Рубрики Хабарҳо

Киҳо метавонанд ба Русия парвоз кунанд? Посухи сафир

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба расонаҳои маҳаллӣ хабар дод, ки зимни таҳияи рӯйхати мусофироне, аз Тоҷикистон ба Русия  парвоз мекунанд, танҳо шаҳрвандии Русияро доштан муҳим набуда, акнун шахсони дорои шаҳрвандии ду кишвар низ ба рӯйхат дохил карда мешаванд. 

Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст,   “дар масъалаи сафар аз Тоҷикистон ба Русия муҳимтар он аст, ки мусофир дар Русия макони доимии зист дошта, онро бояд аз рӯйи ҳуҷҷат исбот карда тавонад, зеро ҳадафи аслии ин парвозҳо баргардонидани русиягиҳо ба хонаҳояшон аст”.

Ба гуфти сафир, барои номнавис шудан ба парвоз шаҳрвандон бояд дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва бахши “Хизматрасониҳои давлатӣ” худро ба қайд гузошта, шакли махсуси электронии сабти пешакӣ ба хатсайрҳои ҳавоӣ ба Русияро пур кунанд. Дастури муфассал оид ба тарзи кор дар портал дар қобили дарёфт аст.

Игор Лякин-Фролов мегӯяд, айни замон вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ба истиснои баъзе категорияҳои махсус дар қарори  ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2020 таҳти рақами  635-р зикршуда, ба қаламрави Русия манъ аст.

“Шахсони дорои Ҳуҷҷати иҷозаи зист, Вид На Жителство дар Русия, иштирокчиёни барномаи кӯчондани ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамсару волидон ва фарзандони русиягиҳо ҳуқуқ доранд, ки ба қаламрави Русия ворид шаванд, лекин дорандагони Иҷозаи зисти муваққатӣ (Разрешение Временное Проживания айни замон наметавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд. Инчунин манъҳои вуруди пештар ҷоришуда нисбати шаҳрвандони ба қонуншиканӣ дастзада амал мекунанд”.

Дар мавриди нархи билетҳо сафир гуфта, ки нархи онҳо дар ширкатҳои ҳавопаймоии Русия қатъиян сабтшуда — 400 евро барои 1 нафар буда, барои кӯдакон камшавии нархҳо пешбинӣ шудааст ва маблағи онро метавон тариқи интернет бо рубл, дар фурудгоҳ рӯзи парвоз бо сомонӣ бо назардошти қурби муобила пардохт намуд.

Ба гуфти Игор Лякин-Фролов “Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон мустақилона нархи билетҳоро муқаррар мекунанд, ки вобаста ба самти парвоз ба Русия маъмулан 380-410 евроро ташкил медиҳад ва маблағ нақдӣ бо пули миллӣ пардохта мешавад”.

Тибқи маълумот то охири моҳи июл аз Тоҷикистон ба Русия 23 парвоз бо хатсайрҳои чартерӣ анҷом гирифта, 3200 нафар ба Русия бурда шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *