Субҳи имрӯз муовини додситони ноҳияи Фирдавсии пойтахт Ислом Анварзода дар ҳолати мастӣ сари чанбараки мошини тамғаи Toyota Land Cruiser 200 бо суръати калон ба мошини боркаши “Камаз” бархӯрд. Дар натиҷаи ин садама сарояндаи маъруф Баҳром Ғафурӣ, ки дар мошини додситон қарор дошт, кушта шуда, худи додситон ва як мусофири дигар захмҳои гуногун бардошта ба беморхона бурда шуданд.
Дар бораи Баҳром Ғафурӣ имрӯз ҳамаи расонаҳо навиштанд, дӯстону наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хислатҳои накӯяш гуфтанд ва мо такрори онҳоро зарур намешуморем. Мавзӯъи мо ҳам ин нест. Худо раҳматаш кунад.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, Ислом Анварзодаи 29 сола писари раиси Корхонаи нассоҷии Тоҷикистон ва раҳбари Анҷумани корхонаҳои саноати сабук Анвар Қурбонов, мулаққаб бо Анвари Калла аст.
Бародари Анвар — Зафар Қурбонов додситони ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ва домоди Нуриддин Раҳмон аст. Ӯ шавҳари духтари сеюми Нуриддин Раҳмон — Бунафша Раҳмонова мебошад.
Умед, писари Нуриддини Раҳмон аст додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ аст ва бо гумони ғолиб ба Ислом, ҷияни язнааш барои то ин вазифа расидан кӯмак кардааст.
Ин суол, ки як мансабдори давлатӣ маблағи Land Cruiser 200-ро, ки беш аз 60 000 доллар қимат дорад аз куҷо пайдо кардааст матраҳ нест. Хоҳанд гуфт падараш тоҷири муваффақ аст ва ба писараш ҳад кардааст. Ҳарчанд ҳама медонанд, ки додситонҳое ҳам, ки падару бародари тоҷир надоранд, ин гуна мошинҳову хонаҳои боҳашаматро соҳибанд. Посухашон ҳам яктост — наздикони тоҷир тӯҳфа кардаанд.
Фарзандони «мутахассис»-и мансабдорон
Суоли чӣ гуна ба муовинати додситони яке аз ноҳияҳои пойтахт расидани ҷавони 29-сола ҳам матраҳ нест. Посухи он ҳам аз ду самт ду хел садо хоҳад дод. Расман хоҳанд гуфт, ки ҷавони таҳсилкардаву боистеъдод ва мутахассиси хуб аст, ки бо кӯшиши худаш ба ин вазифа расидааст. Ин посухро ҳам расонаҳову ҷомеъа садҳо бор шунидаанд, то ҳол ҳеҷ тағйироте ба он илова нашудааст ва ҳама медонанд, ки дар мавриди Анварзода ҳам он такрор хоҳад шуд.
Аммо посухи ғайрирасмӣ ва мардумиаш ҳамон посухи аввали суоли қаблӣ аст — падараш тоҷири муваффақ аст ва амакаш домоди оила. Ба ин посух як нуктаи дигар ҳам илова мешавад — зодаи Кангурт. Чизе, ки дар инҷо ба мардум аён нест, қимати курсии муовинии додситони ноҳияи пойтахт аст.
Шубҳае нест, ки ба зудӣ Кабир «авф» шуда, аз «зиндон» озод мешавад.
Ҳоло бо итминон метавон гуфт, ки барои Ислом Анварзода низ яке аз ҳамин ду сенориё дар роҳ аст: ё ӯро бегуноҳ мебароранд, ё ҳукм мегираду ба “зиндон”-е дар хориҷ сафар мекунад.
Ин мардуми оддӣ аст, ки барои як лайк дар шабака иҷтимоӣ 9,5 сол ё дар меҳмоние бо “террорист”-е ҳамроҳ нишастан 19 сол ҳукм мегирад. Аммо инҳо, ки мардумро ба тақсим кардаанд аз и болоиянд ва барояшон ҳеҷ қонуне амал намекунад.
Ҳоло Расул, Фаромуз ва Кабир дар шаҳрҳои бузургу гаронқимати ҷаҳон бо мошинҳои гаронарзиш сайр мекунанд, вале фарзанди Рустам Сатторов, корманди хоҷагии коммуналии шаҳри Душанбе ва дигар куштагони инҳо азоби гуруснагӣ мекашанд…