11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дасти гадоӣ сӯи хориҷ, дасти фишору таҳдид ба сари мардум

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо ирсоли номае ба президенти Бонки Осиёи Рушд талаби кӯмаки 364 миллиондолларӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрияш бо “фаъолон”-и Суғд аз чанд нафар ном бурд, ки бо сӯиистифода аз COVID – 19 кисаҳои худро пур кардаанд. 

Додгоҳи олии Амрико Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишварро вазифадор кард санадҳои молиётии худро пешниҳод кунад.

Дар назари аввал ин се хабар ҳеҷ рабте ба ҳамдигар надоранд. Аммо дар асл он баёнгари ҳақиқати дардноке дар Тоҷикистон аст. 

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар як номааш ба Масатсугу Асакава, президенти Бонки Осиёи Рушд аз ӯ талаби кӯмак карда, навиштааст, Тоҷикистон гирифтори як “форс мажор” шуда ва барои ҷилавгирӣ аз таъсири манфии COVID-19 барномае иборат аз ду қисмат таҳия кард, ки барои иҷрои он 364 миллион доллар зарур аст.

Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, қисмати аввали барнома бо ҳазинаи 176 миллиону 500 ҳазор доллар ё 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ барои бахши тандурустӣ ва ҳимояи қишри осебпазири ҷомеа равон шудааст. Қисмати дуввуми барнома 188 миллион доллар ё 1 миллиарду 900 миллион сомонӣ буда, барои таъмини бехатарии озуқаворӣ ва дастгирии соҳибкорон аз ҷумла соҳибкорзанон нигаронида шудааст.

Давлаталӣ Саид навишта Тоҷикистон ба ин маблағҳо сахт эҳтиёҷ дорад, чун кишвар ба камбуди молӣ рӯ ба рӯ аст. Қаблан худи Эмомалӣ Раҳмон як чунин номае ба Сандуқи байналмилалии пул навишта буд. Номаи муовини сарвазир моҳи июн ирсол шуда, аммо ҷузъиёти он тоза расонаӣ шуданд. Имкони зиёд вуҷуд дорад, ки чунин номаҳо ба чанд созмону кишварҳои дигар низ ирсол шудаанд. 

Албатта талаби кӯмак бинобар буҳрони бархоста аз коруно ва худи пандемия, ки бахши тандурустии кишварҳои зиёдеро ба мушкил рӯбарӯ кардааст, чизи наве ва ё хоси Тоҷикистон нест. Кишварҳои зиёде бо дархости кӯмак ба институтҳои молиявии байналмиллалӣ ва иқтисодҳои пешрафта муроҷиъат кардаанд. Аммо инҷо чанд нуктае ҳаст, ки бояд болояш таваҷҷӯҳ шавад. 

Давлатӣ Саид навиштааст, интизор меравад, мизони бекорӣ дар кишвар то поёни сол 6,1 дарсад боло рафта, шумори бекорон ба 100 ҳазор нафар расад. Албатта манзури мақомот аз бекорон онҳое ҳастанд, ки худро расман чун бекор ба қайд мегиранд. 2 миллион муҳоҷири кориро, ки барои дарёфти кор ба Русияву дигар кишварҳо сафар мекунанд, мақомот бекор намеҳисобанд. 6,1 дарсадро муовини сарвазир дар ҳоле зикр мекунад ки то шурӯъи пандемӣ дар бекорӣ дар Тоҷикистон 2 дарсад гуфта мешуд.

Ҳамчунин ӯ дар номааш зикр кардааст рушди иқтисоди Тоҷикистон бинобар пешбинии ҳукумат аз 7,5 дар сад  то ба 2,4 дарсад поин меравад.

Ин иддаъои муовини сарвазир бори дигар ин ҳақиқатро, ки мақомот пайваста ба мардум дурӯғ мегӯянд, собит мекунад: Ҳафтаи гузашта вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳорзода зимни баррасии тағйирот ба қонуни будҷаи 2020 дар порлумон гуфта буд, рушди иқтисод дар соли ҷорӣ 4,7 дарсад хоҳад буд.

Мутаассифона омор ягона дурӯғе нест, ки мақомот ба мардум ироа мекунанд. Қариб ду моҳ, дар ҳоле, ки вируси коруно бо суръат дар кишвар паҳн мешуд, мақомот вуҷуди онро инкор мекарданд. Худи раисҷумҳур бо хонаводааш ва аксари кулли аъзои ҳукумат аз вирус фирор карда дар паноҳгоҳ ё хонаҳояшон пинҳон шуда буданд, аммо расман вуҷуди коруно дар кишварро рад ва онҳоеро, ки аз он хабар медоданд ва фитнаангезӣ муттаҳам менамуданд. 

Ҳукумати Тоҷикистон на танҳо ба мардум дурӯғ мегӯяд, балки дар бархе масоил аслан чизе намегӯяд, дар ҳоле, ки бояд бо тамоми ҷузъиёташ бигӯяд. То кунун Бонки Осиёи Рушд ба Тоҷикистон 50 миллион доллар грант ва ё кумаки билоиваз ва барои дастгирии хонаводаҳои муҳоҷирони дар шароити мушкил қароргирифта 30 миллион доллар ихтисос додааст. Ҳамчунин Сандуқи байналмилали пул 189 миллиону 500 ҳазор доллар қарзи боимтиёз ва Бонки ҷаҳонӣ 11миллиону 300 ҳазор доллар барои мубориза бо COVID-19 ва асари манфии он ба иқтисод ба Тоҷикистон ҷудо карданд. Чанд кишвар, аз ҷумла Чин, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркия, Аморати муттаҳидаи араб ва ғайра кӯмакҳо дар шакли маводи дорувориву ҳифозатӣ ва хӯрокворӣ ирсол намуданд. Аммо мақомоти кишвар ҳатто барои як доллари ин кӯмакҳо ба мардум ҳисобот намедиҳанд ва намегӯянд, ки онҳо куҷо шуданд.

Ҳади ақал бояд аз 30 миллион доллари БОР барои хонаводаҳои муҳочирин, 5 ҳазор тон гандуми Қазоқистон, чанд вагон кӯмаки Ӯзбекситону Чин, ки бояд мустақиман ба дасти мардум мерасиданд, ҳеҷ иттилоъе дода нашудааст. То ҳол ҳатто як мавриди дарёфти кӯмак аз ҷониби хонаводаҳои муҳоҷирин расонаӣ нагардидааст. Албатта бархе мақомот эълон карданд, ки дар 40-шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 100-ҳазор оилаҳои камбизоат кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ (дар як сол 400 сомонӣ, янеъ ҳар 3-моҳ пас 100 сомонӣ) бархӯрдор мешаванд, вале касе то ҳол чизе нагирифтааст ва ин гуна ваъдаҳои мақомот, ки чун ваъда боқӣ мемонанд, ду даҳсола аст, ки садо медиҳад. Ҳамчунин ба як сол тақсим кардани кӯмаке, ки аллакай расидааст, метавонад ба ин хотир бошад, ки онро чун гузориш ба кӯмадиҳанда омода кардаанд ва баъди хомӯш шудани сарусадоҳо кӯмакпулӣ ҳам қатъ мегардад. 

Албатта чанд мавриди расонаишудаи расонидани кӯмакҳо ба мардум ва муассисаҳаои тиббӣ ҳам вуҷуд доранд. Барои мисол тақсими кӯмакҳои байналмиллалӣ аз номи ширкати “Авесто-Гурӯҳ”, мутааллиқ ба Рустами Эмомалӣ, аз номи домоди расиҷумҳур Шамсулло Соҳибов ба мардуми Хатлон ва ғайра. Кӯмакҳои байналмиллаӣ будани онҳоро Паём , аммо ҳатто агар онҳо воқеъан аз ҳисоби хонаводаи раисҷумҳур аст, пас кӯмакҳо куҷо шуданд? Агар онҳо ҳамон кӯмакҳои байналмиллалианд, боқимондааш куҷост?

Дар ҳоле, ки хонаводаи расиҷумҳур тамоми кӯмакҳои расида аз хориҷро азхуд кардааст ва мардумро лоиқи донистани куҷо шудани ҳатто як доллари он намедонад, худи Эмомалӣ Раҳмон чанд “гунаҳкор”-еро пайдо кард, ки “мехостанд бо сӯистифода аз вируси коруно маблағ ба даст оранд”. 

Ӯ дар мулоқот бо “фаъолон”-и Суғд, таъкид кард, ки масъулон бояд хароҷоти мақсадноку суроғавии кумакҳои башардӯстона, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи безараргардониро ҷиддӣ назорат намоянд.

Раисҷумҳур гуфт, санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намудаанд, ки шахсони алоҳида аз вазъи бамиёномада истифода бурда, ба фиреби истеъмолкунандагон даст задаанд.

«Масалан, мудири анбори беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Муминов Н. аз ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” 15 дона либоси махсуси тиббиро ба маблағи 120 сомонӣ харидорӣ намуда, онро беасос ва ғайриқонунӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст”, — изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ афзуд, сокини шаҳри Исфара Пӯлотов С. бошад, дар давоми моҳи майи соли равон бе иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ва бе таъмини шароити дахлдор ба истеҳсоли маҳлули тиббии антисептикӣ машғул гардида, 22 майи соли 2020 ғайриқонунӣ 3200 адад маҳлули антисептикии қалбакӣ омоданамудаашро дар бозори шаҳр ба фурӯш баровардааст.

“Ғайр аз ин, ӯ такроран 23 майи соли равон 2400 адад маҳлули антисептикии ғайриқонунӣ омоданамудаашро ба сокини шаҳри Исфара Ҷӯраев Р. ба маблағи 4320 сомонӣ фурӯхтааст. Нисбат ба номбурда 18 июни соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст”, — илова намуд Раҳмон.

Ба гуфтаи Президент, дар натиҷаи санҷишҳо дар ин самт 45 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. 45 парванда барои онҳое, ки чанд ҳазор сомониро азхуд кардаанд, аммо онҳое, ки миллионҳо долларро дуздидаанд, дар атрофи худи раисҷумҳур қарор доранд. 

Дар ҳамин ҳол дирӯз додгоҳи олии Амрико раисҷумҳури ин кишварро муваззаф кард тамоми асноди молиётиашро пешниҳоди ҷомеъа кунад. Додгоҳи Амрико аз Трамп нахоста дар бораи масрафи буҷаи ин кишвар, пули мардум ва ғайра ҳисобот диҳад, чун дар Амрико ин ҳама ошкор аст ва мардум медонад ҳар тинаш куҷо меравад. Додгоҳ аз Трамп хоста дар бораи молҳои шахсиаш ҳисобот диҳад. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки Трамп то расидан ба мансаби раёсатҷумҳурӣ миллиардер буд ва на танҳо аз буҷа надуздид, чун ин кор дар ИМА ғайриимкон аст, балки аз дороиҳои худаш масраф кард. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, ки то расидан ба қудрат ҳатто як костюми ҳисобӣ надошту барои ширкат дар Сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ онро аз як муаллим ба орият гирифта буд, ҳоло на таҳо худаш, балки писару чанд духтараш ва додарарӯсу қудоҳояш миллиардер шудаанд. Аммо ӯ намехоҳад на танҳо дар бораи дороии худаш, ҳатто дар бораи пули мардум, яъне буҷа ва кӯмакҳои расида аз хориҷ, ки он ҳам барои мардум ирсол шудаанд, ҳисобот диҳад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *