Рубрики Хабарҳо

Сӯхтор дар бозори «Деҳқон»

Шаби гузашта дар бозори “Деҳқон”, воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

Ба иттилоъи ВКД Тоҷикистон, оташ зиёда аз 100 метри мураббаъ майдони савдоро фаро гирифтаааст. Дар ин бозор асосан ба таври яклухт сабзавоту мева фурӯхта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор баъди нимашаб, тахминан соати 00:40 дақиқа сар задаааст. Наздики 10 дастаи оташнишонон ба ҷой ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати ним соат сӯхторро хомӯш ва манбаъҳои сар задани онро безарар гардонидаанд.

Ҳеҷ касе аз сӯхтор осеб надида, зиёни расида ба бозор муайян карда мешавад.

Мутахассисони ВКД ба ошкор кардани сабабҳои сар задани сӯхтор машғуланд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои ин сӯхтор гузошта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *