Рубрики Хабарҳо

Боз як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро, ки пас аз ихроҷ аз Русия боздошт шуда буд, бо иттиҳоми «даъват ба ифротгароӣ аз тариқи инетернет» ба шаш соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Шодрӯз Аҳророви 35-сола, ки бо номи «Абдулло» дар Ютуб саҳифа дошт, моҳи марти имсол барои нақзи қоидаҳои будубош аз Русия ихроҷ шуд. Пас аз чор рӯз ӯро маъмурони милиса дар манзили зисташ дар Душанбе боздошт карданд. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушкили муҳоҷиронро баҳс мекард ва сиёсати ҳукумат дар ин самтро танқид менамуд.

Мақомоти додситонӣ ва додгоҳи ноҳияи Сино парвандаи Шодрӯз Аҳроровро шарҳ надоданд.

Ҷонона Табарова, ҳамсари ӯ, ки маъюби гурӯҳи сеюм аст гуфтааст, мурофиаи додгоҳии шавҳараш боз буд, вале адвокат надошт.

Ба гуфтаи ӯ, додситонӣ бо айби «даъват ба ифротгароӣ аз тариқи интернет» ба шавҳараш ҳафт соли зиндон хоста буд, вале додгоҳ ҳамсару кӯдаки маъюб доштани ӯро ба инобат гирифта, танҳо як сол аз дархости додситонро кам кард.

Шодрӯз дар номае пеш аз ихроҷаш аз Русия аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун ҳамчун фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ онҷо боздошт хоҳад шуд.

Ҷонона Табарова, ҳамсари Шодрӯз мегӯяд, ӯ ягона ноновари хона буд ва ҳоло бо се кӯдаки хурдсолаш дар хонаи волидон бо мушкил рӯз мегузаронад.

«Мехостам, аз ҳукми шавҳарам ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кунам, вале фикр мекунам, ки ин бефоида аст.»,—гуфт ӯ.

Дар чанд соли ахир даҳҳо фаъоли тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуданд ва аксари онҳо боздошту зиндонӣ шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *