Рубрики Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо қайчиаш ба Суғд рафт

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари ба гуфтаи дафтари матбуотиаш “корӣ” роҳии вилояти Суғд шуд. Ӯ аллакай бо қайчиаш лентаи чанд иншооти бо пули соҳибкорону мардум сохташударо бурид. Қарор аст раисҷумҳур ҳамчунин ба Мастчоҳи нав биравад. Онҷо Раҳмонро лентаҳои ҳудуди 30 иншоот мунтазиранд. 

Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон вориди вилояти Суғд шуд. Дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Эмомалӣ Раҳмон лентаи маркази ташхисию табобатии “Ваҳдат”, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Самадов бунёд гардидааст ва чанд иншооти дигари бо пули соҳибкорон бунёдгаштаро бурид. 

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон аз бархе хоҷагиҳои деҳқонӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан кард.

Ҳадафи асосии сафари индафъаинаи Раҳмон ноҳияи Мастчоҳинав аст, ки қаблан қарор буд ҷашни Ваҳдат онҷо баргузор шавад. Дар ин ноҳия раисҷумҳури Тоҷикистон лентаи бузургтарин Қасри фарҳангӣ дар кишварро, ки бо маблағи 30 миллион сомонӣ барои 1000 ҷои нишаст бунёд шудааст, хоҳад бурид.

Ҳамчунин қарор аст ӯ ба лентаҳо варзишгоҳ барои 10 000 ҷои нишаст, тандиси пахта ва дар умум 30 иншоот қайчӣ бизанад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *