Тибқи иттилоъи Сулаймон Талбакзода, муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод, ин ниҳод дар санҷише дуздии 7 миллион сомонӣ музди меҳнати кормандонро дар корхонаҳои давлатӣ ошкор кардааст.
Зимни муҳокимаи иҷрои қонун “Дар бораи буҷаи соли 2022″, ки ҳамин моҳ дар парлумон баргузор шуда, Талбакзода гуфтааст, санҷиши кори муҳосибони 27 корхонаи давлатӣ дар 15 шаҳру ноҳия нишон додааст, ки дар ин ниҳодҳо 7 миллион сомоние, ки барои музди маоши кормандон пешбинӣ шуда буд, “бо роҳи сохтакории асноди муҳосибӣ” аз худ карда шудааст.
Тибқи иттилоъи нашрияи расмии парлумон «Садои мардум», ки натиҷаи ин баҳси парлумониро нашр кардааст, Талбакзода ба вакилони порлумон гуфта, ки ин ҳолат ҳангоми тафтиши шӯъбаҳои Бонки давлатии «Амонатбонк» ошкор шудааст. Гуфтанист, нафақаи шаҳрвандон, маоши кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва пизишкону омӯзгорон тариқи «Амонатбонк» пардохт мешавад.
Як санҷиши дигари Оҷонсии зидди фасод, ба гуфтаи мақомоти ин ниҳод, дар 246 идораву корхонаи давлатӣ беш аз 76 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст. Аз ҳама беш ин зарар, дар ниҳодҳои марбут ба Вазорати маориф, тандурустӣ, фурудгоҳ ва идораҳои барқ сабт шудааст.
Оҷонсӣ шарҳ надодааст, ки ин зарарҳо ба чӣ марбут ҳастанд ва касе барои онҳо ҷавобгар шудааст ё не. Танҳо гуфтааст, ки беш аз 80 дар сади ин маблағҳо ба буҷаи давлат баргардонида шудаанд.
Қаблан мақомот гуфта буданд дар 9 моҳи гузашта 11 мансабдорро барои истифодаи нодурусти маблағҳои давлатӣ аз кор рондааанд. Ба иттилои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ин муддат 242 корманди дигари давлатӣ барои харҷи ғайриҳадафмандонаи пули давлат ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд. Ба гуфтаи намояндаи Палатаи ҳисоб, зимни тафтиши муҳосиботи муассисаву корхонаҳои давлатӣ маълум кардаанд, ки бештар аз 210 миллион сомонӣ ғайриҳадафмандона харҷ шудаанд.