Рустам Холиқов, роҳбари собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва директори пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳабс қарор дошта, нисбаташ бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора “Азия Пюс бо истинод ба Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин ниҳод дар як посухи катбӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кардааст, ки ӯ расман 25-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуда, ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316 қисми 3 банди “в”) ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 245 қисми 4 банди “а”) гумонбар аст.
Моддаи 316 қисми 3 аз 912 то 1825 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як ҳисоб ба 68 сомонӣ баробар аст) ҷарима ва ё аз 5 то 10 сол ва 245 қисми 4 аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Додситонии кул бо такя ба чанд банди қонунгузорӣ аз додани иттилои бештар дар робита ба боздошти роҳбари пешини ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” худдорӣ кардааст.
Дар мактубе бо имзои М. Ғанизода, сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон бо такя ба моддаи 177 қисми 1 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “маълумоти тафтиши пешакиро танҳо бо иҷозати шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ (муфаттиш дар назар аст, — аз идора) ва ба андозае, ки ӯ имконпазир медонад, фош кардан мумкин аст”.
“Бо ин асосҳо пешниҳоди дигар маълумотҳо вобаста ба рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ айни ҳол ғайриимкон мебошад”, — омадааст дар посухи Додситонии кул.
Аз Рустам Холиқов шикоят доред? Ба Додситони кул муроҷиат кунед!
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод, аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват кардааст, ки дар ҳолати мавҷуд будани маълумот нисбати амалҳои ғайриқонунии Рустам Холиқов ба Додистонии кул муроҷиат намоянд
Охири моҳи май, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Рустам Холиқов боздошт гардида, “ба “азхудкунӣ ё исрофи маблағ”, “сохтакорӣ” ва “қаллобӣ” муттаҳам аст”.
Ин расона навишта буд, ки “амволу дороиҳояш низ феълан ба ҳабс гирифта шудааст. Парванда ба замони кораш дар ширкати “Тоҷик Эйр” пайванд дорад”.
Ин бори дуввум аст, ки Рустам Холиқов аз сӯи мақомот боздошт мешавад. Ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ моҳи августи соли 2019 “қабл аз парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда, вале баъдан раҳо шуда буд”.