Чин нахустин фазопаймои худро роҳии Миррих кард. Ин кишвар пас аз Аморот ба ҷамъи кишварҳое пайваст, ки дар мавриди Миррих ковиш мекунанд. Аморот чанд рӯз пештар фазопаймои “Умед»-ро роҳии Миррих карда буд.
Фазопаймои чинии «Пурсишгари осмон» панҷшанбе 23 июл ба фазо партоб шуд. Маъмурияти ин фазопаймо, ки ҳудуди ҳафт моҳи дигар ба Миррих хоҳад расид, ёфтани нишонаҳое аз вуҷуди об дар ин сайёра ё эҳтимол вуҷуди ҳаёт дар гузаштаҳои дур дар он хоҳад буд.
Чин пас аз талоши номувафақи худ дар сол 2011-и мелодӣ барои партоби фазопаймое ба мақсади Миррих, ҳоло ба ҷамъи кишварҳои пештоз дар таҳқиқоти фазоӣ пайвастааст.
Пеш аз Чин Аморот муттаҳидаи арабӣ бомдоди душанбе, 20 июл нахустин фазопаймои худро ба фазо фиристод то роҳии Миррих шавад. Аморот нахустин кишвари арабӣ аст, ки як маъмурияти пажӯҳиши миёнсаёраиро оғоз кардааст.
Фазопаймои Аморот, ки аз пойгоҳи фазоии Тонгошимо дар Ҷопон ба фазо партоб шуд, қарор аст дар феврали сол 2021 ва ҳамзамон бо панҷоҳумин солгарди бунёнгузории Амороти муттаҳидаи арабӣ ба мадори Миррих расад.
Амрико низ тасмим дорад фазопаймои ҷадиде роҳии Миррих кунад, ки қарор аст рӯйи сатҳи он фуруд ояд. Донишмандон NASA дар маркази фазонавардӣ дар аёлати Флоридо ковишгареро барои партоб аз истгоҳи ҳавоии Кип Конорол омода мекунанд.
Ин ковишгар шабоҳати бисёре ба миррихнаварде дорад, ки тақрибан аз ҳашт соли пеш то кунун дар мавриди Миррих ковиш мекунад. Фазопаймои ҷадиди NASA фановарии фуруди ҷадидтаре дорад ва роёнаҳо ва дурбинҳои он муҷаҳҳазтаранд ва ба андозаи як худрави савории кӯчак аст.
Ин фазопаймо ба абзорҳое муҷаҳҳаз аст, ки метавонад имкони зист рӯйи Миррихро мавриди мутолиа қарор диҳад, аз пӯшиши сатҳи Миррих намунабардорӣ кунад ва ба замин биоварад, аз ҷумла як чархболи бисёр кӯчак, ки болҳои он бо қудрати се ҳазор давр дар дақиқа, тақрибан даҳ баробар сареътар аз болҳои чархболи рӯйи замин мечарханд.
Фазопаймои ҷадиди амрикоӣ додаҳои худро мустақиман аз сатҳи Миррих ҷамъоварӣ мекунад.
Томас Зёрбучн, мудири улуми NASA зимнb табрик ба Аморот барои партоби муваффақиятомези ковишгар «Умед» ба фазо, таъкид карда, ки ду ковишгари аморотӣ ва амрикоӣ, муаллифаҳои зарурии таҳқиқ дар мавриди Миррих ҳастанд. Ў даҳаи пешируро давроне ҳаяҷонангез хонда, ки тамоми дунё ковишгароне ба Миррих хоҳад фиристод, ки як ҳадафи муштаракро думбол мекунанд: по гузоштан рӯй Миррих.
Фуруд рӯйи Миррих душвор аст ва то кунун танҳо Амрико муваффақ шуда фазопаймоеро рӯйи ин сайёра фуруд оварад.