Вазири хорҷаи Амрико дар сафар ба Анқара хостори пайвастани Суид ва Финланд ба паймони НАТО дар камтарин вақт шуд. Анқара мегӯяд Суид бояд гомҳои бештаре дар ростои хостаҳои Туркия бардорад. Туркия моҳҳост дар роҳи узвияти Суид садгузорӣ мекунад.
Антони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико дар сафар ба Туркия, мақомоти ин кишварро фаро хонд ҳар чӣ зудтар мувофиқати худро бо узвияти Суид ва Финланд дар паймони НАТО эълом кунад.
Блинкен дар дидор бо Мавлуд Човошуғлу, ҳамтои турки худ гуфт, ки Иёлоти муттаҳида аз пазириши ин ду кишвар “дар камтарин вақт” ҳимоят кард. Ду кишвари Аврупои шимолӣ пеш аз ин гомҳои мушаххасе дар ростои хостаҳои Туркия бардоштаанд.
Човошуғлу гуфт, таъйид мекунад, ки Суид то ҳадде ба хостаҳои Анқара посух додааст, аммо барои “қонеъ кардани Маҷлис ва мардуми мо” бояд талоши бештаре аз худ ба харҷ диҳад.
Вазири хориҷаи Туркия гуфт, “мутассифона” ҳанӯз ҳаводорони ҳизби мамнуъи коргарони Курдистон ПКК дар Суид иқомат доранд. Онҳо афродро ҷазб ва иқдомоти террористиро таъмини молӣ мекунанд, ва дар Суид даст ба таблиғоти террористӣ мезананд, зеро намехоҳанд Суид ба узвияти НАТО дарояд.
Туркия хостори мувофиқати Амрико бо таҳвили ҷангандаҳои F-16
Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунин изҳор дошт, ки Туркия метавонад қабл аз пайвастани Суид, мувофиқати худро бо узвияти Финланд ба НАТО эълом кунад.
Ду кишвари Суид ва Финланд ҳамзамон дар моҳи майи 2022 пас аз даҳҳо соли бетарафӣ, таҳти таъсири ҷанги таҳоҷумии Русия алайҳи Укроин, дархости узвият дар НАТО-ро доданд. Бо ин ҳол, ҳамаи аъзои НАТО бояд бо узвияти ду кишвар мувофиқат кунанд.
Чавошуғлу дар дидор бо Блинкен ҳамчунин аз Кунгираи Амрико хост то бо таҳвили ҷангандаҳои F-16 ба Туркия мувофиқат кунад. Ў гуфт, ин тавофуқ ҳеҷ иртиботе бо густариши паймони НАТО надорад.
Гурӯҳе аз сенаторҳои амрикоӣ дар оғози моҳи ҷории феврал, бо қарордоди таслиҳотӣ бо Туркия, то замоне, ки ин кишвар монеъ аз пайвастани Суид ва Финланд ба НАТО мешавад, мухолифат карданд.
Блинкен дар ин робита гуфт, ки давлати Иёлоти муттаҳида аз муҷаҳҳаз кардани ҷетҳои ҷангандаи F-16-и мавҷуди Туркия ва ироаи ҷетҳои ҷадид, ҳатто дар чорчуби манофеъи худ ҳимоят мекунад.
Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин бо Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дидор ва гуфтугӯ кард.