Рубрики Хабарҳо

Трамп пешниҳод кард ба қонуни пулис тағйирот ворид шавад

Президенти ИМА Доналд Трамп хостори давровардани ислоҳот ба қонуни пулис шуд. Ин дар ҳолест, ки дар саросари Амрико эътирозҳои оммавӣ алайҳи хушунат ва нажодпарастии полисҳои ин кишвар ҷараён дорад.

Трамп гуфт, ба полис истифодаи усули нафасгиркуниро ҳангоми боздошт бояд манъ кард Олатҳои муҷаҳҳазкунандаи полис бояд дар ҳолате истифода шавад, ки ба ҳаёти полис хатар таҳдид кунад.

Трамп инчунин фармоиш дод, ки як пойгоҳи миллӣ дар бораи маълумот дар бораи полис, қонуншиканиҳои содиркардаи онҳо, аз ҷумла маълумот дар бораи истифодаи аз ҳад зиёди қувва созмон дода шавад.  Ғайр аз ин, Трамп фармуд, ки барои омӯзиши полис грантҳо ҷудо карда шавад, то онҳо тавонанд муноқишаро бо роҳи осоишта ҳал кунанд.

Дар маросими ироаи қонун Доналд Трамп ба хонаводаҳои одамоне, ки онҳоро полисҳо куштаанд, тасаллият изҳор кард.

Гуфтанист, аз охири моҳи май дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи зӯроварии полис ва табъизи нажодӣ эътирозҳои оммавӣ давом дорад. Мардуми Амрико пас аз куштори як марди африқоизабони америкоӣ Ҷорҷ Флойд, ки ҳангоми боздошт дар Миннеаполис ҷон додааст, ба кучаҳо рехтанд. Пас аз он ки яке аз кормандони полис тақрибан нӯҳ дақиқа дар гардани Флойдро бо зону буғӣ кард, Флойд мурд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *