Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо нашри баёнияе аз шурӯъи мавҷи нави боздоштҳо дар Тоҷикистон хабар дода, аз он изҳори нигаронии амиқ кард.
Тибқи иттилоъи ин кумита дар чанд рӯзи гузашта беш аз 30 нафар боздошт шуда, баъзеҳоро баъди бозпурсӣ раҳо ва баъзеи дигарро ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ интиқол додаанд.
Баёнияи КШНГЗС дар бораи мавҷи боздоштҳои ахир ба шакли зер аст:
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) дар камоли таассуф изҳор медорад, ки дар ин рӯзҳо дар Тоҷикистон мавҷи дигаре аз боздоштҳо шурӯъ шудааст. Лозим ба зикр аст, бино бар гузоришҳои расида аз дохили кишвар, то кунун беш аз 30 нафар шаҳрванд аз марду зан боздошт шудаанд, ки номҳои онҳо дар зайл оварда мешаванд. Аз ин теъдод баъзе раҳо ва бисёре ҳам ҳанӯз дар боздоштгоҳ қарор доранд ва баъзеро низ ҳар рӯз даъват карда, мавриди бозпурсӣ ва таҳти фишори шадид қарор медиҳанд.
Гуфтанист, ин мавҷ аз боздоштҳо пас боздошти гурӯҳии чанд моҳи қабл маъруф ба парвандаи “Ихвониҳо” мебошад.Феҳристи боздоштшудаҳои ахир то ба ин лаҳза ба шаҳри зерин аст:
- Ҷалолиддини Маҳмуд, узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ
- Исломиддин Файзалӣ, узви собиқи Раёмати Олии ҲНИТ
- Асрориддин Розиқов, фарзанди зиндонии сиёсӣ Зубайдуллои Розиқ, узви собиқи Раёсати Олии ҲНИТ
- Сайидмуҳаммад Соҳибназаров
- Баҳриддин Қурбонов
- Тоҷиддин Билолов
- Аҳмад Хушмуродов
- Саъдӣ Одинаев
- Фазлиддин Одинаев
- Шаҳруддин Муҳаммадаминов
- Сайидҷамолиддин Соҳибназаров
- Бахтиёр Холов
- Сайидмуҳаммад Ғозӣ ( ба 25 сол зиндон маҳкум шуда )
- Сайидҳасан Ғозӣ
- Сайидяҳё Ғозӣ
- Сайидҳусейн Ғозӣ
- Муҳаммад Ғуломов
- Тазкируддин Оқилов
- Салоҳиддин Нуриддинов
- Исмоил Муҳйиддинов
- Ҳамсари Имомов
- Муҳаммадӣ Ғуломов
- Искандар Мирзомурод
- Мустафо Амруллоҳ
- Муҳйиддин Каримов
- Қурбоналӣ Саттор
- Абдулҷаббор Ҳакимов
- Сайфуллоҳ Ҳусейнов
- Икром Камолов
- Мирзо Ҳалимов
- Нуруллоҳ Бобоев
- Ҳамсари шаҳид Сабзиалӣ
- Ҳамсари Фазлиддин Одина
КШНГЗС зимни маҳкум кардани ин боздоштҳои бедалел, аз ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ ва низ корпусҳои дипломатии дар Тоҷикистон қарор дошта талаб менамояд, ки ба мақомоти тоҷик нисбат ба ин иқдомҳои ғайриинсонӣ ва ғайриқонуниашон ҳушдор диҳанд ва тақоҳзои озодии боздоштшудаҳоро намоянд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
07.08.2020
Варшава, Поланд