Рубрики Хабарҳо

Олмониҳо дар буҳрони коруно 31 миллион евро бештар хайрия додаанд

Буҳрони коруно на танҳо одати хуби олмониҳо дар кӯмакҳои хайрияро камтар накарда, балки ин кӯмакҳо бештар ҳам шудаанд. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ, олмониҳо 31 миллион евро бештар аз шашмоҳа аввал сол қабл некӯкорӣ кардаанд. 

Дар Олмон кӯмакҳои нақди хайрия бисёр мутадовил аст. Ин, ки бахше аз ин кӯмакҳоро метавон дар поёни сол аз молиёте, ки пардохт шуда кам кард ва дар ҳақиқат бозпас гирифт ҳам дар ин одати писандида бетаъсир нест. Аммо гузашта аз ин, кӯмаки хайрияро метавон бахше аз фарҳанги олмонӣ донист. 

Ҳоло дар миёнаи буҳрони коруно ва дар замонае, ки бузургтарин иқтисодҳои дунё зери бори ин буҳрон камар хам мекунанд, як муассисаи таҳқиқоти иқтисодии олмонӣ дар таҳқиқоташ ба ин натиҷа расида, ки кӯмакҳои хайрияи олмониҳо на танҳо кам нашуда, балки 31 миллион евро аз соли қабл бештар ҳам шудааст. 

Он гуна, ки оморҳои муассисаи таҳқиқотии GFK нишон медиҳад, аз феврал то майи 2020 шаҳрвандони Олмон бештар аз муддати мушобеҳ дар соли қабл кӯмаки моддӣ хайрия кардаанд. 

Макс Милитезр, мудири ин муассиса гуфтааст: “бо таваҷҷӯҳ ба набуди амнияти иқтисодӣ, ки буҳрон круно барои бисёре аз мардум ба ҳамроҳ оварда, тасаввур мешуд, ки шоҳиди уфти кӯмакҳои хайрия бошем.” 

Дар оғози буҳрони коруно бархе аз муассисоти имдодрасонӣ пешбинӣ карда буданд, ки то 90 дарсад аз кӯмакҳои мардумӣ коста шавад. 

Аммо додаҳои муассисаи GFK нишон медиҳад, ки дар соли 2020 то кунун маҷмӯъан 31 миллион евро бештар аз муддати мушобеҳи соли қабл кӯмаки хайрияи мардумӣ ҷамъоварӣ шудааст. 

Дар моҳи феврал кӯмакҳои мардумӣ шаш дарсад ва дар моҳи март, авҷи буҳрон коруно, 13 дарсад бештар аз моҳҳои мушобеҳи сол қабл будааст. Дар моҳи апрели имсол кӯмакҳои нақдии мардумӣ панҷ дарсад бештар аз апрели сол қабл ва дар моҳи май ҳафт дарсад бештар шудааст. 

Макс Милитезр гуфта бо таваҷҷӯҳ ба ин ки кӯмакҳои кӯчаки молӣ ба касбу корҳои маҳаллӣ мисли рестурон ё китобфурӯшии мавриди алоқа, ки аз коруно хисорат дидаанд, дар ин омор наомадаанд, он вақт мешавад фаҳмид, ки чӣ қадар ин омор шигифтангез ҳастанд. 

Муассиса GFK аз сӯи Шӯрои кӯмакҳои хайрияи Олмон маъмур шуда, то мизони кӯмакҳои мардумиро барраси кунад. Бар асос додаҳои ин муассиса дар солҳои ахир бо андак тафовути ҳарсола ҳудуди панҷ миллиарду 300 миллион евро кумак мардумӣ дар Олмон ҷамъоварӣ шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *