Рубрики Хабарҳо

Зилзилаи маргбори Марокаш: афзоиши шумори кушташудагон ба наздики 2700 нафар

Бар асоси гузориши телевизиони давлатии Марокаш шумори кушташудагони зилзила дар ин кишвар ба ду ҳазору 681 нафар афзоиш ёфтааст. Афзоиши ин рақам фақат соате пас аз он буд, ки вазорати кишвари Марокаш шумори кушташудагонро ду ҳазору 497 нафар эълом карда буд. Шумори маҷрӯҳон ҳам бо афзоиши муҷаддад ба рақами ду ҳазору 501 нафар расидааст. 

Ин дар ҳолест, ки амалиёти имдоду наҷот дар манотиқи зилзилазадаи Марокаш идома дорад ва дастрасӣ ба рустоҳое дар манотиқи кӯҳистонӣ бо сахтӣ имконпазир аст. 

Дар бархе манотиқ нерӯҳои имдодӣ бо сахтӣ ва дасти холӣ дар ҳоли талош барои канор задани вайронаҳо ва берун кашидани афрод ва ҷасадҳо аз зери он ҳастанд. Бо гузашти замон умеди зинда ёфтани афрод камтар мешавад. Давлати Марокаш пешниҳоди кумаки бархе кишварҳоро пазируфта, аммо дар бораи бархе дигар сукут кардааст. 

Тасаввур мешавад бисёре аз қурбониён сокинони навоҳии кӯҳистонии мушкилгузар бошанд ва мардуми зилзилазада дар ин манотиқ ба шиддат ниёзманди расидани кумак ҳастанд. 

Гузоришгари БиБиСи аз рустои Тафқоқта, дар устони Алҳуз хабар дода, ки аз 200 сокин ин русто, марги 90 нафар таъйид шудааст ва ҳамчунон теъдоди зиёде нопадид ҳастанд. 

Дар охирин соати рӯзи ҷумъа, 8 сентябр зилзилаи қудратманде ба бузурге 6.8 дар Марокаш рӯй дод. Ин зилзила маргбортарин зилзилаи Марокаш тай 60 соли гузаштааст ва то кунун беш аз 2 ҳазор кушта барҷо гузоштааст. 

Шиддати зилзилаи Марокаш 

Маркази зилзила кӯҳҳои “Атласи бузург” дар 71 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри “Марокаш” буд ва тасаввур мешавад ҳанӯз бисёре аз мардум зер вайронаҳо бошанд. 

Хабарнигори ВВС, ки ба минтақаи кӯҳҳои Атлас эъзом шудааст аз камбуди бензин гузориш медиҳад. Ў гуфтааст, ки онҳо дар масири рустои Виркон дар устони Ҳавз ҳастанд аммо дар роҳ ба сахтӣ бензин пайдо карданд. 

Ӯ дар идомаи гузоришаш мегӯяд, ки мардуми манотиқи зилзилазада ба имконоти аввалияи зиндагӣ ниёз доранд. 

Эъзоми имдодгарон ва кумакҳои чаҳор кишвар пас аз таъйиди Рабат

Давлати Марокаш пешниҳоди кумаки фаврӣ аз чаҳор кишвар Бритониё, Испания, Қатар ва Амороти муттаҳидаи арабиро пазируфта ва нерӯҳои имдодӣ ва корвонҳои кумак аз ин кишварҳо ба Марокаш эъзом шуданд. 

Бритониё 60 нерӯи имдодӣ, чаҳор саги зинда‎ёб ва як тими 4 нафараи пизишкӣ эъзом кардааст. 

Ин имдодгарон муҷаҳҳаз ба васоили калидӣ барои ёфтани афрод дар зери овор аз ҷумла дастгоҳи шунуди ларзиш ва бурриши бетон ҳастанд. 

Испания 86 имдодгар ва 8 саги ҷустуҷӯгар фиристодааст. 

Чанд ҳавопаймои ҳомили кумак ва нерӯҳои имдодӣ ҳам аз кишвари Қатар ба парвоз даромадааст. 

Дархости кумаки кишварҳои дигар аз ҷумла Фаронса ҳанӯз пазируфта нашудааст. 

Катрин Колонна, вазири умури хориҷаи Фаронса таъкид кард, ки ин бастагӣ ба тасмими Марокаш дорад ва ин саволро, ки чаро Марокаш дархости расмиро барои кумак накардааст “ҷанҷоли нобаҷо” тавсиф кард. 

Ӯ гуфт: “мо омода ҳастем ба Марокаш кумак кунем. Ин тасмимгирии мустақили Марокаш аст ва комилан ба тасмими ин кишвар бастагӣ дорад.” 

Давлати Фаронса эъломи омодагӣ карда, ки 5 миллион евро ба созмонҳои кумакрасон дар дохили Марокаш кумак кунад. 

Париж ва Рабат дар солҳои ахир робитаи пуртанише доштанд. 

Агарчи мақомоти фаронсавӣ ҳамвора ҳар гуна ихтилоф миёни ду кишварро рад карданд аммо пости сафири Марокаш дар Париж моҳҳост, ки холӣ аст ва сафари Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ба Рабат чанд бор ба таъхир афтодааст. 

Мақомоти марокашӣ мегӯянд, ки дар ҳоли арзёбии пешниҳодҳои кумак ҳастанд зеро “набудани ҳамоҳангӣ метавонад натиҷаи баръакс дошта бошад”. 

Алҷазоир алорағми қатъи равобит бо Марокаш дар сол 2021, рӯзи шанбе пешниҳод кард осмони худро ба рӯйи парвозҳои инсондӯстона ва пизишкӣ ба мақсади Марокаш боз кунад. Ин кишвар эълом кард, ки омодааст, ки дар сурати таъйиди давлати Марокаш нерӯҳои имдодгар ва кумакҳои худро ирсол кунад. 

Эрон ва Исроил ҳам аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки барои ирсоли кумак эъломи омодагӣ карданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *