Рубрики Хабарҳо

Ҷаҳиши якбораи қурби доллар дар Тоҷикистон

Давоми як шабонарӯзи гузашта қурби доллари нақд нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон бештар аз 5 дарсад боло рафтааст. Дирӯз як доллар 9,18 сомонӣ қимат дошт, аммо ҳоло бонкҳо нархи фурӯши долларро 9,43 сомонӣ муайян кардаанд.

Қурби расмии доллар нисбати сомонӣ, ки Бонки Миллии Тоҷикистон муайян кардааст, 9,17 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора дар сомонаи расмии хабар дода шудааст.

Бонки Миллӣ мегӯяд болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ пеш аз ҳама ба таъодули манфии тиҷорати хориҷӣ (фарқ байни содироту воридот) бачтагӣ дорад, ки дар панқ моҳи гузашта 825 миллион долларро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти ироакардаи Бонки Миллӣ қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 3,8 дарсад поён рафтааст. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад камтар аст.

Поёнравии қурби сомонӣ дар моҳи апрел 0,9% май – 1,3% ва июн – 1,6% ба қайд гирифта шудааст.

Қурби пули нақди сомонӣ нисбати доллар дар шамоҳаи мазкур 4,5 дарсад поён рафтааст. Соли гуҳашта, тибқи иттилои Бонки Миллӣ ин поёнравӣ 11,7 дарсадро ташкил дода буд. Аммо афтиши якбораи қурби пули нақд дар як шабонарӯзи гузашта ин нишондодро ба нишондоди соли гузашта наздик кард.

Замоне, ки ин хабар омода мешуд, иттило расид, ки қурби доллар нисбати сомонӣ дар Хуҷанд 9,56 сомонӣ ва дар Истаравшан 9,61 шудааст.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *