Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), ки бархе расонаҳо “созмони наздик ба ПМТ”, тарафдорони ҳукумат “ҷузъи ПМТ” ва мухолифони мухолифон “яке аз созмонҳои Кабирӣ” меноманд, ба ҳимоят аз яке аз мунтақидони аслии ПМТ ва ҳамаи созмонҳои мухолиф — Қадам Исматов иқдом кардааст.
Кумита бо пахши баёнияе аз ҷомеаи шаҳрвандии Русияву Тоҷикистон ва тамоми созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар тақозо кардааст, ки ба истирдоди Қадам Исматов роҳ надиҳанд.
Дар баёния гуфта шудааст, “Қадам Исматов, ки дар ҳоли ҳозир шаҳрвандии Русияро дорад, дар рӯзи 20 июли соли ҷорӣ, дар гуфтугӯ бо , гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар талош аст, то шаҳрвандии ӯ дар Русия лағв шавад ва сипас ӯро ба Тоҷикистон истирдод намоянд”.
Ҳамчунин Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи Қадам Исматов, дар гуфтугӯ ба ҳамин расона, зимни таъйиди эҳтимоли истирдоди зерҳимояаш ба Тоҷикистон, гуфтааст, ки “аз соли 2005 Исматов шаҳрванди Русия мебошад ва аз ҳамон сол аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашидааст ва айни ҳол мақомоти Русия талош доранд, то бо тариқи суд шаҳрвандии ӯро бекор ва ба Тоҷикистон истирдодаш кунанд.” Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, “барои зерҳимояаш аз 24 ноябри соли 2016 аз тарафи РВКД Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда бо 6 моддаи қонуни ҷиноятии кишвар гунаҳкор эълон шудааст.” Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки “агар шаҳрвандии Исматов лағв шавад, ӯро дар Тоҷикистон 15-20 соли зиндон ва ҳатто марг интизор аст.”
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар баёнияи худ аз тамоми созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар бахусус Авфи Байналмилал (Amnesty International) ва корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, Саридораи Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) ва низ Парлумони Аврупо, тақозо кардааст, ки бо дахолат дар ин масъала, нагузоранд Қадам Исматов ба Тоҷикистон истирдод шавад.
Қадам Исматов аз мунтақидони сарсахти Паймони милли Тоҷикистон, ҲНИТ ва дигар созмонҳои узви ПМТ буда, зери ҳар навиштае. ки дар он номи ПМТ, раиси он ё яке аз созмонҳои узви он зикр мешавад, бо шиддат интиқод мекунад. Дар аксари маврид навиштаҳои ӯ нофаҳмо буда, маълум нест чӣ мехоҳад.