«Террористон»ба маҳбаси нав мекӯчанд
Баъди ду моҳ дар шаҳри Ваҳдат сохтмони зиндони навъи ҳуҷравӣ барои маҳкумшудагон ба терроризм ба охир расида, ин иншоот мавриди баҳрабадорӣ қарор мегирад.
Мансурҷон Умаров сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар додааст, “Корҳои сохтмон дар иншоот ҳоло идома дошта, умедворем, ки баъди ду моҳ сохтмон ба итмом мерасад, зеро корҳои асосӣ дар он аллакай ба анҷом расидаас”.
Ба гуфтаи ӯ, маҳбусони Муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт ба зиндони нав гузаронида мешаванд. Тақдири ояндаи зиндони куҳна чӣ мешавад, ҳоло маълум нест.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябр Мансурҷон Умаров дар як форум изҳор дошта буд, ки лоиҳаи сохтмони зиндони нав аз ҷониби мақомоти масъул дар ҳамдастӣ бо мутахассисони пажуҳишгоҳи лоиҳавӣ бо назардошти талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ таҳия шудааст.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 19 муассисаи ислоҳии ҷиноятӣ амал мекунанд, ки 13-тоаш муассисаи ислоҳӣ ва 6-тоаш ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳ доштан мебошад.