, чунки мақомашон ба табиати ҳол дигар буд. Барои шогирдон, ки аз пасашон роҳашонро идома медиҳанд, кор душвор аст. Аз он лиҳоз, ки ҳар кас он одамро бо домулло Нурӣ муқоиса мекунад. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ ва ҳам дар ҳизб ва ҳам берун аз он.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Наҷот» 03.2014