Рубрики Хабарҳо

Ба Нилуфар Раҷабова боз фишор меоранд

Нилуфар Раҷабова, духтари зиндонии сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки 18-уми декабри соли гузашта барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт гардида, бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, аз кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино талаб дорад, телефони мобилияшро баргардонанд, то онро фурухта ҷаримаро супорад.

Дар ин бора худи Нилуфар Раҷабова ба хабаргузории  “Азия-Плюс” хабар дода гуфтааст, ки баъд аз ҳафт моҳ маҷбур шудааст, ин масъаларо боз расонаӣ кунад. Зеро иҷрочиёни қарорҳои додгоҳӣ аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 20-уми июл ба ӯ як санади расмиро фиристода, зимнан тақозо кардаанд, дар муддати 10 рӯз маблағи ҷаримаро бипардозад. Ҳушдор низ додаанд, ки дар ҳолати саркашӣ нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Ба гуфти Нилуфар айни ҳол маблағи кофӣ надорад ва танҳо баъд аз бозпас гирифтану фурӯхтани телефон пули ҷаримаро супорида метавонад.Дар телефони мобилияш якчанд акси ҳуҷҷатҳои тиббии фарзандони бемораш буданд. Аммо бо сабабҳои номаълум кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино то ҳол онро ба ӯ надодаанд.

Ба хабаргузорӣ  кормандони ШКВД-2 дар ноҳияи Сино зимни сӯҳбати телефонӣ гуфтаанд, ки шаҳрванд Нилуфар Раҷабова метавонад бевосита ба ин шуъба ҳозир шуда, маълумоти лозимаро бигирад.

Бино ба иттилои манбаъ Нилуфар раҷабова рӯзи 20-уми июл ба роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии ҶТ ариза навишта, хоҳиш кардааст, ки телефони мобилияш баргардонида шавад. Дар акси ҳол ӯ навиштааст, ки ба мақомоти байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат хоҳад кард.

Нилуфар мегӯяд, вазъи саломатии фарзандонаш хуб нест, зеро онҳо гирифтори бемории “кӯдакони булӯрин” (“хрусталные дети”) мебошанд ва устухонҳои баданашон ҳар сари чанд вақт мешиканад.

Нилуфар ба манбаъи хабар гуфтааст, “Ба судиҷрочиён фаҳмондам, ки нафақаи фарзандони маъюбам 540 сомониро ташкил медиҳад. Ман дар ягон ҷо кор намекунам. Агар ин маблағро ҷарима пардозам, фарзандонам чӣ мехӯранд? Ҷаримаро танҳо дар ҳолате пардохта метавонам, ки телефонамро баргардонанд. Онро фурӯхта, маблағи лозимаро то вақти муқарраршуда месупорам”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *