Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) натавонист салоҳиятҳои дабири кулли ин созмон Томас Гремингера, мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон Ингиберг Солрун Гисладоттир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир ва комиссари олии САҲА дар умури ақалиятҳои миллӣ Ламберто Заннерро тамдид кунад.
Ба зидди тамдиди замони фаъолияти Ҳарлем Дезир Озарбойҷон мухолифат кардааст, ба зидди Гисладоттир – Тоҷикистон ва Туркия. Душанбе аз он норозӣ буд, ки Дафтари ниҳодҳои демократӣ ба анҷуманҳои солонааш дар Варшава намояндагони оппозитсияи тоҷикро роҳ медиҳад.
Душанбе ба ин далел қаблан доманаи фаъолияти намояндагии САҲА дар Тоҷикистонро ҳам маҳдуд карда буд.
Дар натиҷа гуруҳи кишварҳои Ғарб ба роҳбарии Фаронса ва Канада дар посух ба мухолифати Озарбойҷон ва Тоҷмкистону Туркия ба номзадии Гисладоттир ва Дезир ба тамдиди замони раёсати дабири кулли САҲА Томас Гремингер ва комисари ақалиятҳои миллӣ Ламберто Заннер мухолифат карданд.
Ба мақоми дабири кулли САҲА муваққатан сафири Финландия Тууле Юрёля таъйин шудааст. Хонум Юрёля чанд муддат намояндаи САҲА дар Тоҷикистон буд.
Ҳаррлем Дезир алакай рафтанаш аз мақоми намояндаи САҲА дар умури озодии матбуотро бо як паёми хайрбодӣ дар Твиттер тасдиқ кард. Ҳарлем Дезир навиштааст, «Ман мехоҳам ба тамоми вакилон ва журналистони ҷасур, содиқ ба қасби худ ва боистеъдоди ҳомии озодии матбуот, ки дар тӯли се соли охир ҳамроҳашон ифтихори ҳамкориро доштам, изҳори сипос кунам. Ба муборизаатон идома диҳед! Шумо пиллаҳои демократия ҳастед».