Categories Хабарҳо

CPJ аз Раҳмон даъват кард қонуни «ахбори ғалат»-ро имзо накунад

Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон (CPJ),  ки қароргоҳаш дар Ню-Йорки Амрико аст, бо пахши изҳороте талаб кард, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон набояд тарҳеро имзо кунад, ки озодии баёнро зери хатар мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июн тағйироти баҳсбарангезро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул кард. Бар асоси он, барои пахши «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус ҷарима муқаррар шудааст.

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз аъзои Маҷлиси Миллӣ ва раиси ҷумҳур хоста буд, аз тасвиби тарҳ худдорӣ кунанд. 

Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон  мегӯяд, «тарҳи баҳсбарангез, ки аз ҷарима то 15 рӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад, аммо тағйирот дар қонун мушаххас накардааст, ки бар асоси кадом меъёр дурӯғ будани гузориш баҳогузорӣ хоҳад шуд. Ҳоло навбати тасвиби ин қонун аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон аст.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар суҳбати телефонӣ бо Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон  гуфтааст, тағйирот ба қонун «як иқдоми саркӯбгароёна буда, ҳадафаш маҳдуд кардани озодиҳо барои дарёфт ва паҳн кардани иттилоъ мебошад». Қаршибоев таъкид кардааст, ки, «ин кор метавонад дар остонаи интихоботи президентии соли ҷорӣ мақомотро барои фишороварӣ ба матбуот ҷасуртар кунад.»

Мақомот чунин нигарониҳоро беасос медонанд. Аммо ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чунин муқаррарот баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар изҳороте гуфт, таъини ҷарима барои ба истилоҳ нашри “хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ” дар бораи коронавирус «ба озодии баён осеб мерасонад».

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *