Фармондеҳи нерӯи баҳрии артиши Эрон аз ташкили эътилофи баҳрӣ дар шимоли Уқёнуси Ҳинд бо ҳузури кишварҳое назири Эрон, Арабистони саудӣ ва Амороти муттаҳидаи арабӣ хабар дод.
Шаҳром Эронӣ, фармондеҳи нерӯи баҳрии артиши Эрон рӯзи шанбе, 3 июн дар як барномаи телевизионии ин кишвар изҳор дошт: эътилофи баҳрӣ дар шимоли Уқёнуси Ҳинд бо ҳузури кишварҳое назири Эрон, Арабистони саудӣ, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Қатар, Баҳрайн, Ироқ, Покистон ва Ҳинд ва тақрибан ҳама кишварҳои ин ҳавза ташкил мешавад.
Вай дар идома бо таъйиди хурӯҷи Аморот аз эътилофи баҳрии Амрико дар Халиҷ, изҳор кард: “имрӯз кишварҳои минтақа ба ин нуқта расидаанд, ки агар қарор аст амнияте дар минтақа барқарор бошад, ҳатман бо ҳамафазоӣ ва ҳамкории якдигар қобили анҷом ва барқарорӣ аст. Дар ин росто, эътилофҳои ҷадиде дар ҳоли шаклгирӣ дар минтақа ва фароминтақа аст”.
Вай бо ишора ба эътилофи баҳрии Эрон, Русия ва Чин баён кард: “ин эътилофи сеҷониба ба ҳамроҳи Русия ва Чин, ки солона размоишҳоеро ҳам дар қолаби он баргузор мекунем дар ҳоли тавсеа аст. Илова бар ин, эътилофҳои минтақаӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст”.