Нахустин гурӯҳ аз ҳоҷиёни тоҷикистонӣ дирӯз ба Ватан бозгаштанд.
Ин хабарро Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи умури дини Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ эълом карда, афзудааст, ин гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои ширкати “Тоҷик эйр” аз шаҳри Мадина ба шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд мунтақил шуданд.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи умури дини Тоҷикистон, имсол 5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон мушарраф ба сафари ҳаҷ шуданд. Аз ин теъдод ду нафар дар Арабистони Саудӣ ҷони худро аз даст доданд ва ҳамон ҷо ба хок супурда шуданд.
Соли гузашта 6 ҳазор тоҷикистонӣ дар маросими ҳаҷ ширкат карданд. Аммо имсол ба иллати гаронии маблағи сафар ва мамониятҳои зиёди мақомот нисбати талабгорони сафари ҳаҷ, теъдоди камтаре озими сарзамини ваҳй шуданд.