Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон теъдоди қурбониёни ҳаводиси табииро дар соли 2020 эълом кард.
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, аз ибтидои соли 2020 то кунун, 178 ҳодисаи табиӣ дар Тоҷикистон рух додааст.
Ба гуфтаи Назарзода, дар 6 моҳи аввали имсол 7 нафар дар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд.
Назарзода гуфт: Аз ин теъдод ду нафар ба иллати резиши баҳман, 4 нафар бар асари бархӯрди санг ва резиши кӯҳ ва як нафар дар асари бархӯрди соиқа кушта шуданд.