Шикояти раҳбари КҲФ аз сокинони зарардидаи Хуросон
Рустам Назарзода, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа граждании Тоҷикистон гуфт сокинони зарардидаи Хуросон намехоҳанд дар ҷойҳои ҷудокараи мақомот хона созанд.
Номбурда имрӯз зимни нишасти хабарии Кумита гуфт, баъзе аз сокинони зарардидаи Хуросон ҳануз соли 2009 аз манзилҳояшон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда буданд.
Аммо ба гуфти ӯ, сокинон кумакҳои ҷудошударо гирифтанду дубора ба ҷойҳои худ баргаштанд.
“Ба онҳо барои сохтмони манзилҳои нав дар ҷойҳои бехатар замин ҷудо карда шуд ва онҳо аз ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмак гирифтанд, аммо баъдтар ба хонаҳои садамавӣ баргаштанд»,-гуфт раҳбари Кумита.
Ҷаноби Назарзода гуфт ин масъаларо, ки чаро сокинон дубора ба хонаҳои садамавияшон баргаштанд, бояд ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқ кунад.
Ӯ гуфт, то миёнаҳои моҳи августи соли ҷорӣ хонаҳои нави сокинони зарардида пурра сохта, ба истифода дода мешавад.
Раиси Кумита инчунин гуфт, ки тибқи қарори комиссияи ҳукумат, дар ояндаи наздик боз 59 оила дар ноҳияи Хуросон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешаванд.
Ёдрас мешавем, 14 май дар пайи боришоти зиёд ва омадани сели азим, 67 хонаи сокинони деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Партизани Хуросон хароб шуданд. Зарари умумӣ аз офатҳои табиӣ 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.