Рубрики Хабарҳо

Мақомоти Либия: тӯфон ду ҳазор кушта барҷо гузошт

Тӯфони “Данил” дар бахшҳое аз Либия вайронӣ эҷод кардааст. Иттилоот дар мавриди қурбониён мутафовит аст. Мақомоти давлатӣ аз ҳазорон қурбонӣ сӯҳбат мекунанд. Либия шоҳиди яке аз шадидтарин борандгиҳо дар 40 соли гузашта аст. 

Ба гуфтаи мақомоти минтақаи шарқи Либия, ҳадди ақал ду ҳазор нафар дар асари тӯфон ва сел кушта ва ҳазорон нафар дигар нопадид шудаанд. 

Қайс Фахрӣ, раиси Созмони имдодрсонии Ҳилоли Аҳмари Бенғозӣ пеш аз ин вазъиятро “фоҷъабор” тавсиф карда ва аз 150 кушта сухан гуфта буд. Ў эҳтимол дода буд, ки шумори қурбониён ба 250 нафар бирасад. 

Ба гуфтаи манобеъи мухталифи пизишкӣ, даҳҳо нафар номадид шудаанд. 

Тӯфони “Данил” бахшҳое аз чанд шаҳр, аз ҷумла Бинғозӣ, Ал-Бизо, Ал-Амраҷ ва Дарнаро зери об бурдааст. Видеоҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда, ки нишон медиҳанд, мардум ё дар ҳоли фироранд ё бар рӯйи сақфи худравҳои худ мунтазири кумак ҳастанд. 

Ба гуфтаи шӯрои маҳаллӣ, вазъияти Дарна “хориҷ аз контрол” аст. Ду садди ин шаҳр низ фурӯ рехтаанд. 

Сухангӯи як бемористони маҳаллӣ гуфтааст, ки даҳҳо нафар нопадид шудаанд. 

Баландии об то се метр аст 

Гуфта мешавад, ки вазъияти шаҳри Ал-Бизо фоҷиабор аст, барқу интернет қатъ шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, кори имдод ва наҷот бо мушкилӣ мувоҷеҳ шуда зеро баъзе аз шаҳрҳо то ҳадди зиёде зери об рафтаанд ва танҳо аз тариқи чархбол меٰтавон ба аҳолии он ҷо дастрасӣ пайдо кард. Ба гузориши шоҳидони айнӣ, баландии об дар бархе манотиқи соҳилӣ ба се метр расидааст. 

Дар чанд шаҳр вазъият изтирорӣ эълом шуда ва мақомоти интизомӣ рафтуомадро мамнуъ кардаанд. 

Созмони милал гуфт, ки дар ҳоли омодасозии кумакҳои имдодӣ аст. 

Абдулҳамид Дабиба, нахуствазир Либия гуфтааст, ба ҳама мақомоти давлатӣ дастур дода, ки фавран ба хисорот ва сел дар шаҳрҳои шарқӣ расидагӣ кунанд. 

Ба гуфтаи Дабиба, Либия дар ҳоли ҳозир шоҳиди шадидтарин борандгиҳо дар беш аз 40 соли гузашта аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *