Бонки ҷаҳонӣ иттилоъ додааст дар шаш моҳи нахусти имсол мизони интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба далели густариши коронавирус дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қабл 80 дарсад, яъне беш аз як миллиарду 250 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Коҳиши шадиди интиқоли пул аз муҳоҷирони кории тоҷик ва иҷро нашудани бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон ба далели густариши коронавирус таъсири қобили мулоҳизае бар иқтисоди кишвар расондааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи мақомоти Хадамоти давлатии андози Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол иҷрои бахши даромадии буҷети ҳукумат танҳо наздик ба 93 дарсад таъмин шуда, ки ба маънои пардохт нашудани 372 миллион сомонӣ андоз аст.
Таътили корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ ва хадамотӣ ба далели густариши коронавирус дар шаш моҳи нахусти имсол муҷиби коҳиши даромадҳои андозӣ шуда, пардохти маош, дастмузди кормандон ва бознишастагонро бо мушкил рӯбарӯ кардааст.
Аз сӯи дигар беш аз 12 ҳазор нафар соҳибкорон дар шаш моҳи нахусти имсол патенту шаҳодатномаҳои худро ба далелҳои мухталиф бекор кардаанд, ки ин масъала низ муҷиби коҳиши пардохти андоз ва таъмин нашудани бахши даромадии буҷети ҳукумати Тоҷикистон шудааст.