Categories Хабарҳо

Туркия аз боздошти ҳафт ҷосуси МОССАД хабар дод

Ба гузориши рӯзномаи “Дейли сабоҳ”-и Туркия, шохаи зиддиҷосусии Созмони иттилоот ва амнияти миллии Туркия ҳафт нафар аз аъзои ҳалқаи ҷосусони исроилиро боздошт кардааст. 

Бино бар гузориши ин рӯзнома, ин ҳафт нафар бахше аз тими 56 нафара ҳастанд, ки Тел-Авив онҳоро аз роҳи дур ҳидоят мекардааст. Ин афрод аз каналҳои мухталиф ва бо истифода аз телефонҳои ҳамроҳи аз пеш пардохтшуда, бо ҳам иртибот барқарор мекарданд. 

Ин рӯзнома ҳамчунин навиштааст, ки ҳар ҳафт нафари боздоштшуда ба ҳамкорӣ бо сервиси иттилоотии Исроил эътироф кардаанд, бо ин ҳол ҳуввияти ҳеҷ кадом аз онҳо то кунун фош нашудааст. 

Гуфта мешавад боқимондаи гумонбарони ин парванда низ шаҳрвандони араби исроилӣ, туркиёӣ ва сурӣ ҳастанд ва ҳанӯз сарнавишташон дар номаълум аст. 

Бинобар ба ин гузориш, аъзоён ин гурӯҳ бо истифода аз техникаҳои печидаи ҷосусӣ аз ҷумла ирсоли линкҳои расонандаи вирус, ки пас аз клик рӯйи онҳо телефони ҳамроҳ олуда мешавад, ба ҷамъоварии иттилоот мепардохтанд. 

Бархе аз ин линкҳо дорои ахбори ҷаълӣ буд, ки ин шабакаи ҷосусӣ умуман ба забони арабӣ онҳоро омода сохта буд. 

Ин рӯзномаи туркиёи ҳамчунин эълом кард, ки аъзои арабзабони ҳалқаи мазкур, барои гирдоварӣ ва ҷамъбандии иттилооти ба даст омада ва интихоби аҳдофи оянда, ба Лубнон ва Сурия эъзом мешуданд. Яке аз ин аҳдоф сохтмоне дар Бейрут буд, ки мақомоти аршади гурӯҳи Ҳизбуллоҳ дар он сукунат доштанд. 

Бар асоси ин гузориш, даҳҳо нафар аз аъзои ин гурӯҳ низ бо ҳадафи фарогирии фунуни ҷосусӣ ҳамчун гурез аз амалиёти зиддиҷосусӣ ва насби васоили ҷосусӣ рӯйи васоили нақлия, ба яке аз сохтимонҳои МОССАД дар Тайланд сафар кардаанд. 

Ин афрод пештар дар Туркия мустақар буданд аммо бар асоси ин гузориш барои анҷоми амалиёти вижа ниёз ба фарогирии фунуни бештаре доштанд. 

Дар солҳои гузашта Туркия борҳо муддаӣ шуда, ки ҳалқаҳои ҷосусии МОССАД-ро кашф кардааст. Дар моҳи майи гузашта низ Анқара аз боздошти ёздаҳ нафар ба гумони ҷосусӣ аз аҳдофи эронӣ барои Исроил хабар дод. 

Туркия ва Исроил соли гузашта равобити дипломатики худро аз сар гирифтаанд. Нерӯҳои амниятии ду кишвар як соли пеш муддаӣ шуда буданд, ки бо ҳамкории ҳам тавонистаанд аз анҷоми як амалиёти террори барномарезишуда тавассути авомили вобаста ба Эрон дар хоки Туркия ҷилавгирӣ кунанд. 

Ба иддаои Туркия, маъмурони эронӣ қасди одамрабоӣ ва қатли гардишгарони исроилиро доштанд. 

Яке аз мавриди муҳимми ихтилофи Туркия ва Исроил, вуҷуди дафтари Ҳамос дар Истамбул аст. 

Анқара исрор дорад, ки ин дафтар танҳо бо иқдомоти сиёсӣ муртабит аст. Исроил мегӯяд ин гурӯҳ аз Туркия ба унвони маҳалле барои ҳидояти амалиёти террористӣ дар Ғазза истифода мекунад ва аланан хостори таътилии ин дафтар шудааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *