Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира. Вазъи кунунии мактаби навини таърихнигорӣ

Ҳақиқат ин аст, ки эҳтимом ба мактаби навин дар нигориши таърихи паёмбарӣ ва фаҳмиши он ва он дилбохтагие, ки замоне аз тарафи бархе баҳри пайравӣ аз ин мактаб падид омада буд, як марҳалаи таърихие буд, гузашту рафт. Он нафаронеро, ки дар насибашон паси сар кардани ин марҳала, ё гузаштани ин марҳала аз сарашон буд, фаҳмидан мумкин аст, зеро инҳо он замон баъди ғафлату гумномии тӯлонии худ аз хабари пешрафти илмӣ дар Аврупо моту мабҳут шуда буданд. Табиист, ки чашми шахс вақти бори нахуст ба равшанӣ дучор омадан тира мегардаду ҳақиқати ашёро дида наметавонад ва ба фарқи монандҳо намеравад. Вале чун муддате мегузарад, чашм ба равшанӣ одат карда, оҳиста-оҳиста ба тамйизи ашё шурӯъ менамояд ва ҳақиқати онҳо барояш ба таври возеҳу равшан муҷалло мегардад.

Воқеан, чунин ҳам шуд. Парда бартараф шуду олоти солими биниш пеши чашмон, чашмони насли донову огоҳи имрӯз сафо ёфт. Акнун ин насл бо ҳақиқати илмӣ ва ҷавҳари он сарукор гирифт, баъд аз он ки он нафарон танҳо ба лафз чанг заданду бо шиорҳо фирефта шуданд. Сипас  онҳо дубора баргаштанд, дар ҳоле ки ба василаи биниши муҳаққиқи доно ва муфаккири озод ба яқин расида буданд, ки чизе аз қабили хориқаву мӯъҷиза ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҷавҳари хеш бо ҳақоиқ ва меъёрҳои илм дар тазод буда наметавонад. Зеро хориқа аз он сабаб чунин номида шудааст, ки “қонуни одаткарда ё улфатёфтаи мардумро вайрон мекунад”. 

Нашояд рӯзе илм ҳукм бар он кунад, ки танҳо чизе, ки чашми инсон ба он одат кардааст, имкони будан дораду ҳар он чӣ чашми инсон аз он ваҳшат дораду улфат наётааст, имкони будан надорад. 

Агар ба фараз, шумо аз қонуни илмӣ дар бораи хориқа ва ё мӯъҷизаи илоҳӣ аз шахси гӯиё “олим” савол кунед, ӯ бароятон бо забони ҳол, ки онро ҳар шахси доно ва аз илми замонӣ огоҳ мефаҳмад, чунин посух медиҳад: хориқа ва мӯъҷизот аз мавзӯоти таҳқиқӣ ва илмӣ намебошад. Аз ин рӯ, ман нисбат ба он ҳукме карда наметавонам. Вале вақте ки пеши назари ман хориқае ба вуқӯъ ояд, дар ин сурат он ба мавзӯи омода барои таҳлилу баррасӣ ва сипас ба шарҳу таҳлил мубаддал мегардад ва баъд аз ин, он хориқа тибқи қонуни мутобиқ ба худаш пӯшиш меёбад.

Ҳоло замони он гузаштааст, ки дар он бархе аз олимон гумон доштанд, ки асари сабабҳои табиӣ дар мусаббаботашон ба ҳадде ҳатмӣ аст, ки имкони нашудан ва ё дигаргун шуданро надорад. Вале имрӯз он ҳақиқате, ки солҳову асрҳо донишмандони мусулмон умуман ва Имом Ғаззолӣ хусусан, даъво намуда, аз он дифоъ мекарданд, дастболо шудааст. Яъне, алоқаи сабаб бо мусаббаботи худ бештар аз алоқаи иқтирони доиму яксон нест. Илм бо он аҳкому қонунҳояш танҳо бар асоси ҳамин алоқаи иқтирону ҳамбастагӣ амал мекунаду халос. Аммо сирри ин иқтирон амрест, ки илми он танҳо назди Худованди бузург аст, ки ҳама чиро офарида, сипас, роҳнамоӣ кардааст.

Мебинем, ки ин ҳақиқат аз тарафи олими татбиқӣ Девид Ҳейум ба таври хеле возеҳу равшан баён шудааст. Оре, бояд ҳар шахси оқил, ки ба ақлу ҳақиқат арҷ мегузорад, барои қабул кардани ягон хабар, хоҳ одӣ бошад хоҳ ғайриодӣ, як шарт гузорад. Ин шарт он аст, ки хабар барояш бо роҳи илмии дуруст, ки бар асоси қоидаҳои нақлу иснод ва талаботи ҷурҳу таъдил бунёд шудааст, ки боровари ҷазму яқин аст, омада расад. Шарҳи тафсилии ин меъёрҳои бузурги илмӣ майдони фарохтар ва сухане бештар мехоҳад, ки ҳоло маҷоли мо нест.

Шахсе, ки ба илм сарукор дорад, вақте гуфтаҳои нафареро мисли Ҳусайн Ҳайкал, ки дар муқаддимаи китоби хеш (Зиндагонии Муҳаммад) овардааст, мешунавад, ангушти ҳайрат мегазад. Чун ӯ мегӯяд: “Ман он чиро, ки китобҳои таърихи паёмбарӣ ва ҳадис нақл кардаанд, нагирифтам. Чун дар ин нигориш беҳтар донистам, ки бо услуби илмӣ равам”.

Яъне, ӯ хабар медиҳад, ки ҳатто аз он чӣ дар китобҳои Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим ба субут расидаанд, истифода накардааст, то ҳурмати илм нигаҳдорӣ шавад. Аз ин мебарояд, ки ривоятҳои Имом Бухорӣ, ки тибқи чорчӯбаи эҳтиёти аҷибу беназир дар кори нақли сухан ва хабар нақл шудаанд, берун аз ҷодаи илмӣ қарор доштаанд. Дар муқобили он ки услуби хулосабарорӣ, гумону тахминзанӣ ва он чӣ онро услуби “тавассум” меноманд, посдошти ҳурмати илм ва пойбандӣ ба меъёру ҷодаи он шуморида мешавад.

Оё ин ҳама фоҷеаи бузурге нест, ки бар сари илм фуруд омадаст?1

Чӣ гуна метавон таърихи паёмбариро зери шуои гуфтаҳои боло омӯхт?

Аз касе пӯшида нест, ки Муҳаммад (с) вақте дар нимҷазираи Араб зуҳур карданд, худашонро ба олам ҳамчун паёмбари аз ҷониби Худо сӯйи тамоми мардум фиристодашуда муаррифӣ намуданд, то барояшон он ҳақиқатеро, ки бо он паёмбарони пешин мабъус шуда буданд, таъкид созанд ва ба гарданашон айнан ҳамон вазифаҳое, ки паёмбарони пешин ба дӯши қавмашон ниҳода буданд, гузоранд. Он ҳазрат (с) ошкоро баён намуданд, ки эшон дар силсилаи паёмбарӣ охирини паёмбарон мебошанд, ки пайиҳам омада буданд. Сипас, ба таърифи худ илова намуда, тавзеҳ доданд, ки эшон шахсе аз ҷумлаи мардуманд, ки тамоми хусусияти инсонӣ ва аҳкоми он барояшон ҷорӣ мебошад. Вале Худованд тариқи ваҳй, ба он кас расонидани рисолатеро бовар кардааст, ки инсониятро бо ҳувияти ҳақиқиаш ошно месозад ва барояш дар харитаи мамлакати илоҳӣ аз ҷиҳати замону макон дар кадом мавқеъ қарор доштан ва баъди мурдан ба кадом оқибат гирифтор шуданашро нишон медиҳад. Он чунон ки таваҷҷуҳи ӯро ба зарурати ҳамбастагӣ миёни рафтори ихтиёриву ҳувияташ, ки аз он халосӣ надорад, ҷалб мекунад. Яъне, инсоният бояд бо яқини хеш ва рафтори ихтиёриаш бандаи Худо бошад, чи тавре бандагӣ дар вуҷуди ӯ ба шакли иҷборӣ таҳаққуқ пайдо кардааст.

Сипас, Паёмбар (с) сари ҳар чанд вақт барои онҳо таъкид мекарданд, ки он кас ҳаққи афзудан, ё кам кардан ва ё табдил додани чизе аз мазмуни ин рисолатеро, ки Худованд масъулияти ба мардум расонидани онро бар дӯшашон ниҳодааст, надоранд. Гузашта аз ин, баёни илоҳӣ айнан ҳамин ҳақиқатро ба таъкид ёд мекунад:

“وَلَوْ تَقَوَّلَ عَلَيْنا بَعْضَ الْأَقاوِيلِ، لَأَخَذْنا مِنْهُ بِالْيَمِينِ، ثُمَّ لَقَطَعْنا مِنْهُ الْوَتِينَ، فَما مِنْكُمْ مِنْ أَحَدٍ عَنْهُ حاجِزِينَ” [سورة الحاقة 69/ 44- 47]

“Ва агар пайғамбар баъзе суханҳоро бар Мо мебаст, албатта, ӯро аз дасти рост мегирифтем, сипас раги дили ӯро мебуридем [Одати ҷаллод он аст, ки дасти рости асирро ба дасти чапи худ бигирад ва шамшер ба гардани ў ҳавола кунад. Бинобар ин ба чунин услуб гуфта шудааст]. Пас, ҳеҷ кас аз шумо ӯро [яъне: уқубати Моро] боздоранда нест.

Аз ин мебарояд, ки Муҳаммад (с) худашонро ба олам ҳамчун марди сиёсат, ё роҳбари миллӣ, ё шахси соҳибандешаву соҳибраъй ва ё ислоҳотчии ҷамъиятӣ пешкаш накарда буданд. Балки гузашта аз ин, дар тӯли зиндагиашон боре ҳам коре аз худ нишон надоданд, ки далолат ба он кунад, ки ба чизе аз бологуфтаҳо майли шахсӣ доранд ва ё сӯйи он талош меварзанд.

Модоме ки масъала чунин аст, пас тибқи тақозои мантиқ мо вақте мехоҳем рӯзгори мардеро бо чунин ҳол омӯзем, бояд ҳаёти оммавии ӯро тавассути он ҳувияте ба омӯзиш кашем, ки бар асоси он худашро ба олам пешниҳод кардааст, то дар он далели дар гуфтаҳояш содиқ будан ва ё набуданашро равшан созем.

Ин амр бешубҳа, моро водор ба он менамояд, ки мо тамоми ҷанбаҳои шахсӣ ва инсонии рӯзгори ин шахсро мавриди омӯзиш қарор диҳем. Вале бояд ин гуна омӯзишро чун машъали раҳнамо истифода барем, то бароямон ҳақиқати ин ҳувият, ки ин мард худашро бар асоси он ба олам муаррифӣ намудааст, бо далелу бурҳони илмӣ ва мантиқӣ ифшо гардад.

Агар масъала ба масирамон тааллуқе намедошт ва ба озодиву тарзи зиндагиамон алоқаманд намебуд, оре, мумкин буд, гӯем, ки мо маҷбур нестем, ки ба он маонии нубуввату рисолат, ки Муҳаммад (с) фикру зикри мардумро бо он машғул карда буданд, низ фикру ақламонро банд намоем.

Бешак, масъала ба худи мо рабти бевосита дошта, дар сурати ба субут расидани он уҳдадориҳои шахс дар шинохту дар тарзи зиндагӣ маълум мегардад. Аз ин рӯ, агар ба таҳқиқи он талош накунем, бар асари он ба чоҳи бадбахтӣ ва вартаи ҳалокат гирифтор хоҳем шуд. Аз ин ҷост, ки масъала муҳимтар аз он ки мо гӯем, ки он ба мо рабте надорад ва ё бепарвоёна аз назди он убур намоем.

Бинобар ин, аз омӯзиши ин ҳувияте, ки Муҳаммад (с) худашонро тавассути он ба олам муаррифӣ намуданд, даст кашида ва ё бепарвоӣ зоҳир карда, дар бораи ҷанбаҳои дигари шахсияти Он ҳазрат (с), ки ба мо дахле надорад ва ё ба он ҳувият ягон алоқамандӣ ва иртиботе надорад, андешаронӣ намудан, беҳудагии маҳз аст.

Оре, кадом беҳудагӣ беҳудатар аз он аст, ки ин мард Муҳаммад (с) пеши мо барои шиносонидани худашон истанду ба мо бо даҳони пур ва бо яқини том гӯянд, ки “ба Худо, ки чи тавре хобатон мебарад, хоҳед мурд, чи тавре аз хоб бедор мешавед, боз дубора зинда хоҳед шуд. Ба Худо, ки оқибат ё ҷаннати ҷовидон аст ва ё дӯзахи абадӣ”. Мо бошем, дар андешаи нубуғи гӯяндаву фасоҳату ҳикмати гуфтаҳои ӯ андармонем.

Чунин ҳолати мо шахсеро монад, ки назди шумо, ки дар чоррроҳа истодаед ва намедонед куҷо равед, омада, ба шумо роҳ нишон медиҳад ва аз роҳи хатарноку ҳалокатбор огоҳ месозад. Шумо бошед, ба ҷойи таваҷҷуҳ кардан ба гуфтаҳои ӯ, ба андому сарулибос ва тарзи сухангӯйии ӯ эътибор медиҳед ва аз он барои худ як мавзӯи баҳс ва таҳқиқу омӯзиш таҳия намуда, худро бо он андармон мекунед.

Мантиқ тақозо дорад, ки мо зиндагонии Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ҳаматарафа мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор диҳем. Паҳлӯҳои мухталифи он, мисли ба воя расидану рафтору кирдор, ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, сабру таҳаммул ва мубориза, мусолиҳаву набард, муносибат бо дӯсту душман, нуқтаи назар оид ба дунё ва мутааллиқоти он, бояд ба таври илмӣ, ки мурод аз он танҳо сидқу диққат аст, омӯхта шавад. Он омӯзиш бар асоси услуби илмие, ки истифода аз қоидаҳои нақлу иснод ва шартҳои саҳеҳ будани хабарро тақозо мекунад, амалӣ гардад.

Ман мегӯям, ки аз рӯйи тақозои мантиқ бояд ҳамаи ин масъалаҳо мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Вале ба шарте, ки тавассути анҷом додани он нубуввати Он ҳазрат (с) ба субут расад ва бар асари он ҳақиқати ваҳй дар рӯзгори эшон таҳаққуқ ёбад. Зеро вақте дар натиҷаи таҳқиқу омӯзиши илмии холис аз ҳавову ҳавас ин масъалаҳо равшанӣ пайдо мекунанд, мо дарк хоҳем кард, ки Он ҳазрат (с) барои мо аз назди худашон шариате ва ҳукме ихтироъ накарда буданд. Балки дар кори расонидани он ба мо танҳо як амонатдоре буданду он ҳама ҳукми ниҳоии Худованди раббулоламин буд. Фақат дар ҳамин ҳолат ба хубӣ дарк мекунем, ки дар кори риояву татбиқ назди ин шариату қонунҳои илоҳӣ то чӣ ҳад масъулияти вазнин ба дӯш дорем.

1 انظر تفصيل هذا البحث في كتاب كبرى اليقينيات الكونية لمؤلف هذا الكتاب: 329 وما بعد

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *