Раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба вируси коруно мубтало шудааст.
«Дар ҳоли ҳозир Нурсултон Назарбоев дар гушанишинӣ қарор дорад. Мутаассифона, натиҷаи санҷиши вируси ӯ мусбат баромад. Вале ҷои нигаронӣ надорад», — Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи расмии раисҷумҳури нахустини Қазоқистон.
Ба иттилои манбаъ, Назарбоев, ки ҳоло раҳбарии Шӯрои амнияти ин кишварро бар зимма дорад, корҳояшро фосилавӣ анҷом медиҳад.
Дар ҳамин ҳол мақомоти қазоқ хабар додаанд, ки дар шаҳри Нурсултон се нафари дигар — як марду ду зан аз коруно ҷон бохтанд. Ҳамин тариқ, шумори умумии қурбониёни вируси коруно дар ин кишвар ба 100 расид.
Бино ба омори расмӣ, бештари ҳолатҳо дар пойтахти Қазоқистон ба қайд гирифта шуда, ҷамъан 24 сокини Нурсултон фавтидаанд. Дар Алмаато 15, дар вилояти Павлодар 13 ва дар Чимкент 12 ҳолат сабт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки фаъолони мадании қазоқ мегӯянд, шумори маргу мир аз вируси коруно аз шумори қабрҳо дар мазорҳои махсуси дафни қурбониёни вирус дар Алмаато, Нурсултон ва Чимкент фарқ мекунад.
Танҳо дар қабристони махсуси дафни қурбониёни COVID-19 дар наздикии шаҳри Алмато дар 2,5 ҳафтаи охир шумори қабрҳо аз 38 ба 64 расидааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои расмӣ, дар ин ду ҳафтаи охир дар вилояти Алмаато касе аз вирус нафавтидааст.
Шумори умумии мубталоёни COVID-19 дар Қазоқистон то имрӯз ба беш аз 22 ҳазор расидааст.